Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки дастикам ду зодаи Тоҷикистон дар дохили ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines" будаанд, ки рӯзи 25-уми декабр дар ҷануби Қазоқистон суқут кард. Татяна Москалкова, омбудсмени Русия, низ рӯзи панҷшанбе гуфт, дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам буданд, вале тафсилот надод.
Яке аз зодагони Тоҷикистон Субҳонқул Раҳимов аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурда, аммо сарнавишти Зинатулло Саъдуллоев маълум нест. Ҳардуи онҳо шаҳрвандии Русияро доранд.
Субҳонқул Раҳимов дар ин ҳодиса аз пешониаш осеб дидааст. Ӯ дар наворе аз дохили ҳавопаймо, ки қабл аз суқут сабт шудааст, ором ба назар мерасад. Баъд аз афтидани ҳавопаймо, Раҳимов дар навори дигар худ ва пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, "халабон ҳалок шуд".
Сомонаи "Газета.ру" навиштааст, Субҳонқул Раҳимов ҳамроҳи бо хонаводааш дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии ин кишварро дорад.
Екатерина Раҳимова, яке аз пайвандони Субҳонқул, ба ин нашрия гуфтааст, ӯ гоҳ-гоҳ ба зодгоҳаш, Тоҷикистон, меравад. Ба гуфтаи наздиконаш, Субҳонқул барои кадом кораш аз Боку ба Грозний парвоз мекард.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Субҳонқул Раҳимов зодаи деҳаи Нарвади ноҳияи Айнӣ аст ва солҳо пеш ҳамроҳи оилааш ба Русия кӯчидааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ талош доранд бо худи Субҳонқул Раҳимов тамос гиранд.
Навор дар Инстаграм:
Дар рӯйхати мусофирони парвози ширкати "Azerbaijan Airlines", ки расонаҳои Қазоқистон ва ҳам худи ширкат нашр кардааст, номи Зинатулло Саъдуллоев ҳам омадааст.
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Саъдуллоев 29 сол дошта, зодаи ноҳияи Файзобод аст. Ӯ аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро доштааст.
Наздиконаш дар ноҳияи Файзобод нахостанд дар ин бора зиёд суҳбат кунанд, чун мегӯянд, бо гузашти як рӯз аз ҳодиса маълумоти аниқ надоранд. Вале тасдиқ карданд, ки ӯ аз Боку ба Грозний парвоз мекард ва бори ахир аз Грозний бо хонаводааш тамос гирифт.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сарнавишти ин зодагони Тоҷикистон то ҳол ҳеч шарҳе надодаанд. Радиои Озодӣ талош дорад дар ин бора маълумоти бештар ба даст орад.
Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines", ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар секилометрии Оқтау, дар ҷануби Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Канат Бозумбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон гуфтааст, аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 каси дигар зинда монданд. Аҳволи 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.
Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрвандони Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.