Тамрини 1500 нерӯи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ рӯзи 18 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб" ва тамрингоҳи "Лоҳур" дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Хабарнигори Озодӣ аз маҳалли баргузории тамринҳо гуфт, ки ба ҷуз аз нерӯҳои Арманистон намояндагони кишварҳои дигар ҳозир шудаанд.
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ, дар оғози тамринҳо иштирок карда ва баргузории машқҳои якҷояро дар шароити, ба қавли ӯ, тағйирпазири ҷаҳон муҳим хонд.
"Созмон ба хотири роҳандозии мақсади ягона ташкил шудааст. Таъмини якпорчагии кишварҳои мо. Қадамҳои сиёсии якҷояи мо низ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳамин самт равона шудааст. Ҳама чорабиниҳои махсусе, ки мо барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайри қонунӣ, фазои бехатарии иттилоотӣ ва мубориза бо терроризм ба он равона шудаанд. Ин кофӣ аст. Аммо ҳолат сол аз сол бад мешавад. Ташкилотҳои терорристӣ хусусияти байналмилалӣ касб мекунанд, роҳ ба сарчашмаҳои молӣ пайдо мекунанд. Дорои конҳои бузурги нафтианд, ки ба ин восита гурӯҳҳои худро маблағгузорӣ мекунанд ва сафи гурӯҳҳояшонро зиёд мекунанд. Вобаста ба ин таваҷҷуҳи асосӣ дар СПАД ба ташаккул додани нерӯҳои низомии муштарак равона мегардад. - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ гуфт, ҳамкории афзалиятноки кишварҳои узв дар самти низомӣ дар доираи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамеша мавқеи хос дорад. "Новобаста аз он ки мо аз кадом кишвар намояндагӣ мекунем, таҳдидҳои замони имрӯз дар назди мо мақсадҳои ягона мегузорад, ин ҳам бошад, таъмини бехатарӣ, якапорчагӣ ва арзишҳои марзии мо. - афзуд вазири тоҷик.
Дар ин тамринҳо 1500 сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доранд. Ин тамринҳо бо номи "Ҷустуҷӯ 2016" то 22 апрел идома хоҳанд кард.
Ин тамрин бо мақсади беҳбуди низоми ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди иттилои иктишофии артишҳои кишварҳои узви СПАД анҷом дода мешавад.
Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, шоми 17 апрел вориди Душанбе шуд ва бино ба иттилои як манбаъ дар Вазорати дифоъ, дар ҷараёни ин сафараш бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ мулоқот хоҳад кард. Ба қавли манбаъ, вазъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз мавзуъҳои аслии суҳбати Николай Бордюжа бо мақомҳои тоҷик аст.
Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПАД-ро тарк кард.