Дар содир кардани ин ҷинояти мудҳиш се ноболиғи аз 9 то 15-сола гумонбар дониста мешаванд. Онҳо мавриди бозпурсии мақомоти тафтишотӣ қарор гирифтаанд, вале боздошт нашудаанд. Пурсиши асосие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мардум дар ин бора мечархад ба ангезаҳои амали онҳо рабт дорад. Бархе тахмин мезананд, ки наврасон ҷабру зулмро аз филмҳои хориҷӣ ва бозиҳои компютерӣ омӯхтаанд.
"Осияро кӣ оташ зад?"
Дар ҳақиқат рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми июн дар ҳудуди Боғи миллии ноҳияи Сино чӣ рух дод? Чӣ гуна Осияи шашсола аз сӯи се ноболиғи дигар оташ зада шуд? Хабарнигорони Радиои Озодӣ талош карданд ба ин пурсишҳо посух ёбанд.
Рӯзи 24-уми июн, ки ба ҷамоати Чоряккорон рафтем, ҳама аз оташ задани Осияи шашсола суҳбат мекарданд. Дар мактаби №67 бо вуҷуди таътил будан, аксари муаллимон сари кор буданд. Онҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бовар надоранд, ки шогирдони онҳо даст ба чунин амале зада бошанд.
Шарофат Насриддинова, муаллимаи ин мактаб, ки шогирди 9-солааш дар ин ҷиноят муттаҳам аст, мегӯяд, шогирдаш бачаи боодоб буд. Насриддинова афзуд, шогирдаш ба онҳо гуфтааст, ин корро на ӯ, балки як навраси 15-сола бо номи У. кардааст. Ба гуфтаи ин муаллима, гӯё ин наврас шогирдони онҳоро бо саг тарс дода, онҳоро ҳамроҳи худ бурдааст.
Замира Нурова, муаллимаи дигари ин мактаб ҳам мегӯяд, шогирди 10-солаи ӯ даст ба чунин амал назадааст ва танҳо аз тарс ҳамроҳи У.О. рафтааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, се-чаҳор моҳ аст, ки У.О. ҳамаи бошандагони мактабро бо сагҳояш азият медиҳад.
"Рӯзе, ки ҳамин бача дар мактаб пайдо мешуд, навбатдор меистод, кӯдаконро намегузоштем ба танаффус бароянд. Ҳатто китобҳои бачаҳоро гирифта медаронад. Бо сагҳо кӯдаконро метарсонад. На девонагиш маълум аст на ҳушёриаш",- гуфт Замира Нурова.
Ба таъкиди ин муаллимаи мактаб, У.О., сокини ҷамоати Чоряккорон аст, аммо дар мактаб-интернате дар шаҳри Ҳисор таҳсил мекунад.
"Мо накардем, аз тарс бо Умед рафта будем"
Ба ҷуз У.О. исми ду нафари дигари муттаҳам дар оташ задани Осияи шашсола дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст. Аммо бо далели хеле хурд будани онҳо Радиои Озодӣ аз зикри ному насаби аниқи онҳо худдорӣ мекунад.
Бо ин ҳама ин наврасон дар ин ҳодиса худро гунаҳкор намедонанд. Ҳардуи ин наврасон дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 19-уми июн замоне, ки аз лагери назди мактаб берун мешуданд, У.О. онҳоро бо саг тарс дода, ба ҷойи ҳодиса бурд.
Ба гуфтаи яке аз ин наврасон, У.О. гӯё ба онҳо гуфтааст, ки як кори бад кардааст ва агар онҳо ӯро ҳамроҳӣ накунанд, гуноҳашро ба сари бачаҳо мезанад.
Аммо дар нақли ин ду наврас як фарқияти аслӣ дида мешавад. Яке аз онҳо мегӯяд, замоне ба ҷойи ҳодиса расиданд, ки Осия аллакай дар оташ месӯхт ва онҳо ӯро халос кардаанд. Аммо дуввумӣ мегӯяд, У.О. вақте онҳоро ба ҷойи ҳодиса бурд, аллакай Осия дида намешуд ва танҳо каме хокистар боқӣ монда буд. Ҳардуи ин наврасон аз оилаи камбизоат будаанд.
"Зиндагиам вазнин аст"
Муаллимони мактаби № 67 ва ду навраси муттаҳам дар оташ задани Осия У.О. -ро дар ин кор айбдор мекунанд. У.О., ба гуфтаи муаллимони мактаб, ҳамроҳи модараш дар ҷамоати Чоряккорон зиндагӣ мекунад. Падари У. солҳо пеш аз модараш ҷудо шудааст.
Рӯзи 24-уми июн, ки ба манзили У.О. рафтем ва ӯро дар хона танҳо ёфтем. Ӯ бо дандоншӯ дандонҳои ду сагро тоза мекард. Ба суолҳои мо ва муаллимони мактаб, ки моро ҳамроҳӣ мекарданд, У.О. посух надод. Ҳатто таҳдид кард, ки агар аз хона наравем, сагҳоро тарафи мо таҳрик медиҳад.
Хабарнигор: Чаро духтарро оташ задӣ?
