Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби зиёда аз 180 хонаи нимасохт ва пойдеворҳо дар Чимтеппа


Вайрон кардани хонаҳои нимасохт дар Чимтеппа
Вайрон кардани хонаҳои нимасохт дар Чимтеппа

Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ ва Агентии зидди фасод зиёда аз 180 пойдевор ва хонаро дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ вайрон карданд.

Маҳаллаи Чимтеппа дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир буда, гуфта мешавад, сокинони ин мавзеъ бидуни ҳеҷ гуна ҳуҷҷатгузорӣ ва худсарона хона ё пойдевори хонаҳои худро сохтаанд. Мақомоти ноҳия бо амри Агентии зиддӣ фасод 14 ва 15-уми декабри соли ҷорӣ 180 хона ва пойдеворҳое, ки барои бино кардани хона сохта буданд тахриб карданд.

Ба гуфтаи сокининон, онҳо заминҳои наздиҳавлигиро харида, ваъда гирифтанд, ки танҳо пас аз анҷоми сохтмон хонаҳояшон ҳуҷҷатгузорӣ мешаванд. Аммо ҳанӯз бештари онҳо сохтмони хонаҳои худро ба анҷом нарасонида, мақомот бо далели он, ки гӯё заминҳо ғайриқонунӣ ва бидуни ҳеҷ амр фурӯхта шуданд, ба истиснои иддае аз хонаҳое, ки соҳибонашон истиқомат мекунанд дигар ҳамаро тахриб карданд. Ба хусус он хонаҳоеро, ки танҳо пойдевораш сохта шудаасту халос.

Сафия Азизова, сокини маҳаллаи Чимтеппа, 16-уми декабр дар макони хонаҳои тахрибшуда ба Радиои Озодӣ гуфт, ин заминро шавҳараш аз шахсе харидааст, ки вай ӯро намешиносад. Ба нақли Сафия Азизова, замини наздиҳавлигияш 2 сотих буда, ҳангоми харидорӣ ба онҳо гуфтаанд, ки танҳо пас аз анҷоми сохтмони хона ҳуҷҷатҳои лозимаро ба онҳо медиҳанд. Чун ин замин як ҳуҷҷат доштааст. Ҳоли ҳозир бошад онҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро дар даст надоранд. Вай мегӯяд: “Бо семичкафурӯшӣ дар ҳамин ҷо ду сотих заминро харидем омада ғамамон дода истодаанд. 5 фарзанд дорам, ки ду нафарашон маҷруҳанд. Хайр чӣ кор кунем.”

Вайрон кардани хонаҳои нимасохт дар Чимтеппа
Вайрон кардани хонаҳои нимасохт дар Чимтеппа

Сокинони ин маҳалла мегӯянд пас аз он, ки хонаҳояшонро тахриб карданд, онҳо тасмим доштанд ба назди дастгоҳи раисиҷумҳур раванд. Аммо полис ва масъулони ҳукумати ноҳия монеъ шуда, ваъда додаанд, ки то фасли гармо онҳоро аз хонаҳояшон берун нахоҳанд кард.

Мамлакат Муродова, сокини дигари маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, набояд хонаҳои ин маҳал тахриб мешуданд. Зеро амри президент аст, ки вақте боми хона гузошта шуд, набояд он тахриб карда шавад. Ба нақли хонум Муродова, бештари сокинони ин макон нафароне ҳастанд , ки дар бозори Корвон донаи офтобпараст савдо мекунанд ва ё тиҷорати хурд доранд. Азбаски заминҳои ин макон гарон набуданд онҳо аз ин ҷо қитъа хариданд. Қарор буд то 20-уми декабр ҳуҷҷатҳои моликият ба заминроо барояшон медоданд: “Ин заминро аз бонк қарз карда гирифтем. Маблағи зиёд сарф кардем. Мақомот бояд фикри мардумро ҳам кунанд. Пеш аз чаппа кардан бояд мардумро огоҳ мекарданд. Як мепурсиданд, ки чӣ гап аст. Аммо ин корро накарданд. Бе ягон огоҳӣ омада ба чаппа кардани хонаҳо сар карданд.”

Хонум Муродова меафзояд, бидуни огоҳӣ вайрон кардани хонаҳо боиси беморӣ ва афсурдагии чанд нафар гардид. Аммо ҳангоме мо аз сокининон ҳуҷҷати хонаҳояшонро мепурсидем мегуфтанд, ки ин замин ба як одам тааллуқ дорад. Бо ин далел ҳоли ҳозир як ҳуҷҷати умумӣ аст, ки он дар дасти соҳибмулк аст. Сокинони маҳаллаи Чимтеппа иддао доранд, ки мақомоти зидахл ҳамеша интизор мешаванд ва танҳо пас аз анҷоми сохтмони хонаҳо даст ба амал мезананд. То анҷоми сохтмони хонаҳо касе чизе намегӯяд. Мардумро огоҳ намекунанд, ки сохтмон накунанд.

