Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фархор Бахтиёр Худойназаровро фаромӯш накардааст. ВИДЕО


гӯшаи Худойназаров дар осорхонаи Фархор
гӯшаи Худойназаров дар осорхонаи Фархор

Ҳукумати ноҳияи Фархор гӯшаеро дар осорхонаи ин ноҳия бо номи Бахтиёр Худойназаров таъсис додааст.

Ҳукумати ноҳияи Фархор гӯшаеро дар осорхонаи ин ноҳия бо номи Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷик таъсис додааст, ки дар он аксҳо, намунаи филм, нусхаи ҷоизаҳо ва бархе аз дастгоҳҳои наворбардории хусусии ӯ нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Октябрина Исматовна, модари ин филмбардор низ тасмим гирифтааст, рӯзи 25-уми май ба Фархор биёяд ва дар чорабинии вижае бахшида ба 50-солгаии писараш, ки ҳукумати маҳаллӣ созмон медиҳад, иштирок кунад. Наздикони Бахтиёр Худойназаров дар Фархор мегӯянд, чанде пеш аз даргузашташ дар 21 апрели соли равон Бахтиёр бо онҳо тамос гирифта, ваъда дода буд, ки бо каме хуб шудани саломатиаш табобаташро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.

>Зумрад Худойназарова, амакдухтари Бахтиёр Худойназаров чоршанбеи 29-апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писарамакаш аз кӯдакӣ боистеъдод буд. Ӯ мегӯяд, Бахтиёр ҳамеша таътили тобистонаашро дар Фархор мегузаронд ва ҳангоми бозиҳои кӯдакона аз ҳамсолонаш тақозо мекард, то нақшҳоеро иҷро кунанд. Ба гуфтаи Зумрад Худойназарова, амакбачааш дӯст медошт, ки ҳангоми бозиҳои кӯдакона ӯро дар нақши арӯсе бубинад, ки бо шавҳараш аз деҳа фирор мекунад ва дар шаҳр пас аз таҳсил хушбахт мешавад. Ӯ ҳамеша кӯдаконро гирди ҳам оварда, барои бозӣ идеяҳои шавқовар дода, саҳнаҳои бозиро гардонандагӣ мекардааст ва гоҳҳо худаш ҳам дар нақши “раис ё омӯзгори хуб” ширкат мекард.

Хурд будем, меомад. Амакам Боҷон ҳар тобистон омада, ӯро дар назди бобову бибиям гузошта мерафт. Бо омадани ӯ мо кӯдакон тӯй доштем, зеро дигар давоми таътили тобистона мо бозиҳои хуб мекардем. Баъдан соли 1998 ба наворгирии филм омад ва аввал омада, аз хона дидан кард ва баъд аз паи кораш шуд. Чанде дар ин деҳа монд ва манзараҳоро наворбардорӣ кард. Моро Фарҳод - бародарамон аз маргаш огаҳ кард, хеле андӯҳгинем”, - мегӯяд Зумрад Худойназарова.

Ба гуфтаи хешовандонаш, Бахтиёр Худойназаров бори охир 17 сол пеш

хонаи тобистонаи Худойназаров
хонаи тобистонаи Худойназаров

ба Фархор омада буд. Наздиконаш мегӯянд, ки дар сӯҳбатҳои телефонии солҳои ахир ин филмсози машҳур бо як ҳасрат аз кӯдакиҳояш сӯҳбат мекард.

Гушаи хотираи Худойназаров дар ҳоле дар Фархор таъсис дода шуд, ки расонаҳои русӣ ӯро бештар як коргардони синмои Русия муаррифӣ карданд ва танҳо гуфтанд, ки ӯ то охир решаҳои тоҷикиашро аз ёд набурд. Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, номи Бахтиёр Худойназаров дар қатори дигар мардони бузурги фархорӣ ҷойгузин хоҳад шуд. Ба гуфтаи Раҳимзода,онҳо кӯшиш мекунанд, то мавлуди филмсози машҳур ҳамаи хароҷотро омода кунанд ва маъракаро дар сатҳи баланд дар Фархор гузаронанд.

Ҷамшед Юсуфов, директори кинотеатри Фархор мегӯяд, онҳо аз Маскав филмҳои Бахтиёрро фармоиш доданд ва рӯзҳои наздик дастраси бинандагон хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, ки марги нобаҳангоми Бахтиёр ҳамаи онҳоро такон дод.

;Мо аз марги нобаҳангоми Бахтиёр бисёр андӯҳгин шудем. Бахтиёр ҳатто ба синни панҷоҳ нарасида буд. Дар пайи таҷлили зодрӯзаш мо тасмим гирифтем панҷ рӯз филмҳои ӯро ба сокинон дар экарани калон ройгон нишон диҳем”, - гуфт мусоҳиби мо.

Филми аввалини Худойназаров бо номи “Братан” наворбардорӣ шуда буд, ки соҳиби сабк ва нигоҳи хоси синамоии худ буд. Ин сабк дар “Қош ба қош” рӯшантар ба назар расид, ҳарчанд дар вазъи душвори оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 наворбардорӣ шудааст. Дар бархе аз саҳнаҳои он нишонаҳои ин ҷанг, ҳаракати афроди мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо ба мушоҳида мерасад, ки коргардон онҳоро бадоҳатан ба навор гирифт ва ба матни филм ҳамроҳ кард. Ба сурати умум, ғуссаи сахт аз вазъи ватанаш оҳанги ботинии ин филмро ташкил додааст. Барои ҳамин филмаш ӯ ҷоизаи "Шери нуқра"-и ҷашнвораи филмҳои Венетсияро соҳиб шудааст.

Дар интизори баҳр" асари шашуми Бахтиёр Худойназаров буд, ки ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Худойназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери "Танго"»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худойназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалиро соҳиб шудааст.

Фархор Бахтиёр Худойназаровро фаромӯш накардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:34 0:00

XS
SM
MD
LG