Рӯзи 17 апрел дар ду маҳфил – яке дар Кохи синамои Маскав ва яке дар Кохи синамои Душанбе – аз солгарди аввали марги коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров ёд карданд.
Дар Кохи синамои Маскав рӯзи 17 апрел дар остонаи солгарди марги Бахтиёр Худойназаров аз филмҳову аксҳои ӯ як ролики вижа сохта, дар ҳузури шахсиятҳои маъруфи синамои Русия ва дӯстони Бахтиёр Худойназаров ба тамошо гузоштанд. Ва ҳамон рӯз дар Кохи синамои Душанбе барои коргардонҳои ҷавон филми “Қош ба қош”-и Бахтиёр Худойназаровро ба намоиш гузоштанд ва ба дунболи он, сӯҳбати гарме пиромуни “Қош ба қош” ва ҳам аз нақши Худойназаров дар пешрафти синамои тоҷику дунё барпо кардаанд.
Бахтиёр Худойназаров рӯзи 21 апрели соли 2015, ҳамагӣ 40 рӯз қабл аз ҷашни 50-солагиаш, дар шаҳри Берлини Олмон дар айни камолоти эҷодӣ аз саратони ҷигар даргузашт. Як сол пеш ҳунарманди пуристеъдоде аз дунё рафт, ки ба бовари бисёриҳо, дурахшонтарин фаровардаҳои 25 соли охири синамои тоҷик ва синамогарони тоҷикистонӣ бештар ба номи ӯ тааллуқ мегиранд. Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1989 устохонаи Игор Таланкин дар ВГИК – Донишкадаи синамои шаҳри Маскавро хатм кардааст.
Аз "Братан" то...
Ӯ дар нимаи дувуми солҳои 80 роҳашро ба синамо аз таҳияи филми кӯтоҳи “Шӯхҳо” ва ду филми мустанади “Шикор бо саг” ва “Хоҳ бовар кунӣ, хоҳ – не” оғоз кардааст.
Аммо аввалин филми комили ҳунарии ӯ филми сиёҳу сафеди “Братан” ё ”Бародар” бар пояи сенарияи Леонид Маҳкамов буд, ки Бахтиёр Худойназаров соли 1991, дар охирин соли вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва охирин соли авҷи нумӯи “Тоҷикфилм” дар ин студияи синамо бардошт. “Братан” ҳамон сол дар се ҷашнвора – дар Турини Итолиё, Манҳейми Олмон ва ҷашнвораи “Дебют” дар Маскав ба Бахтиёр ҷоиза овард ва ӯро ба ҳайси як коргардони навҷӯву навсоз муаррифӣ кард.
Филми дувумаш – “Қош ба қош”-ро Бахтиёр Худойназаров соли 1993, вақте Тоҷикистон алакай ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафта буд, рӯи навор овард. Ин достони танҳоӣ ва талоши хӯ гирифтан ба шароити ҷанг барандаи “Шери нуқра” – ҷоизаи дувуми ҷашнвораи мӯътабари Венетсия шуд ва исми Бахтиёрро ҳамчун як коргардони сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ кард.
Аммо баландтарин қуллаи филмҳои ба истилоҳ “тоҷикӣ”-и Бахтиёр Худойназаров, албатта, “Падари маҳтобӣ”, фаровардаи соли 1999 буд. Бахтиёр барои таҳияи ин филм, ки достони зодгоҳи падарии ӯ – Фархор бар пояи қиссаи зиндагии Мамлакату падараш ва Насриддин, бародари дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ақлашро гумкардаи ӯст, ситораҳои аввали синамо, аз ҷумла Чулпан Хаматова ва Николай Фоменкоро ба Тоҷикистони ҷангзада овард. Худи филм дар соли 2000 барандаи ҷоизаи аввали ҷашнвораи мӯътабари “Кинотавр” дар Сочи шуд ва соле баъд барои Бахтиёр “Ника” – мӯътабартарин ҷоизаи телевизионии Русияро ҳам овард.
Носир Саидов, коргардони шинохтаи тоҷик, ки дар 4 филми Бахтиёр Худойназаров ба ҳайси коргардони дуюм кор кардааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ, ӯро аз ангуштшумор коргардонҳои сатҳи ҷаҳонӣ номид, ки синамои тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекард: “Вақте Бахтиёр аз ҷаҳон рафт, ман чизе дар борааш гуфта ҳам натавонистам, чунки мефаҳмидам, ки мо чӣ касеро аз даст додем? Чунин мардони худодод дар садсолаҳо яке ба дунё меоянд.”
