Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“На ҳаммом монду на ошхона, вале кумак накарданд.” Шикояти як сокини Рашт


Акс аз навори корбарон ва мақомот
Акс аз навори корбарон ва мақомот

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон аз фиристодани чӯбу семент ва орду равғану масолеҳи дигар ба зарардидагони заминларза дар минтақаи Рашт хабар медиҳад, баъзе аз сокинон мегӯянд, ки то ҳол кумак нагирифтаанд.

Дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел хонаводаи Қамариддин Одилов зарари калон дид. Ин сокини 64-солаи деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Рашт мегӯяд, ба ҷуз ду хона, биноҳои дигари рӯйи ҳавлӣ вайрон шуданд. "На ҳаммом монд, на ошхона ва на оғил. Ягон чизи обод намонд. Худамон дар кӯҳи баланде ҳастем," – шиква кард ӯ дар наворе рӯзи 24-уми апрел.

Ба иддаои Қамариддин Одилов, ӯ барои гирифтани ёрӣ ба мақомот муроҷиат кард, аммо барояш ягон кумак накарданд: "Раиси деҳа омад, гуфтам, ки аҳвол ҳамин хел. Вай гуфт, ба мо супориш додаанд, ки танҳо ҷойи зистро сабт кунем. Дигар гузашта рафтанд. Ягон кас ба тарафи ман омадагӣ нест."

Мақомот шикояти ин сокини минтақаи Раштро рад мекунанд. Лочинбек Маҳмадов, раиси ҷамоати Ҳиҷборак, ки деҳаи Ҳазорчашма ба ҳудуди он дохил мешавад, рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Қамариддин Одилов дар рӯйхати зарардидаҳое ҳаст, ки манзилашон қисман осеб дидааст.

Бо вуҷуди пурсиши батакрор, раиси ҷамоат мушаххас нагуфт, ки то ин дам ба хонаводаи Одилов чӣ кумак расондаанд. Лочинбек Маҳмадов танҳо ваъда дод, ки ёриҳо бо навбат ба ҳама зарардидагон расонда мешаванд: "Қисман ёрдам мекунанд, тахта ва шифер медиҳанд. Боз хӯрок ва кумаки молӣ мерасонанд... Лекин дар як муддати кӯтоҳ ба ҳамаи инҳо намерасем, бо навбат ба ҳамаашон мерасем."

Аммо Қамариддин Одилов мегӯяд, маъюб ва камбизоат асту баъди заминларза зиндагиаш вазнинтар шуд. Одилов бо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғаш зиндагӣ мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Иддаои як сокини аз зилзила осебдидаи Рашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Рӯзи 13-уми апрел заминларза минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе ва чанд гӯшаи дигари Тоҷикистонро такон дод. Бар асари ин офати табиӣ, як навраси сесола дар ноҳияи Рашт ҷон бохта, 16 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ба иттилои расмӣ, дар пайи заминларза дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.

Мақомот эълон карданд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза ситод ташкил шудааст. Расонаҳои давлатӣ аз ирсоли садҳо тонна кумак ба сокинони зарардидаи минтақаи Рашт гузориш медиҳанд, аммо баъзе аз зарардидаҳо ба мисли Қамариддин Одилов мегӯянд, бо гузашти 11 рӯз аз ҳодиса ёрие дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG