Додгоҳи олии Тоҷикистон бозбинии парвандаи қатли чандин чеҳраҳои саршиноси тоҷик дар солҳои 1990-умро шурӯъ кардаст. Ҳамакнун мақомот мегӯянд, ки қотилони воқеии Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ ва дигаронро пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Гумонбарони содир кардани ин ҷиноят соле пеш дар як мустанади вазорати умури дохилӣ намоиш дода шуданд, ки ба дурбини видео тафсилоти ин кушторҳо ва исми фармоишгарон – генерал Абдуҳалим Назарзода ва давлати Эронро ба забон бурданд.
Ҳуқуқдонҳо ин қатлҳоро сиёсӣ унвон карда мегӯянд, ки аз даҳҳо парвандаи қатли чеҳраҳои саршинос, танҳо ду ё се парванда ба додгоҳ ирсол ва ҳукми гунаҳкорон эълон шудааст.
Баёноте, ки августи порсол аз забони Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов садо дод, суолҳоеро дар заминаи воқеӣ будани ин ҳама эътирофҳо эҷод кард. Вале бо сабаби набуди имкони санҷиши мустақилонаи ин ҳарфҳо ва ҳам имкони сӯҳбат бо гумонбарон, ки дар замони боздошт ин эътирофҳоро кардаанд, тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо имкон надорад.
Рӯзи 6-уми апрел як мақом дар Додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши қазияи марги чеҳраҳои саршинос ба анҷом расид ва парванда унвонии Додгоҳи олӣ ирсол шуд. Ба гуфтаи манбаъ, тафтиши қазияи мазкурро додситонии низомӣ бар ӯҳда дошт ва дар ниҳоят "парванда бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ кардан ба Суди олӣ ирсол карда шуд."
Ҳамин манбаъ гуфт, ки дар курсии айбдорӣ се нафар –шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои ҷанги дохилӣ дар узвияти нирӯҳои мухолифин буданд - Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов - мебошанд.
Дар бораи ошкор шудани кушторҳои шахсиятҳои барҷастаи Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд. Дар филми мустанаде, ки аз ҷониби ВКД таҳия шуд, се нафар иқрор мекарданд, ки гӯё қатлҳои пурсарусадои солҳои навадуму дуҳазорум кори дасти онҳо мебошад.
Тағоймурод Ашрапов, Абдуқодир Абдуллоев ва Саймуҳриддин Қудратов гуфта буданд, ки онҳо ва аъзои дигари гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дастури қатли Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон ва ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Русияро аз Назарзода гирифтаанд ва гӯё сармоягузории ин қатлҳоро Эрон ба дӯш дорад.
Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф - ба ҳам задани обрӯи ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Абдуҳалим Назарзода, ки то 4 сентябри соли 2015 муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон буд, аз назари мақомоти тоҷик - масъули талоши табаддулоти давлатӣ дар сентябри соли 2015 будааст. Назарзода 16 сентябр дар пайи амалиёте 12-рӯзаи низомӣ кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки маблағгузории ин ошӯбро ҲНИТ ба ӯҳда дорад. Чизе, ки худи ҳизби сиёсӣ ва тарафдоронаш комилан бепояву асос меноманд.
Дар ҳамин ҳол дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳокимаи парвандаи қатли чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон тоза шурӯъ шудааст. Ба қавли масъулини Додгоҳи олӣ, муҷримон дар доираи қонун ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
"Танҳо тақозо кардам, ки муҷримон ҷазои сазовор гиранд"
Додгоҳи олӣ дар ҳоле ба баррасии парвандаи қатли шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон шуруъ кардааст, ки наздикони баъзе аз кушташудаҳо мегӯянд, онҳоро ба мурофиаи судӣ даъват кардаанд. Аз ҷумла Хосият Кенҷаева, духтари Сафаралӣ Кенҷаев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар яке аз мурофиаҳо дар Додгоҳи олӣ ӯ низ иштирок дошт.
Ба қавли хонум Кенҷаева, ӯ дар додгоҳ тақозо кард, ки муттаҳамон дар доираи қонун ҷазо гиранд."Дигар ҳоло даъват накардаанд. Ман танҳо хостам, ки онҳо дар доираи қонун ҷазои сазовор гиранд."
"Парванде, ки Эронро ба сарпарастӣ муттаҳам мекард"
Парвандаи қатли чеҳраҳои барҷастаи Тоҷикистон аз пурсарусадтарин қазияи соли гузашта дар Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик дар қатли Кенҷаев, Латифӣ ва дигар шахсиятҳои шинохтаи тоҷик Эронро муттаҳам карданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шаби 8-уми август дар филми мустанадаш Эронро дар сармоягузории қатли рӯшанфикрони чандин чеҳраи саршиноси тоҷик, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои олӣ ва ҳудуди бист афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар солҳои навадум муттаҳам карда буд. Вазорат иддао кард, ки ин қатлҳо бо сармояи Эрон ва бо дастури Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи "Ҳоҷӣ Ҳалим" сурат гирифтааст.
Дар пайи нашри ин мустанад, сафорати Эрон дар Тоҷикистон иддаоҳои матраҳшуда дар ин филми вазорати умури дохилии Тоҷикистонро рад кард ва гуфт аз нашри чунин филм "мутааcсиф" аст. Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ шоми 9-уми август гуфт, "иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад."
Ин иттиҳом замоне садо дод, ки равобити Тоҷикистон бо Эрон ба сардӣ гароид. Дар пайи моҷарои марбут ба нопадидшавии пулҳои соҳибкори зиндонии эронӣ Бобаки Занҷонӣ, дар Тоҷикистон даҳҳо ширкату корхонаи тиҷоратӣ, аз ҷумла созмони Имдоди Хумайнӣ баста шуданд.
Давоми ҳашт моҳи баъди пахши мустанади ВКД хешовандони боздошшудаҳо ва ҳамчунин вакилони дифои онҳо барои матбуот дастрас набуданд. То ҳол маълум нест, ки онҳо дар бораи гунаҳкор донистани наздиконаш ба кушторҳои пурсарусадо чӣ назар доранд.
Қатли чеҳраҳои саршиноси тоҷик дар солҳои ҷанги дохилӣ
Дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон даҳҳо чеҳраи саршиноси кишвар мавриди террор қарор гирифта буданд, ки миёни онҳо журналист Муродулло Шерализода, овозхон Кароматуллоҳи Қурбон, муовини нахуствазир Моёншо Назаршоев, додситони кулл Нурулло Ҳувайдуллоев, раҳбари Академияи илмҳ о Муҳаммад Осимӣ, раиси Донишгоҳи тиббӣ Юсуф Исҳоқӣ, раҳбари клиникаи асабшиносӣ Минхоҷ Ғуломов, узви Комиссияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ, раиси телевизиони давлатӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ, хабарнигори ОРТ Виктор Никулин, журналисти Би-би-сӣ Муҳиддин Олимпур, вазири фарҳанг Абдураҳим Раҳимов ва шахсиятҳои дигари шинохта буданд.
Ҳуқуқдонҳо ин қатлҳоро сиёсӣ унвон карда мегӯянд, ки аз даҳҳо парвандаи қатли чеҳраҳои саршинос, танҳо ду ё се парванда ба додгоҳ ирсол ва ҳукми гунаҳкорон эълон шудааст.