Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз заминларза. Ин бор дар ҷануби Тоҷикистон


Акс аз заминларзаи шаҳри Ваҳдат.
Акс аз заминларзаи шаҳри Ваҳдат.

Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ аз заминларзаи навбатӣ дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод.

Масъулони ин марказ рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки заминҷунбӣ соати 9 -у 21 дақиқаи шаби 12-уми ноябр бо марказаш, ноҳияи Шаҳритус, дар 140 километрии ҷанубу ғарби Душанбе ва 20 километрӣ дуртар аз ин ноҳия рух додааст. Ин манбаъ афзуд, қувваи заминларза дар маркази он 4 дараҷа буда ва сокинони Қабодиён, Вахш ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон онро эҳсос карданд. Аммо ба иттилои ин масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, қувваи заминҷунбӣ дар шаҳри Душанбе 2 бал сабт шудааст. Ба таъкиди ин масъулон зилзила талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Ин чорумин маврид аз зилзила дар муддати се шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон аст. Нахустин маврид дар нимаи аввали рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Ваҳдат иттифоқ афтод, ки шумори зиёде аз манзилҳои истиқоматиро тахриб кардааст.

Дар ҳамин ҳол бо он ки Кумиссиюни давлатӣ мизони хисорот дар пайи зилзила дар шаҳри Ваҳдатро мушаххас дорад, аммо нахустин маҳмулаи кӯмакҳо ба мардуми осебдида аз ин офтаи табии расонида шудааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештари ин кӯмак аз маводи хӯрока иборат аст.
Ба ин тартиб ба гуфтаи вай, "аз ҷумла 7,5 тонна орд, 3 тоннаву 750 килограмм шакар, 3 тоннаву 700 килуграм биринҷ ва равған ба зарардидагон ироа гардид.”

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Нозимов, 100 ададхайма низ ҳомили ин кӯмак аст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар пайи заминларзаҳои рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар шаҳри Ваҳдат, беш аз 100 хона комилан хароб шуда ва ҳудуди 300 манзили дигар қисман вайрон гардиданд.
XS
SM
MD
LG