Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бюрои федеролии тафтишот ба ҷустӯҷӯи Сабина ва Малика оғоз кард


ВКД Тоҷикистон мегӯяд, муфаттишоти FBI " дар ҷустуҷӯи Малика ва Сабина фаъолона иштирок доранд".

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд таҷҳизоти техникии замонавие, ки аз ҷониби намояндагони Бюрои федералии тафтишот (FBI)-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин ниҳоди кишвар тақдим шудааст, бешубҳа дар кофтукови ноболиғони беномунишоншуда Малика ва Сабина Араловаҳо мусоидат хоҳад кард.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 24 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони Бюрои федералии тафтишот "фаъолона ба ҷустуҷӯи Малика ва Сабина пайваст шудааанд". Мутахассисони ин ниҳод ҳамроҳ бо гурӯҳи махсуси ВКХ, ки дар ҷустӯҷӯи духтарчаҳои нопадидишуда сафарбар шудаанд, ҳамкорӣ доранд ва машрватҳои муҳим медиҳанд, мегӯянд масъулони Вазорати корҳои дохилӣ.

Инчунин имрӯз FBI таҷҳизоти махсуси криминалистиро, ки дар самти муайян намудани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода бурда мешаванд, аз Амрико дастрас хоҳад кард.



Даъвати президент аз ходимони милиса


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 апрел зимни ширкат дар маросими тақдими манзилҳои зист ба ходимони сохторҳои интизомӣ ба зудтар ошкор шудани ҷинояти марбут ба нопадидшавии ноболиғон даъват кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони мақомоти сохторҳои интизомӣ аз ҳодисаи нопадидшавии духтарчаҳои хурдсол - Малика ва Сабина Араловаҳо ёдовар шуда, аз роҳбарият ва кормандони мақомоти масъул талаб намуд, ки барои ҳарчи зудтар ошкор намудани ин ва дигар ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он тадбирҳои судбахш амалӣ намоянд. Ин даъват зимни тақдими манзилҳои нави зист барои кормандони сохторҳои интизомии Тоҷикистон дар Душанбе садо дод.



Табдили парвандаи духтарҳои нопадидшуда ба моддаи "Одамрабоӣ"

Рӯзи 23 апрел инчунин дар як изҳороти намояндаи ВКД Тоҷикистон хабар дода шуд, ки мақомот ҷустуҷӯи Малика ва Сабина Аралова - духтарҳои 4 ва 5-соларо аз рӯи парванди "Одамрабоӣ" шурӯъ кардааст.

Ҷумъахон Каримов, муовини сардори шуъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки парвандаи ҷустуҷӯи амакбачаҳо Араловаҳо ба моддаи "одамрабоӣ" табдил шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми вазорати умури дохилӣ, "Онҳо ҳамчун беному нишон гумшуда дар ҷустуҷӯ буданд, аммо ҳоло далелҳое оид ба рабуда шудани ин кӯдакон рӯйи даст ҳаст, биноан, аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҷиноятӣ оид ба "одамрабоӣ" кушода шудааст."

Ҳамзамон, ба иттилои ҷаноби Каримов, парвандаи кофтуковӣ таҳти рақами 1331 низ ифтитоҳ шуда, аз тарафи масъулони идораи кофтукови ҷиноии мақомоти Вазорати умури дохилӣ кор карда истодааст. Генерал-лейтенант Шералӣ Сабзов, муовини вазири корҳои дохилӣ, сарварии гуруҳи кофтуковии Сабина ва Маликаро ба дӯш дорад. Ба кори кофтуковӣ Интерпол ва Бюрои федеролии таҳқиқоти Амрико ҳам ҷалб шудааст.

Ба иттилои Ҷ.Каримов, сабти дастгоҳҳои видеоие, ки дар маҳалли нопадидшавии ноболиғон - фурӯшгоҳи "Садбарг" дар хиёбони Айнӣ таҳқиқ шудаанд, нишон додаанд, ки духтарҳо барои харидани ширинӣ аз маҳалли зисти худ дур шуда баъдан эҳтимолан тӯъмаи дасти одамрабоёни мошинсавор шудаанд.

Маликаи чаҳорунимсола рӯзи 25-уми март аз назди хонаашон дар шаҳри Душанбе ғайб заданд ва ҷустуҷӯи онҳо то кунун натиҷае надодааст. Ҳафтаи гузашта вазири умури дохилӣ волидони ғамзадаи ҳарду тифлро ба ҳузур пазируфта ва ваъда додааст, ки барои пайдо кардани нишони кӯдакон ҳама корро хоҳанд кард. Вазорат аз ҷумла барои хабари арзишманде, ки барои пайдо кардани кӯдакон кӯмак кунад, подоши молӣ ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG