Пулиси Латвия як гуруҳи иборат аз чор нафарро боздошт кард, ки дар дуздии пахтаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Том Садовскис, намояндаи пулиси Латвия, 26 сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин гуруҳи чорнафарӣ барои аз худ намудани 9 миллион евро пахтаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
“Ин афрод дар шаҳрҳои Ригаву Юрмала боздошт шудаанд, ки як нафарашон марди 49-сола ва дигаре зани 44-сола расман гумонбар дониста шуда, дар боздоштгоҳ қарор доранд. Дуи дигар бо имзои санади берун нарафтан аз маҳалли зисташон озод шудаанд, аммо таҳти назорати пулисанд”,-шарҳ дод Садовсикс. Ба қавли ин намояндаи пулиси Латвия, охири моҳи майи соли равон аз сӯи ширкати “Реверс” дар мавриди ғайб задани нахи пахтаи содиркардааш аризаи шикоятӣ дарёфт карда буд. Аммо Садовскис мегӯяд, пулис танҳо ҳоло муваффақ шуд, то ки чанд гумонбарро пайдо кунад.
Дар феҳрасти ширкатҳои Тоҷикистон, ки онро Кумитаи андоз таҳия мекунад, ширкате бо номи “Реверс” сабти ном нашудааст. Ҷаноби Садовскис афзуд, ҳарчанд ин ширкат ба содироти пахтаи Тоҷикистон машғул аст, аммо ширкати офшориест, ки дар ҷазираҳои Панама сабти ном шудааст. Дар ҳамин ҳол, роҳбари пулиси ҷиноии шаҳри Рига Андрей Гришин мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон аз гум шудани 8 ҳазор тонна нахи пахта дар яке аз анборҳои бандарии Латвия ба пулис шикоят карда буд. Ба гуфтаи Гришин, масъалаи мазкур ҳатто зимни мулоқоти раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Латвия Эмомалӣ Раҳмон ва Андрис Берзинш дар Душанбе матраҳ шуд ва президент Раҳмон аз ҳамтои латвиагиаш хоста буд, ба ин қазия расидагӣ кунад.
“Ҷинояте, ки дар ҳудуди Литва дар робита бо пахтае, ки тақрибан 13 миллион евро арзиш дорад, чанд сол пеш содир шудааст. Баъд аз як ҳафтаи ворид шудани ариза дар бораи гум шудани ашёи хом ба пулис мо парвандаи ҷиноӣ боз кардем. Ин ҷинояти мураккаби иҷтисодӣ аст, аммо имконияти боз шудани он вуҷуд дорад”,-гуфт ӯ.
Агарчӣ ширкати “Реверс” дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст, аммо матраҳ шудани мушкили як ширкат дар сатҳи раҳбарони ду кишвар аз он аломат медиҳад, ки ин ширкат дар сатҳҳои болои ҳукумат пуштибонҳои қавӣ дорад. Дар зимн, бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ширкатҳо ва тоҷирони алоҳидаи пахта аз Тоҷикистон барои бемамониат интиқол додани борашон аз қаламрави Узбакистон мекӯшанд, онро ба номи шаҳрвандони кишварҳои дигар сабт кунанд.
Табаралӣ Ғаниев -- доктори улуми иқтисод ва мушовири тиҷорӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Бархе аз ширкатҳо ва тоҷирони Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ба номи шаҳрванди хориҷӣ бори худро сабти ном кунанд, то аз қаламрави ҳамсоякишвар бидуни мушкил убур кунанд. Аммо шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла Латвия дар бархе аз мавридҳо аз боварии тоҷирони тоҷик сӯистифода карда метавонанд борро аз худ кунанд. Аммо ҳамаи ин масъалаҳо дар шартномаҳои байни тоҷирон ва ё байни ширкатҳо бояд дарҷ шуда бошад.”
Тоҷикистон дар соли гузашта 372 ҳазор тонна пахта истеҳсол кард, ки аз он танҳо 10 дарсадаш дар дохили кившар коркард ва боқимондаи он ба хориҷ содир карда мешавад. Нархи нахи пахта нахуст дар Биржаи моливу ашёи хоми Тоҷикистон нархгузорӣ ва аз он андоз ситонида мешавад ва танҳо баъдан ширкатҳо ҳаққи содироти он ба хориҷи кишварро пайдо мекунанд. Ҳоло нархи як тонна нахи пахта дар биржаи молии Маскав 1943 доллар аст.