Намояндагони ҳифзи муҳити зист дар Кӯлоб мегӯянд, ки дар ин минтақа соли гузашта ду нафарро барои ғайриқонунии ҷамъоварии шираи камол боздошт ва нисбаташон аз сӯи мақомоти умури дохилӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба додгоҳи ноҳияи Данғара ирсол шудааст. Аз ин ду нафар яке аз онҳо шаҳрванди Афғонистон будааст.
Дар моҳи августи соли 2015 масъулони идораи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб аз мавзеи Хушкнакдораи ҷамоати деҳоти Сангтӯда Саид Муҳаммад Раҳматуллоҳ шаҳрванди Афғонистонро бо Эраҷи Эмомёр, сокини деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғараро барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол боздошт карданд.
Баҳодур Бобоев, масъули ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар замоне боздошт шуданд, ки аллакай 400 бех шираи камолро бурида буданд. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, нисбати ин ду нафар бо моддаи 77-78-и Қонуни ҳифзи муҳити зист парванда боз шуд ва зарари расонидашуда дар ҳаҷми 31371 сомонӣ ҳисоб шуд ва ба додгоҳ ирсол гардид. Ӯ мегӯяд, нисбати ин ду нафар аз сӯи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара низ бо моддаи 234, нишони 1, қисми 2 бандҳои «б», «д» парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд.
Баҳодур Бобоев афзуд, ки «дар моҳи август ҷамъоварии шираи камол аз сӯи нафароне, ки квота доштанд, ба итмом расида буд, аммо ҳангоми гузаронидани рейд, ин ду нафар - яке шаҳрванди Афғонистон дигари шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Онҳо 400 бех шираи камолро аллакай бурида буданд. Мо низ инро дида, ба додгоҳ пешниҳод кардем.»
Боздошти шаҳрвандони афғону тоҷик дар кӯҳҳои ноҳияи Данғара дар ҳолест, ки имсол барои ҷамъоварии шираи камол дар кишвар ба ду ширкат - "Минфар" ва "Фароз" квота дода шуда буд, ки дар маҷмӯъ 160 тонна шираи камол ҷамъоварӣ карданд. Аз ин миқдор 100 тоннаи онро ширкати “Минфар” ҷамъоварӣ намуда ва 60 тоннаи дигарашро ширкати “Фароз” ҷамъоварӣ кардааст. Дар пайи ҷудо шудани квота барои ҷамъоварии шираи камол, дар кӯҳҳои Фархор шаҳрвандони афғон ба ҷамъоварии он машғул буданд.
Зимнан, моҳи моҳи май низ Додгоҳи ноҳияи Шӯрообод 8 шаҳрванди Афғонистонро, ки барои ширкатҳои покистонӣ дар ҳудуди ин ноҳия шираи ров -- як навъ гиёҳи шифобахш ҷамъоварӣ мекарданд, барои 5.5 соли равонаи зиндон кард. Ин 8 шаҳрванди Афғонистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи "Саломалейк"-и Шӯрообод аз ҷониби марзбонон боздошт гардида буданд.
Ба гуфтаи масъулони додгоҳи ноҳияи Шӯрообод, маҳкумшудагон сокинони деҳаи Анҷергии вулусволии Нахиоби вилояти Тахори Афғонистон буда, дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштанд, ки ба хотири пешбурди зиндагиашон ба марзшиканӣ ва ҷамъовари ғайриқонунии шираи камол даст задаанд.
Зимнан, шираи камол гиёҳи нодирест, ки аз он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозимаи инсон дору омода мекунанд. Инчунин, ба гуфтаи пизишкон, дар аксар доруҳои бедардкунанда, таркиби шираи камол мавҷуд аст.
Шираи камоли Тоҷикистонро бештар ширкатҳои тавлиди доруи Ҳиндустон харидорӣ менамоянд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол, ҷамъовариву фурӯши шираи онро дар соли 2013 манъ кард, вале баъдан онро маҳдудан ва танҳо барои ширкати “Фароз” иҷоза дод.
Ин навъи гиёҳи нодир то соли 2013 озодона аз Тоҷикистон содирот мешуд, вале бо як амри президенти кишвар фурӯши он ба хориҷи кишвар дар шакли хом комилан мамнӯъ дониста шуд.