Барои онҳое, ки мехоҳанд, сатҳи саводи худро аз забони русӣ санҷанд, дар Тоҷикистон тақрибан 10 нуқта таъсис дода мешавад. Ҳамин тавр, рӯзи 18 апрел дар Душанбе дар панҷ нуқта – дар маркази илму фарҳанги Русия, донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишкадаи забонҳо, донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва мактаби рақами 6 хоҳишмандон метавонанд дар ин маърака иштирок кунанд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Хуҷанду Хоруғ чунин нуқтаҳо таъсис дода хоҳанд шуд.
Любов Николевна Дудкова -- масъули маркази илму фарҳанги Русия мегӯяд, бояд ин маърака дар шакли онлайн баргузор ва довталабон аз Тоҷикистон матнеро, ки аз ҷониби журналисти маъруфи рус Владимир Познер ва Оксана Федорова аз Маскав қироат мешуд, бознависӣ мекарданд, аммо ба далели номувофиқатии вақт ва имконоти техникӣ, матни диктант дар Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорону донишмандони забони русӣ қироат мешавад. Ба гуфтаи Дудоква, матн ним соат қабл аз оғози маърака ба онҳо пешниҳод мешавад.
"Аслан барои Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар дар навиштани диктант 2 соат вақт дода шудааст. Ин маърака ба таври пӯшида баргузор мегардад,"-гуфт ӯ.
Ба қавли хонум Дудкова интизор меравад, дар Тоҷикистон ҳудуди 500 нафар саводи хаттӣ ва русидонии худро бисанҷанд. Масъулини маркази русии Донишгоҳи миллӣ мегӯянд, алакай 100 нафар барои ширкат дар "диктанти саросарӣ" номнавис шудааст. Инҳо аксарият донишҷӯёну омӯзгорон ва унвонҷӯён ҳастанд, ки мехоҳанд савияи дониши имлоии худро бисанҷанд.
Агарчӣ ба таври густарда бори аввал аст, ки Тоҷикистон ба ин маърака пайваст мешавад, аммо донишгоҳи миллӣ алакай таҷрибаи баргузории диктанти саросариро дорад. Донишҷӯёни ин муассиса бо пешниҳоди маркази русӣ соли гузашта ҳам дар ин маърака ширкат кардаанд.
Фарзона Собирова -- ҳамоҳангсози барномаи “Диктанти саросарӣ” дар Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, "имсол мушоҳида мекунем, хоҳишмандони ширкат дар ин маърака зиёданд, алакай аз оғози апрел номнависиро шурӯъ кардем."
Соли гузашта мавзӯи диктант "Интернет" буд ва донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик бештар дар навиштани истилоҳоте чун, "хакер" (аксарият бо ду “к” навиштаанд) ва "наперсник" (НаперсТник навиштаанд) ба иштибоҳ роҳ додаанд. Айнан ҳамин иштибоҳҳо ҳам дар диктанти сокинони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
"Диктанти саросарӣ" маъракаи озоди диктантнависӣ аст, ки 12 соли пеш бо ташаббуси донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Новосибирски Русия роҳандозӣ шудааст. 4 сол аст, ин барнома дар шакли онлайн баргузор мешавад ва довталабон аз беш аз 50 кишвар дар як вақту соат ҷамъ омада, диктант менависанд ва баҳои донишмандони забони русиро ба сатҳи забондонии худ мефаҳманд.
Фарангис Хоҷаева -- донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи руси донишгоҳи миллӣ мегӯяд, соли гузашта дар диктанти саросарӣ баҳои 4 гирифта буд. Ва акнун бо ширкат дар маъракаи навбатӣ мехоҳад бифаҳмад, дар ин муддат дар омӯзиши забони русӣ то куҷо пешрафт кардааст?
Забони русӣ дар Тоҷикистон ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад ва як доираи мардум дар муҳити хонавода бо ин забон сӯҳбат ва талош мекунанд, фарзандонашон ҳам ба боғчаву мактабҳои русӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. Аммо бо ин вуҷуд донишмандони забони русӣ ба сатҳи забондонии насли ҷавони тоҷик баҳои ғайриқаноатбахш медиҳанд ва дар мактабҳо ҳам ин забон ба дараҷаи зарурӣ омӯхта намешавад. Мушкили аслии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам ба надонистани ин забон рабт дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки мутахассисони забони тоҷикӣ низ аз вазъи омӯзиш ва корбурди ин забон изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар давраи Шӯравӣ гуфта мешуд, маҳз забони русӣ сабаб гаштааст, то тоҷикӣ аз идораҳои давлат ронда ва ба забони хонагӣ табдил ёбад. Мақоми давлатии ин забон дар соли 1989 то андозае мушкилро ҳал кард, вале ҳарҷу марҷ дар имло ва бартарӣ ёфтани гӯишҳои маҳаллӣ бар забони адабӣ, аммо муҳимтар аз ҳама боз ҳам ба русӣ бастагӣ додани ояндаи фарзандони худ аз тарафи волидайн сабаби рушд наёфтани он шумурда мешавад.