У.О.: "Савол нате"
У.О. бо модараш Гулдаста Очилдиева дар ин хона мезист. Гулдаста Очилдиева дар шаҳри Душанбе гулшинонӣ мекунанд. Ӯ қаблан ба нашрияи "Фараж" гуфтааст, як фарзандаш дар Русия аст ва бо дувумӣ зиндагии сахте доранд. Ба гуфтаи Очилдиева, писари ӯ дар синфи 8-и мактаб интернати шаҳри Ҳисор мехонад ва дар хурдӣ дар сараш осеби сахт дидааст.
"Тамоман гапро намефаҳмад. Кораш фақат сагбозӣ аст. Бо ҷӯрааш тирезаву сандуқҳоро шикаста, чизу чораро хонаро бурда фурӯхтааст. Ба масъулини ноҳияи Рӯдакӣ чанд бор муроҷиат карда, ҳоҳиш кардам, ки ӯро аз духтур гузаронида, ба муассисаҳои кӯдакони душвортарбия ҷой диҳанд, вале масъулин ин корро накарданд ва гуфтанд, ки ҷой надорем, бигзор дар хамон интернати Ҳисор хонад. Корд гирифта, худамро чанд бор таҳдид ба куштан кард. Бо табақ ба баногӯшам. Қариб гӯшам канда мешуд. Дуздӣ мекунад. Ҳамсояҳо ҳам аз ӯ шикоят мекунанд. Намедонам, чӣ кор кунам. Рӯз ба рӯз аҳвол бадтар мешавад",-гуфт модари Очилдиев.
Чандин сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, У.О.-ро доимо ҳамроҳ бо чанд саг мебинанд. Бархе сокинони ин маҳал ба саломатии ӯ ҳам шубҳа доранд. Аммо масъулини шифохонаи ҷамоати Чоряккорон мегӯянд, ӯ солим аст ва дар рӯйхати беморони равонӣ низ қарор надорад.
Шариф Исмоилов, табиби ин шифохона дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳи пеш сагҳо У.-ро сахт газиданд ва ӯ чанд муддат табобат гирифт. Аммо Исмоилов афзуд, ба наздикони ин наврас борҳо фаҳмондаанд, ки аз сагҳо ӯро дур нигоҳ доранд.
"Дод мезанад, ки сӯхтам"
Осияи хурдсол феълан дар шифохонаи № 3-и шаҳри Душанбе зери назорати ҷиддии табибон қарор дорад. Ба гуфтаи табибон, 65 дарсади бадани Осия сӯхтааст. Наздикони ин кӯдак мегӯянд, ӯ ахиран ба ҳуш омада, ҳодисаи ба сараш омадаро нақл кард. Фотима Зулфонова, бибии Осия ба Радиои Озодӣ гуфт, наберааш гуфтааст, рӯзи ҳодиса аз кӯча мегузашт, ки се наврас ӯро боздоштанд.
Бибии Осия гуфт, наберааш аниқ гуфтааст, ки се наврас ӯро баста, гирдаш алаф ҷамъ кардаанд ва пасон оташ задаанд. Ба нақл аз Осия, бибиаш афзуд, ҳатто бо саг ӯро тарсондаанд, ки хомӯш истад.
"Оташ мезаданд ва бачаҳо мегурезанд. Оташ то эзорчаш баромада, ришта сӯхтаст. Дар ин вақт риштаи пояш кушода мешавад, тарафи хонаи амакаш меравад, дод мезанад, ки сӯхтам. Бурда оташашро хомуш мекунанд",-гуфт Фотима Зулфонова.
Бибии Осия мегӯяд, вазъи саломатии наберааш ҳарчанд беҳтар шудааст, аммо ҳамчунон вахим боқӣ мемонад. Фотима Зулфонова афзуд, нафароне, ки Осияро оташ заданд, аз деҳаи онҳо набуданд ва намедонад, ки ҳадафашон аз ин кор чӣ буд.
Бо нақл аз чанд манбаъ маълум мешавад, ки нафароне, ки Осияи хурдсолро оташ задаанд, бо худ саг доштаанд. Осия синни ин наврасонро ба чанд писарони амаконаш муқоиса кардааст. Бибии Осия мегӯяд, наберагонаш, ки Осия онҳоро ба ҳамлаварон муқоиса кард, 9 ва 15-сола ҳастанд. Ин наврасон дар воқеъ У.О. ва ду хонандаи синфи 3 ва 4-и мактаби №67-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд ё не бояд тафтишот муайян кунад.
"Шояд модарашро дар пешаш бастанд"
Равоншиносон мегӯянд, агар дар воқеъ ин се ноболиғ ба чунин амале даст зада бошанд, пас ҷойи нигаронии амиқ аст. Шамъигул Аминова, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ин гурӯҳи кӯдакон бештар аз бархӯрдҳои оилавӣ осеб дида, тавозуни равониашонро гум мекунанд.
Ба таъкиди хонум Аминова, "кӯдаконе, ки зулмро дар воқеият мебинанд, инро ҳамчун чизи маъмулӣ қабул мекунанд. Шояд модарашро дар девор баста бошанд, ки ин корро дидааст".
Қазияи оташ задани Осияро феълан Додситонии ноҳияи Сино таҳқиқ дорад. Мақомот ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот дар ин бора чизе намегӯянд.
Бо ин ҳама қазияи Осия Зулфонова паҳлуҳои норӯшани зиёде дорад. Аммо он чизе, ки маълум аст, як тифли шашсолаи тоҷик бо бадани сӯхта рӯйи бистари беморӣ барои зинда мондан мубориза мебарад.