Ҳафтаи муди Душанбе бо тарғиби либосҳои миллии тоҷикӣ сар шуд ва тарроҳон низ мегӯянд, ки аз ин баъд талош хоҳанд кард, то ҳарчи бештар навъҳои либоси тоҷикиро муаррифӣ намоянд. Ин маърака бо ташаббуси ширкати “Купи Купон” дар меҳмонхонаи "Шератон"-и пойтахт оғоз ёфта, то 21 август идома хоҳад кард.
Рӯзи аввали ҳафтаи муд асосан бо намоиши либосҳои таҳиякардаи тарроҳи ҷавон Хуршед Сатторов сурат гирифт. Оқои Сатторов мегӯяд, азбаски дар тамоми дунё дар моҳи август ҳафтаи муд баргузор мешавад, онҳо низ тасмим гирифтаанд, ин маъракаро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.
Хуршед Сатторов, ки аксари либосҳои таҳиякардааш бо шеваи аврупоӣ, аммо бо ҳифзи вижагии либосҳои шарқӣ таҳия шудааст, гуфт: “Ҳоло ҳудуди 10 тарроҳ дар ин чорабинӣ либосҳои худро пешниҳоди тамошобинон мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки 60 дарсади аҳолӣ ҷавонон ҳастанд, аз ин хотир аксари тарроҳони даъватшуда ҳам ҷавон ҳастанд. Фикр мекунам, ки солҳои ахир таваҷҷуҳ ба муди тоҷик ва матоъҳои қадимӣ бештар шудааст.”
Инчунин, дар назар аст, дар “Ҳафтаи муди Душанбе” тарроҳони қирғиз ҳам намунаи кори пешкаши тамошобинони тоҷик кунанд.
Парвина Арзиқулова, яке аз иштирокдорони ҳафтаи муд гуфт, ӯро барои пешниҳоди пироҳане даъват кардаанд ва аксар духтароне, ки имрӯз намунаи либосҳоро намоиш медиҳанд, ҳамагӣ қомати баланд ва симои зебо доранд. “Ба назари ман баргузории чунин чорабиниҳо бо ҳадафи тарғиби либоси миллӣ дар дохил ва берун аз кишвар иқдоми хуб аст. Мо бояд занону духтарон ҳарчӣ бештар талош кунем, то фарҳанги тоҷиконаи худро миёни мардуми дунё ҳифз карда бошем,” – илова кард ӯ.
Худи созмондиҳандагони ин чорабинӣ мегӯянд, ин аввалин иқдоми онҳо буд ва тасмим доранд, аз ин ба баъд ҳам ҳар сол “Ҳафтаи баланди мӯд”-ро баргузор кунанд. Зеро ба гуфтаи тарроҳони тоҷик чунин чорабинӣ барои беҳтару хубтар шудани шеваи либоспӯшии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Айни видео дар Ютуб: