Дар шабакаи Ютюб навори нави видеоии Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ба сайр даромадааст, ки дар он ин рӯҳонии маъруф аз маҳдудиятҳои мазҳабие, ки ба гуфтаи ӯ, "душманони Ислом" ба хотири "аз дин ва Паёмбарашон ҷудо кардани мардум" дар Тоҷикистон эҷод кардаанд, ба тундӣ интиқод карда, мегӯяд, ин ҳарфҳояшро ҳам ба президент бирасонанд.
Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода дар ин маъвизаи пурэҳсос аз ҷумла мегӯяд: “Алъон вақте ягон рақсу тӯю бозӣ мешуд, инҷо микрофон мумкин буд, то соати сеи шаб агар мезаданд, касе кор надошт. Аммо ба хотири “Қуръон”-у ҳадиси Расули Акрам иҷозат нест микрофон монанд. Ин аст демократия, ин аст озодӣ. Инашро ҳам баранд хабар, ба президент расонанд акнун.”
Замон ва макони маъвизаи Эшони Нуриддинҷон маълум нест, вале дар навор дида мешавад, ки ӯ дар маъракае дар баробари мардум сухан меронад. Аммо аз ин ки як бахши ин маъвиза ба Шаби Меъроҷ – шаби ба ҳузури Аллоҳ рафтани Паёмбари Ислом Муҳаммад(с.с.) – бахшида шудааст, ба назар мерасад, ки ин навор тоза сабт шудааст, чунки Шаби Меъроҷ имсол ба 25 май рост меояд.
Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ҳамин тавр, дар ин маъвиза ба қазияи ахиран расонаишудаи маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и файласуфи тоҷик Комили Бекзода мепардозад. Як китоби аҳли ин маҳфил, ки вуҷуди Худоро зери суол мебурд, боиси баҳси гарме дар ҷомиаи Тоҷикистон шуд. Сарвари хонаводаи Тӯраҷонзодаsj дар робита ба ин масъала дар ин навор мегӯяд: “ Воллоҳ, ин Комили Бекзодаҳо нотӯғрӣ мегӯянд. Зинда шудан ҳаст, ҷавоб додан ҳаст. Он Худои азиме ки ин оламро бо ин азамату фаҳ офарид, хаёл мекунад, ки ин Комилро зинда намекунад? Хаёл мекунад, ки инҳоро бозича офарид?”
Интиқоди нави Нуриддинҷон Тӯраҷонзода аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари мавҷи нави танишҳои лафзӣ байни ин хонаводаи пурнуфузи рӯҳонӣ бо мақомоти Тоҷикистон аст. Рӯзҳои 2-3 май тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон барномае нашр шуд, ки дар он дар бораи дар Сурия алайҳи режими Башор Асад ҷангидани ду ҷавоне қисса мешуд, ки ба гуфтаи мақомот, гӯё таҳсилдидаи мадрасаи “Муҳаммадия”-и марбут ба Тӯраҷонзодаҳо бошанд. Ба дунбол дар расонаҳо изҳороти муштараки бародарон Эшони Нуриддинҷон, Эшони Маҳмудҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳо нашр шуд, ки ин барномаро буҳтони тозае аз силсилаи буҳтонҳо алайҳи хонадони худ хонда, аз ҷумла навиштанд, ки ду сол қабл онҳоро ба пайравӣ ба шиаҳо айбдор карданд ва ҳоло барои фиристодани ҷангиҳо ба ҷанг алайҳи як ҳукумати шиа, ки ба ақидаи Тӯраҷонзодаҳо, ягон мантиқ надорад: “...аз Тоҷикистон чуноне, ки аз матбуот мехонем, танҳо салафимаобҳо ба ин “ҷанги муқаддас” рафтаанду мераванд. Пас, бо чи мантиқе ин қазияро мардум қабул намоянд, ки Тураҷонзодаҳои “шиа” муқобили шиаҳои Сурия, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, шогирдони худро бифиристад!?”
Ишораи Тӯраҷонзодаҳо ба баҳси ду сол пеши ин хонавода бо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода аст, ки дар пайи баргузории як маросими Ошӯро дар солгарди шаҳодати набераи паёмбар Имом Ҳусейн дар масҷиди “Муҳаммадия”-и марбут ба ин хонадон дар зодгоҳи онҳо – рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат баргузории намозҳои ҷумъаро дар ин масҷид ибтидо барои 3 моҳ манъ кард.
Он моҷаро бо он ҳам тамом нашуд ва дар моҳи майи соли 2012 бо қарори додгоҳ ин масҷиди бузург ва дар он замон яке аз пуродамтарин масҷидҳои кишварро ба масҷиди панҷвақта табдил доданд. Тӯраҷонзодаҳо Абдулқодирзодаро ба додгоҳ кашонданд, вале додгоҳ низ дар муқобили Тӯраҷонзода тарафи Шӯрои уламоро гирифт.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба дунболи нашри изҳороти муштарак бо бародаронаш дар авоили май ба сурати алоҳида фарз шудани “ҷиҳод” дар ҷанги Сурияро рад кард, вале ҳамзамон дар як мусоҳибаи матбуотиаш бо ББС гуфт, Душанбе бояд дар моҷарои байни Русияву Украина дар канори Маскав бошад. Ин сӯҳбат ба мавҷи нави интиқодҳои шадид аз шахси ӯву хонадонаш дар матбуоти расмии Тоҷикистон мунҷар шуд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаи феълан 60-сола дар солҳои охири Шӯравӣ қозикалони Тоҷикистон буд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги соли 1992 тарки кишвар кард ва то соли 1998 дар Эрон ба сар бурд. Ӯ он солҳо муовини раиси Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва раҳбари ҳайати мухолифин дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон буд. Баъди имзои қарордоди сулҳ бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин дар соли 1998 муовини сарвазир шуд ва то соли 2007 дар ин мақом кор кард. Баъди барканориаш аз мақом асосан дар зодгоҳаш – Туркобод – ба сар мебарад.
Тарафдорони Тӯраҷонзодаҳо ангезаҳои таъқибу фишор алайҳи аъзои ин хонавода ва тиҷоратҳои марбут ба онҳо, аз ҷумла бо баҳонаи кадом беморӣ қариб комилан аз байн бурдани як фермаашон дар Ваҳдатро сиёсӣ хонда, ба шахси Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода рабт медиҳанд. Нозирони умур мегӯянд, фишор болои Тӯраҷонзодаҳо баъди ҳимояти онҳо аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентӣ зиёдтар шуд. Дар ду интихоботи қаблии солҳои 1999 ва 2006 Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ карда буд.