Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 26 май дар сомонааш хабар дод, ки 38 корманди ба синни бознишастагӣ расидаашро бо баргузории як ҷаласаи тантанавӣ ба нафақа гусел кардааст.
Дар хабари расмии Оҷонсӣ омадааст, ки ин афрод, ки “мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ҷиҳати иҷрои талаботи банди 25 Протаколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел кардани хизматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд” аз идомаи хидмат дар ин ниҳод маоф шудаанд.
Бино ба ин манбаъ, мудири Оҷонсии зиддифасод генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ ба ин 38 корманди собиқадор “барои содиқона хизмат кардан дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, ба эшон барои хизматҳои шоён, дарозмуддат ва бенуқсон, тарбияи мутахассисони ҷавон ва саҳми босазо гузоштан дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлат бо мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуданд.”
Як намояндаи Оҷонсии зиддифасод рӯзи 27 май ба Озодӣ гуфт, як ҳадаф ҷавонсозии кадрҳо дар ин ниҳод аст: “Мудири Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ, ки худаш ҷавон аст, айни ҳамин кор – ҷавонсозии кадрҳоро дар Хадамоти гумрук анҷом дод. Дар Оҷонсӣ низ ӯ бештар ба ҷалби чунин кадрҳои ҷавон такя хоҳад кард.”
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 10 январи соли 2007 таъсис ёфтааст. Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар 5 соли аввали фаъолияташ (2007-2012) 4465 ҷинояти марбут ба фасод ба маблағи 514,8 миллион сомонӣ зарари расондашуда ба хазинаи давлатро ошкор карда ва 251,2 миллион сомонӣ аз ин маблағҳоро ба давлат баргардондааст. Дар ин 5 соли аввали кор ин Оҷонсӣ, бино ба гузориши худаш, алайҳи 1826 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришва парвандаҳои ҷиноӣ кушода ва аз ин шумор 447 парвандаро ба додгоҳ супурдааст.
Аммо мунтақидон мегӯянд, Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар инак, 8 сол аз оғози фаъолияташ бештар ба шикори “моҳича”-ҳои хурди дарёи бузурги фасоди ин кишвар маҳдуд шудааст ва “наҳанг”-ҳои бузурги ин дарё, бо шумули мансабдорони баландпоя ва наздикони онҳоро кор намегирад.
Раҳбарии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро аз рӯзи таъсисаш дар таърихи 10 январи соли 2007 то моҳи июни соли 2009 Шерхон Салимзода (ҳоло – раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон) ва аз соли 2009 то соли ҷорӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб бар ӯҳда дошт.
Аммо дар моҳи марти соли 2015 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон писари 27-солааш Рустами Эмомалиро, ки беш аз як сол боз раҳбарии Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба ҷои Абдулфаттоҳи Ғоиб раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин кард.
Як моҳ аз ин пеш Эмомалӣ Раҳмон баъди интиқодаш аз фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ, аз ҷумлаи Оҷонсии зиддифасод тамоми муовинони мудири ин Оҷонсиро иваз карда буд. Абдулфаттоҳи Ғоиб билофосила баъди тарки мақом ба ҷои Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд.