Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зодаи Тоҷикистон ва як узбекистонӣ ба "қасди куштор"-и вакили рус айбдор шудаанд


Дарвозаи як додгоҳи Русия
Дарвозаи як додгоҳи Русия

Додгоҳи вилояти Самараи Русия қарори ҳабси ду зодаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбекистонро бо гумони қасди куштори вакили Думаи Давлатӣ ва ронандааш содир кардааст.

Додгоҳ рӯзи 20-уми июл гуфтааст, ки боздоштшудаҳо Михаил Матвеев, вакили Думаи Давлатӣ аз Самараро дар сараш задаанд ва дасти ронандаашро шикастаанд.

Михаил Матвеевро як вакили моҷароҷӯ медонанд, ки бо баёнияҳои шадидлаҳни зидди муҳоҷирон шуҳрат дорад.

Саҳифаи додгоҳи Самара дар телеграм навиштааст, як зодаи Тоҷикистон Артур Богиров 16 ва дигаре, Некрӯз Боҳиров 19-сола ва шаҳрванди Русия ҳастанд. Мурод Мусоров, шаҳрванди боздоштшудаи Узбекистон 19-сол доштааст.

Онҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд ва қасди куштори касеро надоштаанд.

Ҳодиса рӯзи 18-уми июл рух додааст.

Дар аввал нисбат ба онҳо бо гумони “авбошӣ” парванда боз карданд, вале бо тақозои Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия онро ба “қасди куштор” иваз карданд.

Александр Бастрикин борҳо зидди муҳоҷирони меҳнатӣ назар додааст.

Боздоштшудаҳоро ба он айбдор кардаанд, ки гуё “гурӯҳӣ қасди куштори чанд нафареро доштаанд, ки вазифаи шаҳрвандиашонро иҷро мекарданд.”

Маъмулан, коршиносон ба изҳороти мақомоти рус дар нисбат ба муҳоҷирон бо шубҳа менигаранд, чун аксаран дар Русия нисбат ба муҳоҷирон аз зовияи бадбинии қавмӣ бархӯрд мекунанд.

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ иддао кардааст, ки ӯ ҳангоми гузаштан ба гурӯҳе дучор шудааст, ки раҳгузаронро латукӯб мекарданд ва хостааст, онҳоро аз ин корашон боздорад, вале ба худи ӯ ҳамла кардаанд. Ӯ иддао кардааст, ки ҳамлагарон бо чӯб ба дасти ронандааш ва бо зарфи шишагӣ ба сари ӯ задаанд.

Нашрияи “63.ru” навиштаст, ки вакили дифои боздоштшудаҳо талаб кардааст, то онҳоро дар ҳабси хонагӣ нигаҳ доранд. Модари Артур Багиров дар додгоҳ гуфтааст, писараш Русияро дӯст медорад ва дар як озмуне ба муносибати Иди Ғалаба соҳиби диплом шуда будааст.

Айбе, ки нисбат ба боздоштшудаҳо эълон кардаанд, то 15-соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Фишор болои муҳоҷирон ва зодагони Тоҷикистон дар Русия сахттар шудааст. Суҳбатҳои мақомоти рус низ дар баробари муҳоҷирон тундтар ва таҳқиромезтар садо медиҳад.

Ҳомиёни ҳуқуқ солҳост, ки Русияро барои сиёсати бадбинона нисбат ба муҳоҷирон ва дигар қавму миллатҳои сокини ин кишвар танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG