Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 27 сол зиндон. Эълони ҳукми гумонзадҳо дар парвандаи "табаддулот"

навшуда

Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшо Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшо Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷуми феврал ҳукми гумонбарон дар парвандаи пурсару садои "табаддулот"-ро эълон кард. Тибқи иттилои бадастомада, ҳукмҳо чунинанд:

  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
  • Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;
  • Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;
  • Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 18 сол зиндон;
  • Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
  • Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;
  • Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Вокуниши ин афрод, наздикон ва вакилони мудофеашон ба ҳукм феълан маълум нест.

Пештар додситон ба онҳо, ки дар умум ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат муттаҳам буданд, аз 23 то 30 сол ҳабс хост. Чеҳраҳои шинохта дар сухани охиронашон дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки онҳоро озод кунад.

Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Юсуф Раҳмон моҳи августи соли 2024 дар мақоми додситони кул гуфта буд, ки "боздоштшудаҳо зиёданд", аммо ба ҷуз нуҳ кас, номи дигарон ба матбуот маълум нагашт.

Дар ин муддат пайвандони гумонзадҳоро ба мурофиа роҳ надоданд; вакилони мудофеъ аз суҳбат парҳез карданд ва Додситонии кул бар рӯйи парванда муҳри махфӣ заду ба хабарнигорон маълумот надод. Ин ниҳод танҳо рӯзи 14-уми июни соли 2024 гуфта буд, ки нақшаи ғасби ҳукумат дар Тоҷикистон "тӯли чанд сол омода шудааст".

Юсуф Раҳмон, собиқ додситони кул, дар порлумон "сабти суҳбати телефонӣ дар соли 2021"-ро далели муҳиме донист, ки дар он гуё нақшаи эҳтимолии ғасби хушунатомези қудрат, аз ҷумла ҷалби ҷангҷӯён аз хориҷа ва дастгирии молии созмонҳои ифротӣ, баррасӣ шудааст. Баъзе аз манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гумонбарон иттиҳомҳоро рад ва баръакс аз фишори муфаттишон шикоят кардаанд.

Дар умум, ошкор нашудани ҷузъиёти парванда ва паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи гумонзадҳои "табаддулот" шубҳаву гумонҳоро дар бораи дурустии иддаои мақомот ба вуҷуд овардааст.

"Бо назардошти он ки парванда махфист, тахмин кардан душвор нест, ки далелҳо нокофӣ ва ё бофта ҳастанд. Аз ин рӯ, махфӣ ҳастанд. Парвандаҳои табаддулот набояд муҳри махфӣ дошта бошанд, зеро сухан дар бораи ифшои сирри давлатӣ намеравад," – гуфта буд Алишер Илҳомов, мудири маркази таҳлилии Central Asia Due Diligence дар Лондон.

Баъзе аз таҳлилгароне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳанӯз моҳи декабри 2024 бо онҳо суҳбат карда буд, ин равандро талоши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои “тоза кардани роҳи писараш Рустами Эмомалӣ аз мунтақидон” дониста буданд.

XS
SM
MD
LG