Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтанд, арзиши истеҳсоли як кило пахта 6 сомониву 70 дирам аст ва ширкатҳо бояд бо ҳамин нарх аз деҳқонон пахта бигиранд. Аммо нархи имрӯза байни 4 то 5 сомонӣ мегардад.
Ҷамъоварии пахта дар ҷануби Тоҷикистон аз нимаи моҳи август оғоз шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд акнун ба чидани пахта сар мекунанд.
Барои ҳар кило пахта ба Эраҷҷон Тағойбеков, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 4 сомонӣ медиҳанд. Тағойбеков мегӯяд, маҷбур аст бо ҳамин нарх дастранҷи худро фурӯшад, чун барояшон иҷоза намедиҳанд, ки мустақилона пахтаро аз ноҳия берун баранд.
"Дар сари роҳ нозирони БДА шабонарӯзӣ дар навбат меистанд. Онҳо назорат мекунанд, ки хоҷагиҳо пахтаро танҳо ба корхонаи пахтатозакунии ноҳия супоранд. Ин корхона як тонна пахтаро ба 4 ҳазор сомонӣ мехарад. Дар ноҳияи ҳамсоя омодаанд як тонна пахтаро ба 4,5 ҳазор сомонӣ харанд. Аммо кормандони милиса намегузоранд, ки мо пахтаро ба онҷо бурда фурӯшем ва каме ҳам бошад фоида бинем", -- иброз дошт Тағойбеков.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, намедонад дастури манъи аз ҳудуди ноҳия берун барвардани пахтаро кӣ додааст ва моликону сарпарастони корхонаи пахтатозакунӣ кистанд. Аммо яқин барояш ин аст, ки имсол бо ин нарх аз заҳмати парвариши пахта фоида нахоҳад дид.
"Барои ҷуфту кишт ва хариди нуриҳои минералӣ ва ғунучини пахта 3,5 – 3,8 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Бар замми ин бояд андози замин супорам", -- гуфт ӯ.
Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то ҳол шарҳ надодаанд, ки чаро намегузоранд кишоварзон маҳсулоти худро ба ноҳияи ҳамсоя баранд.
Тағойбеков танҳо кишоварзе нест, ки чунин шикоят дорад. Ҳадди ақал панҷ нафар аз пунбапарварон дар Хатлон рӯзи 4-уми сентябр айни чунин шикоятро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баён доштанд.
Лашкарӣ Мирзоев, кишоварз аз вилояти Хатлон, ки низ ба парвариши пахта машғул аст, мегӯяд, дар ноҳияи Восеъ ширкати "Водии зарин" пахтаро мехарад ва нархро 4 сомониву 30 дирам муайян кардааст. Ин кишоварзи ботаҷриба гуфт, соли гузашта ширкати Ҷунтайи Чин бо нархи хеле беҳтар – аз 5 сомониву 80 дирам то 6 сомонӣ пахтаи деҳқононро мехарид.
Аммо имсол аз чиниҳо дараке нест ва танҳо ширкатҳои маҳаллӣ дар бозор фаъоланд.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, нархи хариди пахта дар ноҳияҳо аз ҳам фарқ мекунад. Кишоварзон аз Ҷайҳун (Қумсангир) гуфтанд, ки дар ин ноҳия танҳо ширкате бо номи "Судайс" пахтаро мехарад ва як килои онро 4 сомониву 50 дирам муқаррар кардааст.
Дар миёни ноҳияҳои Хатлон пахта танҳо дар ноҳияи Шаҳритус нисбатан бо нархи баландтар харидорӣ мешудааст.
Мағфират Сайраҳмонова, раиси хоҷагии деҳқонӣ аз ҷамоати Қадриддин Ғиёсови Шаҳритус мегӯяд, кулли ҳосили пахтаро дар ин ноҳия ширкати "Исмоили Сомонӣ - асри XXI" бо нархи 5 сомонӣ мехарад.
"Албатта, ин нарх назар ба солҳои пеш кам аст, аммо ба фарқ аз ноҳияҳои дигар баландтар аст", -- гуфт Сайраҳмонова.
Дар ҳоле ки корхонаҳои коркарди пахта нархи ҳар кило пахтаро 4-5 сомонӣ таъйин кардаанд, Фарухиддин Набиев, сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ гуфт, ин ниҳод баъд аз таҳлилҳо нархи як кило пахтаро 6 сомониву 70 дирам муқаррар намуд.
Аммо ин мақоми Вазорати кишоварзӣ эътироф мекунад, барои боло бурдани нархи пахта дасташон кӯтоҳ аст.
"Мо нархи пахтаро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудем. Корхонаҳои пахтатозакунӣ тобеи мо нестанд ва мо ҳақ надорем, ки ба онҳо дастур бидиҳем, бо кадом нарх пахтаро харанд", -- гуфт ӯ.
Арзонӣ аз ҳисоби Ливерпул?
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои пахтатозакунӣ мегӯянд, нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷумла биржаи Ливерпул нисбат ба соле пеш арзон шудааст ва далели поин рафтани арзиши он дар Тоҷикистон низ ҳамин аст.
Абдулло Ҷумъаев, роҳбари корхонаи пахтатозакунии “С. Исоев” аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мегӯяд, "мо ба нархи пахта дар биржаи Ливерпул нигоҳ мекунем. Ҳоло нархи як фунт (як фунт баробари 453 грам) пахта 70 сенти амрикоӣ аст. Соли гузашта нархи он 92 сент буд, бубинед нарх то чӣ ҳад поён рафтааст. Мо риск карда пахтаро мехарем, чунки нарх аз ин ҳам арзон шавад, метавонем зарар бинем."
Ҷумъаев гуфт, онҳо пас аз коркард пахтаро ба "Исмоили Cомонӣ - асри XXI" месупоранд ва ин ширкат ба навбати худ онро ба хориҷа содирот мекунад.
Рӯзи 5-уми сентябри соли 2019 нархи як фунт пахта дар биржаи Ливерпул 69,20 сенти амрикоӣ буд. Агар нархи пахтаро бо кило ҳисоб кунем, беш аз 14 сомонӣ мешавад. Аммо ширкатҳо аз деҳқони тоҷик ҳамагӣ ба қимати 4-5 сомонӣ пахта мехаранд.
Дар вилояти Хатлон аксарияти ҳосили пахтаи хоҷагиҳои деҳқониро ширкатҳои "Исмоили Сомонӣ асри XXI", "Водии зарин" ва "Судайс" мехаранд. Аммо миёнашон рақобати зиёд мушоҳида намешавад ва нархе, ки онҳо пешниҳод мекунанд, аз якдигар чандон фарқ надорад.
Вазъиятеро, ки ба вуҷуд омадааст, коршиносон хеле ташвишовар медонанд ва мегӯянд, агар ширкатҳои содироткунандаи пахта нархро андаке набардоранд, деҳқонон имсол зиён мебинанд ва эҳтимол солҳои оянда аз парвариши ин ашёи муҳими саноатӣ даст кашанд.
Коршинос Раҳматулло Бобомуродов, ки дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи зиёд дорад, гуфт, нархи пасти пахта дар ҷумҳурӣ имсол нигаронакунанда аст.
"Ҳоло нархи пахта дар байни ноҳияҳо 40-50 дирам фарқ мекунад, аммо ин ба дарди деҳқон даво намешавад. Бубинед, нархи як литр солярка 8 сомонӣ, як халта нурии минералӣ 200 сомонӣ, 50 дирам ҳаққи чидани пахта барои ҳар кило. Дар охир хоҷагиҳо андоз аз даромад ва бар сари ҳар нафар коргари кирокарда андоз месупоранд", -- изҳор дошт ӯ.
Ба ҳисоби коршинос, агар нархи ҳар кило пахта 5,80-6 сомонӣ набошад, деҳқонон зарар мебинанд.
Ин коршинос мегӯяд, мақомот бояд талаботи кишварро ба ҳар навъи зироат ва сабзавот аз пеш муайян кунанд, то ки деҳқонон бо назардошти он кишт кунанд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, кишоварзон нархи маҳсулоти соли гузаштаро нигоҳ карда, зироат мекоранд ва дар натиҷаи зиёд шудани маҳсулот нархи он поён меравад ва онҳо боз ҳам зарар мебинанд.
Пахта яке ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори хориҷӣ ба кишвар аст. Мувофиқи пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо имсол дар Тоҷикистон бояд 400 ҳазор тонна пахта бояд истеҳсол шавад.