Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳпод ва паёмрасонҳо -- фанноварии нав дар хидмати қочоқбарон?


Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон на танҳо изҳороти Созмони Милал ва "Толибон"-ро рад кард, ки гуё кишту истеҳсоли ин мавод дар Афғонистон 95% коҳиш ёфтааст, балки аз густариши интиқоли он бо ёрии паҳпод (дрон) ва огоҳӣ аз махфигоҳҳо ба воситаи паёмрасонҳо иттилоъ дод.

Самад Зафар, раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 29-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, интиқол ва мусодираи маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон зиёд шудааст.

Ӯ аз ҷумла гуфт, "бештари мавод дар вилояти Хатлон, махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мусодира карда шуд. Он бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ворид мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар ҳудуди Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 381 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 44,6 дарсади мусодираи ҷумҳуриро ташкил медиҳад".

Намояндагони Оҷонсӣ гуфтанд, дар нимсоли 2024 дар Тоҷикистон қариб 4 тонна маводи нашъовар мусодира шудааст, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам наздик ба дуним тонна буд. Дар 6 моҳ 419 ҷинояти вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, ки 248 маврид нисбат ба як сол пеш зиёд будааст.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, дар ноҳияҳои ғарбиву ҷанубии Афғонистон лабораторияҳои пинҳонии истеҳсоли зиёди метамфитамин (маводи психотропӣ) вуҷуд доранд. Масъулони ниҳод мегӯянд, гурӯҳҳои қочоқбар усулҳои интиқоли маводи мухаддирро нав кардаанд.

Қочоқбарони ҳероин аз усулҳои нав истифода мебаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

"Тарзу усулҳое, ки маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, ҳозир барои қочоқбарон аз ҳама маъмултарин "закладка" кардан аст, яъне дар пинҳонгоҳҳои махсус ҷой мекунанд, ба воситаи мессенҷерҳо ба ҳамон харидоронашон ҳамоҳанг ё мавқееро, ки маводро пинҳон кардаанд, мефиристанд. Яъне, ки ҳоло аз даст ба даст нест", -- гуфт Самад Зафар.

Гурӯҳи "Толибон" баъди ба қудрат расидан дар Афғонистон иддао кард, ки кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишварро ба сифр расонид. Аммо чанд сол аст, ки Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи нашъовар дар Тоҷикистон ин иддаоро ба чолиш мекашад ва мегӯяд, баръакс, дар ин солҳо интиқолу қочоқи маводи мухаддир зиёд шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло бештар маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ истеҳсол ва интиқол мешавад ва ин барои қочоқбарон мусоид аст, зеро аз 10 кило ҳероин 1 кило метамфитамин истеҳсол мешавад.

Аммо сарфи назар аз нигарониҳои Тоҷикистон, Самад Зафар мегӯяд, ки аз соли 2021 онҳо то кунун ҳеч ҳамкорӣ ва тамосе бо ҳамтоёни худ дар Афғонистон надоранд.

Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи нашъовари Тоҷикистон дар поёни солҳои навадум ва дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ барои пешгирӣ аз вуруди маводи мухаддир аз Афғонистони зери ҳокимияти "Толибон" таъсис шуд. Онро то соли 2022 Созмони Милал сармоягузорӣ мекард. Аз соли 2023 ба ин сӯ, ин ниҳод аз буҷаи Тоҷикистон пул мегирад.

Имсол дар Тоҷикистон 515 кас барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудааст. Дар Тоҷикистон расман 4066 нашъаманд сабти ном шудааст, ки 109 тани онҳо занон мебошанд.

XS
SM
MD
LG