Сар аз солҳои 2000 дар фаъолияти эҷодии Бахтиёр Худойназаров марҳалаи наве оғоз ёфт. Се филми “Шик” (соли 2003), “Танкери “Танго” (2006) ва “Дар интизори баҳр” (2012) ва сериали таърихии “Гетераҳои майор Соколов” (соли 2014), ки охирин филми ҳам иҷрокунандаи нақши асосиаш Андрей Панин ва ҳам охирин филми Бахтиёр Худойназаров шуд, аз ҳаёти Русия бардошта шудаанд. Аз ин филмҳо “Шик” шӯҳрати бештар дошт ва дар соли 2003 Шоҳҷоизаи ҷашнвораи “Кинотавр”-ро ба Бахтиёр Худойназаров ихтисос дод.
Савтҳои тоҷикиву русии филмҳои Бахтиёр
Аммо ба назари бисёриҳо, назар ба филмҳои ба истилоҳ “русӣ”-аш маҳорат ва истеъдоди Бахтиёр Худойназаров бештар дар се филми аввали “тоҷикӣ”-и ӯ ба як гунаи барҷаста зоҳир шуд. Ҳампешагон ва муҳаққиқони синамо далели инро дар решаҳои тоҷикии фарҳанги ин коргардон мебинанд ва мегӯянд, Бахтиёр ҳар куҷое рафту нарафт ва ҳатто агар дар ҳар мавзӯи дур аз Тоҷикистон филм гирифт, боз ҳам ҳуввияти тоҷикиаш бо ӯ монд.
Саъдулло Раҳимов, муҳаққиқи синамо, ки солҳои дар “Тоҷикфилм” кор кардани Бахтиёр, мудири ин студия буд, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Ин филмҳо як диди нав буд дар синамои тоҷик буд. Масалан, ҳамон “Братан”-аш, ҳарчанд дар назари аввал як филми сода менамояд, вале дар эстетикаи синамои тоҷик як диди тозаву барҷастае буд аз нигоҳи омӯхти зиндагии мардуми тоҷик ва тасвири муноқишаи байни наслҳо. Филме буд, ки ҳам ширинӣ дошту ҳам талхӣ, ҳам шодӣ дошту ҳам гиря. Бахтиёр воқеъиятҳои зиндагии моро ҳам дар ин филм ва ҳам баъдан дар “Қош ба қош” ва бахусус дар “Падари маҳтобӣ” тавонист хеле хубу навоварона тасвир бикунад.”
"Кустуритсаи тоҷик"
Бовар меравад, ки Бахтиёр Худойназаров дар сохтани филм ба коргардони шӯҳратёри югославӣ Эмир Кустуритса пайравӣ мекард ва ӯро дар маҳофили синамоӣ ҳатто “Кустуритсаи тоҷик” ҳам ном мебурданд. Аммо ба бовари Носир Саидов, тарзи тақдим ва сужаи филмҳои Бахтиёр аз Кустуритса хеле фарқ мекард. Саъдулло Раҳимов, муҳаққиқи синамои тоҷик низ мегӯяд: “Бахтиёр ба сари худ як шахсият буд ва ҳар чизе ки месохт, як диди худашрову кашфиётҳои худашро дошт. Ин муҳимтар аст. Кустуритса дарди мардуми худашро ба риштаи навор меовард ва Бахтиёр – дарди мардуми худашро. Барои ҳамин, филмҳои Бахтиёр бештар тоҷикианд. Ҳатто дар он филмҳое, ки ӯ аз ҳаёти Русия бардоштааст, лаҳну оҳангҳои тоҷикӣ ба хубӣ дида мешаванд.”
Фирӯз Сабзалиев, ҳунарпешаи тоҷик, ки дар филми аввалини Бахтиёр Худойназаров – “Братан” – яке аз ду нақши асосӣ –Фаррухро бозӣ кардаву дар се филми охирини ӯ ба ҳайси коргардони дувум кор кардааст, дар сӯҳбати ихтисосие бо Радиои Озодӣ гуфт, Худойназаров мехост боз ба таҳияи филмҳои “тоҷикӣ” баргардад ва филмҳои навашро дар Тоҷикистон бигирад.
Ин ҳунарпешаи тоҷик афзуд: “Ӯ тарҳи ду филмро дар сар дошт ва хеле зиёд дар бораашон ҳарф мезад. Мо мехостем барои таҳияи филм ба кӯҳистони Помир биравем. Алакай макони наворгириро ҳам интихоб карда будем, нахустин наворҳоро аз Помир бароямон фиристода буданд. Ин ду филм пурра аз ҳаёти тоҷикон бояд рӯи навор меомад. Вале афсӯс... Афсӯс, ки Бахтиёр хеле ҷавон рафт ва ин ҳама орзуҳову нақшаҳояшро бо худ ба хок бурд.”
