Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи бесобиқа аз Комроншоҳ баъди пирӯзиаш дар Тошканд


Комроншоҳ - аз рост
Комроншоҳ - аз рост

Рӯзи 18 апрел дар шаҳри Хуҷанд ба шарафи пирӯзии Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё як маросими истиқболи бесобиқа доир кардаанд.

Рӯзи 18 апрел дар маркази шаҳри Хуҷанд ба истиқболи паҳлавони ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки се рӯз пеш дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои қораи Осиё дар шаҳри Тошканд унвони қаҳрамониро ба даст овард, як маросими вижаву то ҳол бесобиқа доир шуд.

Андар Раҳмонӣ, корманди хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “қаҳрамони дзюдои Осиё Комроншоҳи Устопириёнро мақомоти баландпояи вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд ва издиҳоми мухлисонаш дар пояи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ истиқбол гирифтанд. Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода пирӯзии ин паҳлавони ҷавонро табрик гуфтанд.”

Худи Комроншоҳи Устопириён ҳам дар ин маросим гуфт, “пирӯзӣ ба осонӣ муяссари касе намегардад, чунки ҳамаи ҳарифон бо умеду орзуи ғалаба меоянд ба мусобиқа.” Ӯ гуфт, аз ин ки тавонист ҳамаи 4 ҳарифашро шикаст дода, қаҳрамони Осиё шавад, эҳсоси хушбахтӣ мекунад.

Гузориши видеоии шабакаи телевизионии СМ-1 аз маросими истиқбол аз Комроншоҳи Устопириён дар шаҳри Хуҷанд:

Дар гузашта низ пирӯзиҳои Комроншоҳи Устопириён аз сӯи мақомоти вилояти Суғд қадрдонӣ мешуд. Аз ҷумла дар поёни соли 2014 дар пайи пирӯзии ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Остона раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Комроншоҳ дар шаҳри Хуҷанд як манзили дуҳуҷраӣ тақдим кард.

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 15-16 апрел дар Тошканд - пойтахти Узбакистон – баргузор шуд, дар вазни то 90 килограмм ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тило шуд. Комроншоҳ дар даври аввал бар Иёл Салмон Ҳамад аз Урдун ва дар даври дувум бар Автар Сингҳ аз Ҳиндустон ғолиб омад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ дастболо шуд ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши пирӯз гашт.

Се узви дигари тими Тоҷикистон - Шӯҳратҷони Фархизода, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – дар Тошканд ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуда, 4 гуштигири дигари тоҷик ҳанӯз дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ ҳамин тавр, баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст.

Комроншоҳ гуштиро ибтидо аз падараш, мураббии варзидаи гуштӣ Усто Устопиров омӯхта, ҳоло ӯро мураббии маъруфи рус Владимир Елчанинов машқ медиҳад. Елчанинов мураббии Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин, ҳам буд ва ҳоло талош дорад, то шогирди кунуниаш низ аз Олимпиадаи Рио-де –Жанейро бо рӯи сурх баргардад.

Комроншоҳи Устопириён соли 1993 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, моҳи октябри соли 2015 дар Гран-прии дзюдо дар Тошканд ва аз он қабл дар Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван ду нишони нуқра ба даст овард. Дар моҳи май дар қаҳрамонии Осиё дар Кувайт соҳиби нишони биринҷӣ шуда, дар қаҳрамонии ҷаҳон дар мақоми панҷум қарор гирифт. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Комроншоҳ ҳар сол ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли Тоҷикистон шомил мешавад.

Комроншоҳи Устопириён то қаҳрамонии Осиё дар раддабандии ҷаҳонии гуштигирони дзюдо дар мақоми 10 ва дар раддабандии олимпӣ дар зинаи 9-ум қарор дошт. Вале яқинан пирӯзӣ дар Тошканд ӯро дар ин раддабандиҳо боз ҳам болотар мебарад.

XS
SM
MD
LG