Шаҳрдории Душанбе барои баррасии шикояти гурӯҳи занон аз афзоиши озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳам тадбирҷӯии мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки ин гурӯҳ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи занону ҷавонон иборат буда, аз натиҷаи кори худ ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳисобот хоҳанд дод.
"Муносибати мардону занон назорат мешавад"
Ҷавонон барои намуди зоҳирии духтарон ҳам кор доранд. Ҳатто ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки дастдарозӣ мекунанд. Мо медонем, ки дар ғарб ин амал дастдарозӣ ҳисоб мешавад ва барои ин муҷозот ҳам ҳаст
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми июл дар нишасти матуботии шаҳрдорӣ гуфт, аллакай гуруҳи корӣ аввалин мулоқотҳоро дар чор ноҳияи пойтахт анҷом дода, натиҷаи кори ин гуруҳ ҷиддӣ назорат мешавад. Зувайдзода гуфт, ин муроҷиати занон метавонад барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мусоидат кунад.
Маҳмадсаид Зубайдзода афзуд: “Чунин ҳодисаҳо зиёд нест, вале ҳанӯз ҳам ҷавононе ҳастанд, ки сатҳи пасти маърифат доранд ва ба чунин корҳо даст мезананд. Ҳоло дар пайи ин муроҷиат ва ҳам таъсиси гуруҳи корӣ насби 2500 камераҳои назоратӣ пешбинӣ шудааст, то бадрафтории мардону ҷавононро дар ҷойҳои серодам, боғу ҷойҳои фарҳангӣ сабт кунанд”.
Зувайзода афзуд, тавассути сабти дурбинҳои назоратии шаҳр, муносибати мардону ҷавонон нисбати духтарону занон пайгирӣ карда мешавад. Аммо ҳоло, ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ ба қароре нарасидааст, ки дар сурати собит шудани ҳодисаҳои озори лафзии занону духтарон аз ҷониби мардон, нисбати онҳо чӣ гуна чораандешӣ мешавад.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз занони сокини Душанбе дар номае ба унвонии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ хостори расидагӣ ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт шуданд. Дар муроҷиатномае бо имзои 50 зану духтари сокини Душанбе муҷозоти ҷавонону мардоне, ки бо бонувону духтарон луқмапартоӣ мекунанд, талаб шуда буд.
Ба натиҷаи ин тасмим бовар дорем
Шаҳло Иброҳимова, яке аз муаллифони ин муроҷиатнома 27-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз таъсиси гуруҳӣ корӣ ва баррасии муроҷиаташон истиқбол кард. Ӯ гуфт, умедвор аст, озори лафзии мардон дар нисбати занон маҳз зери назари шаҳрдори Душанбе қарор мегирад ва ин мушкил дар ҷомеа бартараф мешавад. Ӯ мегӯянд, ки гаппартоӣ ба духтарон бахше аз фарҳанги бархе мардоне шудааст, ки бо ин амали худ боиси нороҳатиҳои равонии духтарон мешаванд. Иброҳимова гуфт:
“Ман ба ин бовар дорам, аз ҷумла ба худи Рустами Эмомалӣ. Чун дар гузашта барои аз байн бурдани чанд мушкилӣ, аз қабили пулситонӣ дар мактабу боғча ба шаҳрдорӣ навишта будем, ҳарчанд онҳо ба мо ҷавоби расмӣ надоданд, аммо худашон рафта мушкилиро ҳал карданд”.
Мунаққидони ин шикоят мегӯянд...
Муроҷиати гурӯҳи занони сокини пойтахт ба шаҳрдорӣ бо тақозои чораандешӣ дар заминаи озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт баҳсҳои зиёдро дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Назарҳо ду тақсим шуд – аксарият ва дар миёни онҳо бештар мардон, вуҷуди мушкили озори лафзиро ҷиддӣ нагирифтанд ва гуфтанд, ки то ба сатҳи мақомот бардоштани чунин масоил ҷоиз нест. Ба андешаи ин гурӯҳ, аз худи занону духтарон бастагӣ дорад, ки чӣ гуна рафтор мекунанд. Бархе аз онҳо мавзӯъро ба пӯшиши милливу мазҳабӣ кашида ин андешаро баён карданд, ки дар сурати “саропо пӯшида будани” зан ҳеҷ нафаре ба ӯ “бо чашми бад нигоҳ намекунад”.
Абдураҳмон Раҳмонов як сокини пойтахт мегӯяд, бархе занон худ барои гаппартоии мардон баҳона мешаванд. Ва гуфт: “Ман шояд яке аз ҳамон сокинони пойтахт ҳастам, ки бештар аз ҳама пиёда дар кӯчаҳои шаҳр мегардам. Ростӣ, ман ягон бор мушоҳида накардам, ки марде ба кадом зан ё духтаре, ки рафта истода бошад, гап партояд. Ман муроҷиати занонро хондам. Шояд заноне инро навиштанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ки ба худ имиҷ созанд. Аслан барои он ки як ҷавон дар куҷое ба як нафар гап мепартояд, ҳамаро гунаҳкор кардан даркор нест”.
Ҷонибдорон ба ин назаранд, ки...
Вале аксар ҷонибдорони таҳрири фарҳанги рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятиву кӯчаҳо бо ингуна андеша комилан розӣ нестанд ва аз аризаи занони фаъол ба шаҳрдорӣ ҳимоят карданд. Инҳо аксар бонувонанд ва мегӯянд, поинравии сатҳи маънавиву ахлоқ дар ҷомеаи шаҳрӣ боиси эҳсоси ноҳинҷориву нороҳатии духтарону занон ба ҳангоми роҳ гаштан дар кӯчаву хиёбонҳо мешавад ва ин чиз бояд ислоҳ шавад. Бархе занон мегӯянд, гоҳо ҷавонон аз озори занони миёнасол ва модарон ҳам намеҳаросанд, чӣ монад ба духтарони ҷавон.
Марҳабо Зунунова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Издивоҷ ва оила» ҳам аз иқдоми ин гуруҳи занону духтарон ҷонибдорӣ кард ва гуфт, дар ҳоле ки нигоҳ ва амали нодуруст ба зани бегона манъ аст, пас озори лафзии мардонро метавон дахолат ба ҳарими шахсии занон ном бурд. Вай мегӯяд, ин масъала дар ҷомеаҳои Ғарбу Аврупо ҳалли худро ёфтааст ва дар сурати озор ёфтани зан ӯ метавонад бидуни мушкил ба полис шикоят кунад ва мавриди ҳимояти қонун қарор гирад.
Муҷозот барои луқмапартоӣ дар қонун вуҷуд надорад
Зунунова мегӯяд, агар бояд пеши роҳи чунин рафтор гирифта нашавад, кор аз гаппартоӣ ва дашном фаротар меравад. Ба гуфтаи хонум Зунунова, “ҷавонон барои намуди зоҳирии духтарон ҳам кор доранд. Ҳатто ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки дастдарозӣ мекунанд. Мо медонем, ки дар ғарб ин амал дастдарозӣ ҳисоб мешавад ва барои ин муҷозот ҳам ҳаст. Аммо барои мо як чизи маъмулӣ аст, ки касе шикоят намебаранд, ҳарчанд дар фарҳанги мо ин аслан ҷоиз нест”.
Ӯ мегӯяд, бо он ки баъди шикояти гуруҳи занон, мақомоти шаҳрдорӣ ҳам ин падидаро пайгирӣ мекунанд, аммо лозим аст барои решакан кардани ингуна рафтор пеш аз ҳама хонавода, боғчаву мактаб ва донишгоҳу ҷомеа талошҳои зиёд ба харҷ диҳад.
Дар ҳоле, ки гурӯҳи сокинони пойтахт мехоҳад шаҳрдорро ба чораҷӯӣ дар мавзӯи луқмапартоӣ ба занон водор кунанд, ҳуқуқшиносон ба мавзӯъ аз назари қонунҳои кишвар баҳо медиҳанд.
Дар Тоҷикистон ҳам қонунгузорӣ се муқаррарот, аз ҷумла авбошӣ, ҳаракати бадахлоқона ва майдаавбоширо пешбинӣ мекунад. Чунин моддае мисли "луқмапартоӣ" дар қонун вуҷуд надорад ва ҷиноят арзёбӣ намешавад.