Ин бино дар кӯчаи Исмоили Сомонии Хуҷанд замони Шӯравӣ бунёд шудааст ва дар зераш мағозаҳои фуруши молу маҳсулот ҷойгир аст.
"Мурда-мурда мехезӣ"
Соҳибони мағозаҳои зери ин бино ва сокинонаш талаб доранд, ки манзили баландошёнаи қадимӣ бо доштани меъмории хос ҳамчун “мероси фарҳангӣ” ҳифз шавад.
Зебуниссо Азимова ҳамроҳи оилааш дар ин бино 5 хона дорад ва тақрибан 40 сол боз зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, зидди тахриби ин бино ва сохтмони бинои нав дар ҷои он аст.
“Таҳдид мекунанд, ки хонаатро оташ мезанем, барқатро мекушем, мурда-мурда мехезӣ. Вале ягон ҳуҷҷати ба таври нотариалӣ тасдиқшуда пешниҳод намекунанд. Қоғазҳои бекора оварда нишон медиҳанд, ки хира аст ва хонда намешавад. Намедонем ба чӣ бовар кунем. Лекин мо аз ин хонаҳо хестан намехоҳем. Мехоҳем, ки бинои таърихӣ шавад. Мо мехоҳем, ки Ҷаноби олӣ моро дастгирӣ кунанд,”—гуфт ӯ.
Дар ин бино ҳудуди 30 оила хона ва ё мағозаву маркази хизматрасонӣ доранд. Замира Қосимова ҳам дар ошёнаи аввали бино мағоза дорад. Ӯ 14 сол боз дар инҷо кор мекунад ва пешниҳоди сохтмончиҳоро қабул надорад.
“Ман ба ҳар ҳол мехоҳам, ки ин бино вайрон нашавад. Чунки ин бино мисли дили Хуҷанд аст ва бисёре аз сокинон ҳамсину соли он ҳастанд. Дар зери он роҳи зеризаминии паноҳ ёфтан аз ҳолатҳои хатарнок аст. Дарозии роҳи пинҳон шудан аз хатар тақрибан 2,5 километрро ташкил медиҳад. Бинои мо хеле таърихӣ аст ва барои зиндагӣ кардан хеле мувофиқ мебошад. Барои ҳамин мо мехоҳем, ки бино истад,”--гуфт Замира Қосимова, сокини шаҳри Хуҷанд.
"Бинои беназир месозем"
Ин зиддияти бархе аз сокинону моликони мағозаҳои бино дар ҳолест, ки тибқи мувофиқаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи муфассали шаҳри Хуҷанд (Генплан) ширкати сохтмонии “Қудрат 2010” барои азнавсозии бино иҷозатнома гирифтааст. Масъулони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, ки ду бинои кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, фарсуда гардидаанд. Бинобар ин мехоҳанд, бинои замонавӣ созанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Абдусамеъ Маҷидов, ҳуқуқшиноси ҶДММ “Қудрат 2010” гуфт, биное, ки дар ин ҷо сохта мешавад, 25 ошёна буда, дар Осиёи марказӣ беназир аст.
“Барои ҳамин ҳоло гуфтушунид бо сокинону соҳибмулкон рафта истодааст. Ягон хел таҳдид нест, ягон хел зӯроварӣ ҳам нест. Ин ҳамааш дар чаҳорчӯбаи қонун аст. Дар асоси талаботи Кодекси замин аст,”—гуфт ӯ.
Ин баҳс то ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд низ рафтааст ва тибқи хулосаи он ҳуҷҷатҳои ширкати сохтмонӣ дуруст арзёбӣ гардидааст. Дар ҳамин ҳол чандин мақомотҳои назоратӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷавоби муроҷиати сокинон навиштаанд, ки то лаҳзаи кӯчидани бошандагону соҳибони мағоза корҳои сохтмонӣ шурӯъ намешавад. Вале пайдо шудани чанд оҳанпора барои панҷарапӯш кардани атрофи бино ва холӣ шудани баъзе аз хонаҳо бошандагонро ба ташвиш андохтааст.
