Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир Қоҳир Расулзода


Нахуствазири Тоҷикистон, вазифае, ки дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон усулан намояндагони вилояти Суғд ишғол мекунанд, ин навбат ба собиқ раиси ҳукумати ин вилоят Қоҳир Расулзодаи 52-сола насиб шуд.

Нахуствазири Тоҷикистон, вазифае, ки дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон усулан намояндагони вилояти Суғд ишғол мекунанд, ин навбат ба собиқ раиси ҳукумати ин вилоят Қоҳир Расулзодаи 52-сола насиб шуд.

Аммо мақоми нахуствазир дар Тоҷикистон зоҳиран як вазифаи номиналӣ шинохта мешавад. Зеро тибқи қонунҳои Тоҷикистон, президенти кишвар ҳамзамон сарвари ҳукумат аст ва пиёда кардани пружае бидуни иҷозаи ӯ имкон надорад.

Қоҳир Расулзода ин мақомро аз Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон дарёфт кард, ки бо вуҷуди фаъолияти 14-сола дар ин мақом ҳамоно барои ҷомеа ноошно ва дар зери сояи президент нонамоён монд. Аммо дар ҳоле ки Қоҳир Расулзода ҳамчун як раҳбари муваффақи сатҳи вилоятӣ арзёбӣ мешавад, интихоби ӯ ба ин мақоми ба истилоҳ “намоишӣ” то куҷо мантиқӣ аст?

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00
Линки мустақим


Ҳамсӯҳбати мо аз дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт таъйини нахуствазир дар салоҳияти раисҷумҳур аст ва ин мақом, тавре дар назари аввал менамояд, беаҳамият нест. Зеро нахуствазир фаъолияти кабинети вазиронро танзим мекунад ва ин кори содда ҳам нест.

Масъалаи интихоби кадрҳо ва меъёри интихоби онҳо дар дастгоҳи раёсати ҷумҳур солҳои ахир бештар ба чолиш кашида мешавад. Зеро то ҳол мӯҳраҳо дар тахтаи шоҳмоти ҳукумат бисёр вақт беҳаракат буданд ва агар ҳам ҳаракате мекарданд, аз тахта берун намешуданд. “Мутобиқи банди 69-уми Қонуни асосии ҷумҳурии Тоҷикистон...” фармонҳои раиси ҷумҳур маъмулан ҳамин тавр шурӯъ мешаванд. Аммо маълум нест, ки то расидан ба банди 69-ум, асноди нафари мавриди интихоб аз чанд даст мегузарад ва ҳарфи кадомӣ дар интихоби ӯ муассир аст?

Гурез Қосимов, муовини раиси Раёсати хизмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, кадрҳо барои ҳукумат солҳо омода ва дар вақти зарурӣ ба ин ё он мақом пешниҳод мешаванд.

Қабл аз таъйини Қоҳир Расулзода ба мақоми нахуствазир, гуфта мешуд, ки
Саҳнаи хайрбод бо Оқил Оқилов дар ҷаласаи ҳукуматӣ
Саҳнаи хайрбод бо Оқил Оқилов дар ҷаласаи ҳукуматӣ
раиси ҷумҳур чанд интихоб дорад. Раҳмат Бобокалонов, собиқ вазири обёрӣ ва захираҳои об, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд, Даврон Зоҳидов, раиси созмони Ҳизби халқӣ-демократӣ дар вилояти Суғд ва ҳам раисони шаҳри Исфараву ноҳияи Спитамен аз ҳавохоҳони ин курсӣ буданд. Аммо дар ниҳоят интихоб сари Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд афтод.

Бо назардошти фаъолияти Расулзода дар мақоми раиси вилояти Суғд ва шеваҳои нави кор дар сатҳи минтақа коршиносон интихоби ӯро ба ин мақом мантиқӣ арзёбӣ мекунанд.

Илҳоми Ҷамолиён дар ҷараёни фаъолияти Қоҳир Расулзода дар мансаби раиси вилоят сухангӯи ӯ буд. Ҷамолиён мегӯяд, дар тӯли шаш соли раҳбарӣ Расулзода тавонист иқтисоди вилоятро беҳбуд бахшад ва сатҳи зиндагии мардумро боло бубарад: «Ду мисоли оддӣ. Буҷети вилоят соли 2007 – соли аввали раҳбарии Қоҳир Расулзода 199 миллион сомонӣ буд, соли 2012 ин рақам ба 800 миллион расид ва барои соли оянда дар ҳаҷми 1 миллиарду 38 миллион қабул шуд. Дар соҳаи иҷтимоӣ соли 2006 буҷет 112 миллион сомонӣ буд, ҳоло 5 маротиба зиёд шудааст. Хулоса, ӯ собит кард, ки менеҷери хуби на танҳо сатҳи вилоятӣ мебошад», - мегӯяд Илҳоми Ҷамолиён.

Аммо коршиносони дигар бар инанд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ фаъолият бурдани як сарвазир ва бо ин ваколатҳои маҳдуд кори оддиву соддае буда наметавонад, чун агар дар гузашта бештар бо гурӯҳҳои сатҳи вилоятии молиявию иқтисодӣ
Илҳоми Ҷамолиён
Илҳоми Ҷамолиён
сарукор дошт, акнун дар сатҳи кишвар ва бо доираҳои бузургтаре бояд забон ёбад.

Холмуҳаммад Азимов, собиқ раиси Кумитаи омори Тоҷикистон, ҳоло устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, барои ҳар менеҷере, ки дар сатҳи сиёсӣ аз пуштибонии бевоситаи президент баҳравар нест, кор дар иқтисоди пурмушкил ва фасодзада имконнопазир аст:


«Рушди иқтисод гаравгони сиёсат ва гурӯҳбозиҳо шуда буд. Акнун бояд ба ин хотима диҳанд. Аз нигоҳи ман, овардани Қоҳир Расулзода аз Суғд ба ҳамин хотир аст. Воқеан, сарвазири пешина ин масъалагузориро карда наметавонистанд. Дигар ин ки Расулзода асосан гидротехник аст ва муовинони ӯ бо соҳаи молия сарукор доранд. Агар ӯву муовинонаш ҳамкории зич кунанд, муваффақ хоҳанд шуд».

Онҳое, ки Қоҳир Расулзодаро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ як шахси эҳтиёткор буда, ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ғайри қобили пешбинӣ ё беандеша роҳ намедиҳад. Аз сӯи дигар, бо назардошти ин ки ӯ ҷавонтар аз сарвазири қаблӣ буда, аз миёни номзадҳои мавриди назар ба ин мақом шояд арзандатарин буд, интизорот ҳам аз ӯ бештар хоҳад буд. Аз нигоҳи таҳлилгарон, дар сурате, ки Қоҳир Расулзода тавонад президентро мутақоид созад, ки нақши ӯ ба унвони сарвазир дар ҳукумат номиналӣ ё рамзӣ нест ва ҳангоми тасмимгириҳо ба ҳарфи ӯ низ гӯш кунанд, шояд ҳам мавқеи ӯ аз як мақомдори рамзӣ ба шахси бонуфуз ва муҳим табдил шавад.

Ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки ба фарқ аз дигар манотиқи Тоҷикистон, дар аҳди Расулзода дар вилояти Суғд матбуот ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз озодии бештар бархӯрдор буда, мақомҳои давлатӣ дар баробари ҷамъият бештар ҷавобгӯ будаанд. Ҳоло бо омадани вай ба Душанбе изҳори умедворӣ мешавад, ки низоми то андозае шахшудаву консервативии кори ҳукумат ҷон хоҳад гирифт ва тамосаш бо матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ наздиктар хоҳад шуд.

Оқил Оқилов, сарвазири қаблии Тоҷикистон аз соли 1999 дар ин вазифа кор кард ва дарозумртарин сарвазири ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд. То ӯ – Абдумалик Абдуллоҷонов, Ҷамшед Каримов, Абдусамад Ҷалилов ва Яҳё Азимов дар ин мақом умри ду ё сесолае беш надоштанд. Сарвазири нав – Қоҳир Расулзода то куҷо хоҳад поист ва то куҷо интизориҳоро бароварда мекунад, аз нигоҳи коршиносон, ба он вобаста аст, ки то куҷо сари салоҳиятҳои ӯ таҷдиди назар мешавад.
XS
SM
MD
LG