Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КОВИД-19 таҳсили довталабони тоҷик дар хориҷро зери суол бурд


Маркази миллии тестии Тоҷикистон мӯҳлати сабти номи довталабони муассисаҳои таълимии кишварро аз 16-уми апрел то охири моҳи ҷорӣ тамдид кардааст. Яке аз сабабҳои ин амр, фароҳам кардани шароити донишҷӯ шудан барои довталабоне будааст, ки мехостанд дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кунанд, вале хуруҷи бемории COVID 19 дар ҷаҳон ин орзуи онҳоро иҷроношуданӣ кардааст.

Беҳрӯз Ҳабибов, хонандаи синфи ёздаҳи мактаби миёнаи рақами 45 аз ноҳияи Варзоб тӯли солҳои ахир орзуи таҳсил дар хориҷ аз Тоҷикистонро дошт. Аммо, хуруҷи бемории COVID 19 монеи амалӣ гаштани ин орзуяш шуд. То лаҳзаҳои ахир вай умед дошт, ки шиддати хуруҷи ин беморӣ суст мешаваду марзҳои кишварҳо боз ва ин ҷавони деҳотӣ имкон меёбад дар яке аз донишгоҳҳои кишвари хориҷӣ таҳсил кунад.

16-уми апрел бо Беҳрӯз Ҳабибов дар маркази сабти номи довталабон дар шаҳри Душанбе вохӯрдем. Ҳарчанд, мӯҳлати муқарраршудаи сабти номи довталабон ду рӯз қабл сипарӣ шудааст, аммо роҳбарияти ин марказ замони сабти номи дjвталабонро то охири моҳи ҷорӣ тамдид кард.

Беҳрӯз Ҳабибов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хеле мехост дар кишвари хориҷӣ таҳсил кунад ва тӯли чанд соли ахир ба ин омодагӣ мегирифт, аммо, ин беморӣ тамоми нақшаҳои ӯро барбод дод. "Ҳоло тақрибан ҳамаи кишварҳо марзҳояшонро бастаанд. Ҳоло мехоҳам ҳуҷҷатҳоямро ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон супорам ва дар ҳамин ҷо таҳсил бикунам ва бо фароҳам шудани шароит боз ба хориҷи Тоҷикистон барои таҳсил биравам"-афзуд Беҳрӯз.

Довталабоне ба мисли Беҳрӯз имрӯзҳо дар марказҳои сабти номи алоқамандони таҳсил дар донишгоҳҳои олии кишвар андак нестанд. Бархе аз довталабон мехоҳанд интихоби донишгоҳи худро иваз кунанд ё ҳамзамон орзуи дохил шуданд ба чанд муассисаи олиро доранду мушаххасоти худ дар ҳуҷҷатҳо барои дохилшавиро тағйир медиҳанд.

Шодиниё Абдулбосит, ёвари мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи солҳои охир аз он далолат медиҳад, ки маҳз дар рӯзҳои охири мӯҳлати сабти ном теъдоди довталабон бамаротиб афзоиш меёбад. Вай дар посух ба ин савол, ки чӣ омиле сабаб шудааст, ки имсол замони сабти ном тамдид ёфтааст, гуфт:

"Муроҷиатҳои довталабон нишон дод, ки на ҳама аз алоқамандони идомаи таҳсил дар макотиби олӣ тавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро то 15-уми апрел дар марказ сабти ном кунанд. Як нуктаи муҳим ин аст, ки теъдоди зиёди довталабон орзуи таҳсил дар хориҷи кишварро доштанд. Аммо, ба далели хуруҷи бемории коронавирус ҳамакнун наметавонанд ин орзуи худро амалӣ созанд. Мо хостем, ки барои ин гурӯҳи довталабон низ шароит фароҳам оварем, ки тавонанд дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил бикунанд".

Қаблан, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҳудуди сӣ ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Агар қисме аз онҳо тибқи саҳмия ё квотаҳои байниҳукуматӣ дар он ҷо таҳсил мекарда бошанд, қисми зиёди дигар довталабона ва бо пардохти арзиши таҳсил дар он кишварҳо донишомӯз меомӯзанд.

Вале ба гуфтаи соҳибназарон, дар ҳоле, ки кишварҳои хориҷӣ марзҳояшонро барои хориҷиҳо баставу аз Тоҷикистон парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ қатъ шудааст, соли ҷорӣ ба эҳтимоли зиёд ҳеҷ яке аз тоҷикистониёни довталаби таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ, чунин имкониятро нахоҳад дошт.

Соли ҷорӣ нақшаи қабули довталабон ба мактабаҳои оливу миёнаи касбии Тоҷикистон як каме бештар аз 80 ҳазор нафар муқаррар шудааст. То рӯзи 14-уми апрел 87 ҳазор нафар дар Маркази миллии тестӣ ба сифати довталаб сабти ном шудаанд.

Ҳоло ихтисосҳои серхаридор гурӯҳи ихтисосҳои тиб, биология, варзиш, филология, педагогика ва санъат ба шумор меравад, ки ба онҳо аз 13 то 40 дарсад бештар аз нақша довталабон ҳуҷҷат супоридаанд. Аммо, теъдоди довталабоне, ки ба гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия сабти ном шудаанд, танҳо ҳудуди то 80 дарсади нақша будааст.

Ба гуфтаи масъулони Маркази миллии тестӣ, ҳарчанд ҳар шахс дар интихоби касби ояндаи худ соҳибихтиёр аст, аммо орзуи дарёфти маоши баланд ва шароити беҳтари зиндагӣ дар оянда, онҳоро ба шуғли ҳуқуқшиносиву пизишкӣ бештар шавқманд месозад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG