Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаронии нархи гӯшт: "Чорво кам шудааст" ё "гӯштхӯрӣ бештар"?


Бозори "Панҷшанбе". Хуҷанд, 18-уми июни 2024
Бозори "Панҷшанбе". Хуҷанд, 18-уми июни 2024

Дар ду моҳи охир арзиши гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Як килои он дар Душанбе аз 90-95 то 100 сомонист. Дар баъзе аз фурӯшгоҳҳо гӯшти беустухон 110-120 сомонӣ арзиш дорад. Мақомот мегӯянд, талаботи мардум ба гӯшт зиёд шуд. Тоҷирон бовар доранд, саршумори чорво кам гардидааст.

“Эм мекунанд, хӯрок мехаранд”

Мурод Раҷабов сӣ сол боз дар ноҳияи Шаҳринав, наздикии Душанбе, қассоб аст. Мегӯяд, ба ин ҳад гаронии гӯшти чорворо имсол мушоҳида кард. Дар зарфи камтар аз як моҳ нархи маҳсулоти мефурӯхтааш 10 сомонӣ афзуд.

“Дар бозор чорво гарон аст, эм мекунанд, хӯрок мехаранд. Як кило гӯшт ба таври умда то мо 87 сомонӣ меафтад, ба 90 сомонӣ мефурӯшем,” – нақл кард ӯ.

Дар бозорҳои молфурӯшӣ тасдиқ карданд, ки аз иди Қурбон ба баъд раванди болоравии нархи чорво шуруъ шуд. Муҳаммадрасул Дӯстматов, тоҷири чорво дар бозори Чептураи Шаҳринав, рӯзи 19-уми сентябр гуфт: “Имрӯз як говро бо арзиши 14 ҳазору 500 сомонӣ ва дуи дигарро якҷоя ба 27 ҳазор сомонӣ харидам. Пеш аз ид мешуд ба 13 ҳазор сомонӣ ва аз он камтар гирифт. Деҳқонҳо мегӯянд, мол камчин шудааст, барои ҳамин қимат.”

Раҳмонхӯҷа Одинаев, нигаҳбони молбозор, ки ҳамарӯза шоҳиди харидуфурӯши чорво аст, бо тоҷирон ҳамназар аст: “Мисол, дарзаи сахтбастаи алаф гарон шудааст. Кунҷорааш қимат. Ҳамин хел гӯшт қимат шуда истодааст. Боз мегӯянд, касалии гов ҳаст. Гов ҳам кам шудааст.”

Дар баъзе аз бозорҳо барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ярмаркаҳои ҳамешагӣ аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ташкил шудааст, ки як кило гӯштро 60 сомонӣ мефурӯшанд.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, сабаби болоравии арзиши гӯштро дар кам шудани саршумори чорво маънидод кард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро дар Тоҷикистон нархи гӯшт боло рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

“Ҳама дар ошхонаҳо маърака мегузаронад”

Раҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти хабарии як моҳ пеш гуфтанд, камшавии саршумори чорво вуҷуд надорад, балки сабаб дар афзоиши нархи хӯроки чорво аст, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

“Ҳозир чи хеле, ки ба ҳама маълум аст, афзоиши аҳолӣ низ зиёд шуда истодааст. Гуштхӯрӣ беҳад зиёд шудааст. Шумо худатон нағз медонед, ки ошхонаҳо бисёр шудагӣ аст. Ҳама дар ошхонаҳо рафта маъракаҳо мегузаронанд. Ҳатто наҳориашонро дар ошхонаҳо карда истодаанд”, -- гуфт Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ.

Сарфи назар аз посухҳои зиду нақизи мансабдорони тоҷик дар мавриди сабабҳои боло рафтани арзиши гӯшт, ба назар мерасад, ки мушкили норасоии маҳсулот дар кишвар ҷиддист. Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз бештар боло рафтани нарх ва камчинии гӯшт дар бозорҳо бо Қазоқистон барои ворид кардани 110 тонна гӯшт созишнома бастааст. 16 тоннаи он дар моҳи сентябр ворид шуд.

Чанде пештар Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид аз боло рафтани арзиши гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон низ хабар дод. Ин ниҳоди байнулмилалӣ дар гузоришаш оварда, ки нархи гӯшти гов дар чанде аз бозорҳои кишвар дар муқоиса ба як моҳи гузашта 13 ва як сол пеш 27 дарсад афзудааст. Тибқи иттилои расмӣ, солона ба ҳар як сокини кишвар 47 кило гӯшти чорво рост меояд.

XS
SM
MD
LG