Фирӯз Сабзалиев мегӯяд, Бахтиёр ҳамчун коргардон сахтгир ва ҳамчун инсон хеле хоксор буд: “Ӯ мегуфт, рӯзи кории шумо шом тамом мешавад, вале ман 24 соат дар шабонарӯз бояд кор кунам. Сенарияро бояд бозбинӣ кунам, саҳнаҳоеро, ки фардо ба навор мегирем, омода кунам... Коргардонӣ барои ман танҳо касб нест, тарзи зиндагист, мегуфт ҳамеша Бахтиёр.”
Рушт Руштов, продюсери тақрибан ҳамаи филмҳои Бахтиёр Худойназаров мегӯяд, ки ӯ тамоми кормандони ҳайъати эҷодии филмҳояшро якбаяк ва номбаном мешинохт: "Фарқ надошт, ки ту иҷрокунандаи нақши асосӣ ҳастӣ ё коргари оддии техникӣ. Бо ҳама баробар саломуалейк ва пурсупос мекард. Худро аз касе боло намегирифт. Вале вақте даркор шуд, аз ҳама сахт талаб мекард."
Бахтиёр Худойназаров замоне ба майдони синамо омад, ки Шӯравӣ пош хӯрд, Тоҷикистон ба вартаи ҷанги хунин ғарқ шуд ва риштаи синамо ба ҳадде ба гирдоби бӯҳрон фурӯ рафт, ки дар студияи “Тоҷифилм” тайи чандин сол дигар ҳатто як филми комили ҳунарӣ гирифта натавонистанд. Мухлисонаш мегӯянд, агар Худойназаров каме пештар имкони филмбардорӣ медошт, шояд мо имрӯз як Бахтиёри дигар бо филмҳои комилан дигар медоштем.
Аммо ба ақидаи Саъдулло Раҳимов, ҳунари Бахтиёр ҳам дар ҳамин буд, ки ӯ тавонист дар чунин шароити мушкилу маҳдуд филмҳои баланд биофарад. Рушт Руштов ҳам ба ҳамин назар аст: “Фикр накунам, ки агар ӯ дар замони Шӯравӣ мезист, филми бештаре ба навор мегирифт. Бахтиёр як хислат дошт, ки кам месохту хуб месохт. Барои таҳияи як саҳнаи ҳатто начандон муҳим, ки коргардонҳои дигар шояд ҳамагӣ соате сарф кунанд, Бахтиёр гоҳо як моҳро сарф мекард. Ба истилоҳ соки ҳамаро меҷафид, то саҳна комил ва ҳамон тавре, ки ӯ мехоҳаду мебинад, иҷро шавад.”
Бачаи Душанбе ба Душанбе барнагашт...
Як мавзӯе, ки гоҳу ногоҳ баҳс мешавад, муносибати Бахтиёр Худойназаров ба Тоҷикистон аст. Ин масъала бештар ба ҷаҳонбинии космополитии ин коргардон бармегардад, ки ба таъбири Рушт Руштов, худро “шаҳрванди тамоми ҷаҳон” медонист. Руштов мегӯяд, албатта, бархӯрди Бахтиёр ба Тоҷикистон ҳам мураккаб буд: “Солҳои ҷанг ӯ дар инҷо дӯстони зиёдашро аз даст дод ва гоҳо дилаш мегирифт, албатта. Бахтиёр як нафаре буд, ки ҳама ҷое ки зиндагӣ ё кор мекард, барояш роҳат буд. Чӣ дар Маскав, чӣ дар Берлин ва чӣ дар Тоҷикистон. Вале ӯ хеле муҳаббат дошт ба ҳамватанҳои худ ва аз ин рӯ, агар бубинед, дар тақрибан ҳамаи филмҳояш нисфи гурӯҳи ӯ ҳамеша тоҷикҳо буданд.”
Носир Саидов низ мегӯяд, ки Бахтиёр ҳеҷ гоҳ мушкиле бо тоҷикҳо ё бо Тоҷикистон надошт: “Ӯ хеле дӯст медошт Тоҷикистонро. Ва ҳар куҷое мерафт, бачаҳои тоҷикро бо худ мебурд, дар филмҳояш нақш медод, ё идораи умури филмҳояшро ҳамеша ба тоҷикҳо бовар мекард.”
Ба ақидаи Фирӯз Сабзалиев, ки тайи 24 сол то дами маргаш бо Бахтиёр Худойназаров ҳамкорӣ кардааст ва ӯро барои худ бештар аз як омӯзгор ва устод меҳисобад, “Бахтиёр ҳамешаи бачаи Душанбе буд ва бачаи Душанбе монд.”
Фирӯз Сабзалиев гуфт, то ҳол ба марги Бахтиёр бовараш намеояд: “Эҳсоси ман ин аст, ки ӯ дар куҷое дар хориҷа асту сенарияи филми навашро менависад. Фикр мекунам, ки Бахтиёр як рӯз ҳатман бармегардад ва мо ба Тоҷикистон меравему ба таҳияи филми нав шурӯъ мекунем.”