Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои намозгузории Э.Раҳмон ва хонаводааш дар Каъба


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандону наздиконаш маносики Ҳаҷҷи умраро ба ҷой оварда, барои бори дувум ба дохили Каъбатуллоҳ ворид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳи ҳамсар ва чанде аз фарзандонаш ба зиёрати Хонаи Худо низ рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Раҳмон рӯзи 4 январ маносики Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварда, ба қавли манбаъ, ба ӯ муяссар шудааст, ки барои бори дувум вориди Каъбатуллоҳ бишавад.

Дар аксу видеое, ки торнамои расмии президенти Тоҷикистон рӯзи 5 январ нашр кард, Фирӯза ва Озодаи Раҳмон – духтарон ва Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои раиси ҷумҳурро ҳангоми адои маносики Ҳаҷҷи умра дидан мумкин аст. Манбаъ мегӯяд, ки дар иҷрои маносики Ҳаҷҷи умра Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаашро, инчунин, Сироҷиддин Аслов - вазири корҳои хориҷӣ, Нуриддин Саидзода - вазири маориф ва илм, Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламо, Муродалӣ Алимардон – раиси "Агроинвестбонк", Сулаймон Давлатзода – раиси Кумитаи дин ва дигарон ҳамроҳӣ кардаанд.

"Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ либоси хоси маросими Ҳаҷ - эҳромро ба бар карда, бо 7 бор давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯи замин, маросими умра ё худ зиёрати хонаи рамзии Худоро ба ҷо оварданд," -- менависад торнамои расмии президенти Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз тавофи Хонаи Худо, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, ду ракъат намози нафл хондаанд: "Сипас дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт."

Ин зиёрати чоруми Эмомалӣ Раҳмон аз Хонаи Худо будааст.

Дар ҳоле ки мухолифон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ниҳодҳои таҳти итоати ӯро барои саркӯби исломгароҳо ва эҷоди маҳдудиятҳои хос барои пайравони Ислом дар кишвар муттаҳам мекунанд, вале дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ду дафъа ӯ ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст."

Эмомалӣ Раҳмон то ин дам ду бор - солҳои 1997 ва 2001 - ба Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом дода, моҳи декабри соли 2005 барои иштирок дар мулоқоти фавқулодаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ (ҳоло Созмони ҳамкории исломӣ) ба шаҳри Макка рафта буд. Дар ҷараёни ҳарсе сафараш оқои Раҳмон маросими умра ё зиёрати Каъбаро ба ҷо оварда, моҳи декабри соли 2005 барои бори нахуст ба ворид шудан ба даруни хонаи Каъба мушарраф гардидааст.

Ҳар сол аз Тоҷикистон барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 6 ҳазор нафар ба Хонаи Худо мераванд. Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон сафари афроди то 35-сола барои зиёрати Хонаи Худоро манъ карда ва гуфтанд, ки далелаш навбати зиёди сокинон барои адои Ҳаҷ аст.

XS
SM
MD
LG