Ваъдаи ширкат ва шарти сокинон
Мавзунахон Файзибоева, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт: “Мо дар инҷо соҳибмулк ҳастем ва мағоза дорем. Барои мо ҳамин чиз номаъқул аст, ки бо мо созиш накарда, панҷарабандӣ карда истодаанд. Чунки мо дар инҷо 25 сол боз кор мекунем ва бо ҳама созиш карда забон меёбем. Ман фаҳмидам, ки аллакай чизҳояшонро оварда мондаанд. Мо дар инҷо панҷ оила кор мекунем.”
Қумрӣ Иброҳимова, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ҳоло беризоияти онҳо ба дигар кардани атрофи бино оғоз кардаанд. “Ман дар дуюм ошёна зиндагӣ мекунам, поёнашро валангор кардаанд. Ман як худам зиндагӣ мекунам, фарзандонамро ба шавҳар додаам, рости гап метарсам, ки баногоҳ ягон кас аз ойина ба айвонам набарояд”.
Дар ҳамин ҳол бархе аз бошандагон розӣ ҳастанд, ки бо пешниҳоди ширкат хонаҳояшонро холӣ кунанд, аммо бояд ваъдаҳои боварбахш бидиҳанд. Масъулони ширкат мегӯянд, ки бо сокинону моликони мағозаҳои бинои 3-уми ҳамин маҳалла шартномаи дутарафа баста ва тахриби онро шурӯъ мекунанд. Талаби даъвогарони бинои 7-умро низ дар доираи ӯҳдадориҳои худ амалӣ хоҳанд кард.
Кимёхон Азимова, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт: “То буд шудани сохтмон тариқи нотариалӣ ба мо боварнома кунанд ва дар суратҳисобамон маблағ гузоранд. Ҳар вақте хонаро месозанд, баъд аз нав дар инҷо хона мегирем,”—гуфт ӯ.
Ба Қумрӣ Иброҳимова, сокини шаҳри Хуҷанд пешниҳод кардаанд, ки барояш дусола иҷорапулӣ медиҳанд. “Агар хонаат 50 квадрат бошад, ба ту 70 квадрат омода карда медиҳем. Сохтмон дар ду сол буд мешавад, мегӯянд, Худо медонад, ки фардо чӣ гап мешавад,”—нигарон аст ӯ.
Абдусамеъ Маҷидов, ҳуқуқшиноси ҶДММ “Қудрат 2010” гуфт, ҳама кор қонунӣ сурат мегирад ва ба сокинони бино кафолат медиҳанд ва ба сокинон ҷуброн мепардозанд.
“Иҷорапулиашонро медиҳем. Агар духонагӣ дошта бошад, ба вай 3 ҳазор сомонӣ ва агар аз он зиёд бошад, то 4 ҳазор сомонӣ моҳона пардохт карда мешавад,”—гуфт ӯ.
Номи ширкати сохтмонии “Қудрат 2010” замоне сари забонҳо шуд, ки тарҳи амалинашудаи “Шаҳраки чинӣ”-ро ба зимма гирифта ва дар ҷояш бинои 16 ошёна барафрохт. Сокиноне, ки дар замини он ҳавлӣ доштанд, тули чанд сол иҷоранишин шуданд ва ҳукумат барояшон хонаҳои нав тақдим кард.
Масъалаи сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон торафт бештар мешавад ва як сабаби асосии норизогии аҳолӣ он аст, ки чунин сохтмонҳоро мақомот дар байни маҳаллаҳои тангу мушкилгузар иҷозат медиҳанд. Зеро дар онҷо насби обу барқу қубурҳои ташноб осон аст ва харидори бештар дорад. Мақомот пайваста мегӯянд, ки ин қарорҳо дар асоси нақшаи умумӣ гирифта мешаванд.
Гуфтугӯ