Мақомоти ноҳия тасдиқ мекунад, ки ин макон ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, аммо мегӯянд 101, 87 гектар замин на барои сохтмони манзил, балки барои ҶДММ “Масолеҳи ғайримаъданӣ” 17-уми майи соли 2013 сертификатсия шудааст. Ҳукумати ноҳия ин замини санглохро барои корхона ҷудо карда буд, аммо раҳбарони корхона онро барои сохтмони манзил ба шахсони алоҳида фурӯхтаанд.

Нуриддин Муллоҷонов, мудири бахши меъмории ноҳияи Рӯдакӣ чоршанбеи 17-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо хонаҳоро не, балки пойдевори он хонаҳоеро вайрон карданд, ки ҳанӯз сохтмонашон анҷом нашудааст. Ҷаноби Муллоҷонов ҳамчунин гуфт, ин амал бо амри Агентии зиддӣ фасод содир шуда, қабл аз чаппа кардани манзилҳо мардумро се бор огоҳ карда буданд. Ба ҳама сокинон гуфта буданд, ки сохтмон накунанд. Аммо онҳо бо гумони он ки пас аз сохтмони манзил дигар хонаҳояшон чапа карда намешавад худсарона хона сохтаанд. Ҳамчунин ин

Вайрон кардани хонаҳои нимасохт дар Чимтеппа
Вайрон кардани хонаҳои нимасохт дар Чимтеппа

заминҳо дар соҳили дарё ҷойгир аст, ки дар фасли баҳор то як метр оби дарё боло шуда, сел мезанад. Аз ҳоло агар ҳукумати ноҳия ё дигар мақомот пеши роҳи инро нагирад дар сурати омадани сел мардум боз ҳам ба ҳукумат омада даъво мекунанд. Вай мегӯяд: “17-уми апрели ҳамин сол ба раиси ин корхона, Баҳром Назаров, мактуб карда будем, ки ба он ҳам нигоҳ накарда, худсарона хона сохтанд. Соҳибмулк 14-16 гектар заминро ғайримақсаднок истифода карда, манзили истиқомати сохта шудааст. Баъдан агар ҳамон заминҳо барои сохтмон ҷавобгӯ мешид ҳукумати ноҳия бар асоси муроҷиати мардум қарор қабул карда, аз рӯй стандарт иҷозаи сохтмонро медод. Мардум пеш аз хонасозӣ муроҷиат накарданд. Аз рӯй нақшаи генералӣ бояд он ҷо ҷой бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва роҳ аз рӯй стандарт ҷудо мешуд. ”

Масъулони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, ҳоли ҳозир Баҳром Назаров бо шарикаш дар боздошт буда, дар сурати муроҷиати шаҳрвандон зарари онҳо ҷуброн карда мешавад. Як масъули додситонии ноҳия бидуни овардани номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноӣ 238, яъне ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва моддаи 247 қаллобӣ алайҳи 4 нафар парванда боз шудааст, ки ду нафари дигар ҳанӯз озоданд.

Ин корманди додситонии ноҳия гуфт, ҶДММ “Масолеҳи ғайримаъданӣ” дар боздошт буда, дар суратҳисобаш маблағи кофӣ дорад, ки зарари 185 хонаводаро ҷуброн кунад. Аммо худи сокинон аз даъво болои раҳбари ин корхона Баҳром Назаров ва шариконаш худдорӣ карда истодаанд.

Масъулони додситонии ноҳия мегӯянд, дар бештари маворид худи мардум гунаҳкоранд, ки дидаву дониста заминро харидорӣ мекунанд: “Мардум одат карданд, ки пас аз сохтмони хона мақомот ҳатман ба онҳо гузашт мекунад. Дар ин ҷо одамон умуман ҳуҷҷат надоранд. Аммо хонаҳое, ки қаблан тахриб шуда буданд, ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ доштанд. Мақомот чандин нафаронро зиндонӣ кард, аммо боз ҳам ибрат намешавад. Дар ин ҷо гурӯҳи калон аст, ки якеашро боздошт мекуни дигараш ҳатман кори ӯро давом медиҳад.”

Муовини раиси ноҳия, Шӯҳрат Раҳимов низ гуфт: “Як гурӯҳи нафароне ҳастанд, ки ба бовари мардум даромада, пули онҳоро мегирад ва мегӯяд ту сохтмонатро идома деҳ ва мо худамон ҳуҷҷатҳоятро омода мекунем. Мардум ҳам дигар ба онҳо бовар мекунанд.”

Дар Тоҷикистон чанд сол ба ин сӯй хонаҳое ,ки “худсарона” сохта мешаванд, аз ҷоиниб мақомот тахриб мешаванд. Ба хусус дар ноҳияи Рӯдакӣ ин амал қариб ҳар сол дида мешавад. Ба суоли “нафароне, ки ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мекунанд ё мӯҳр мемонанд чаро муҷозот намешавад? Ҳамеша мардум зарар мебинанд?” масъулони додситонии ин ноҳия посух доданд, ки онҳо дар робита ба ин амал даҳҳо нафаронро зиндонӣ кардаанд, аммо боз ҳам ин кор идома дорад.

XS
SM
MD
LG