Барои бори аввал барои ширкат дар ин ҳаракати тафтишотӣ Фахриддин Зокиров, яке аз 3 вакили мудофеъи раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро низ роҳ додаанд.
Фахриддин Зокиров дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, муваккилашро имрӯз бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ кардаанд ва ин ҳаракати тафтишотии рӯбарӯкунӣ марбут ба иттиҳоми гирифтани пора тибқи моддаи 319, қисми чори Кодекси ҷиноӣ будааст.
Фахриддин Зокиров гуфт, Низомхон Ҷӯраев Саидовро дар гирифтани пора ба маблағи 100 000 доллар дар замони вазириаш айбдор кард, вале нагуфт, ки ин пулро барои чӣ ё барои ҳалли кадом масъала гӯё дода бошад? Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Зайд Саидов ин иттиҳомро радд карда, гуфтааст, ки аз Ҷӯраев ягон маблағ нагирифтааст.
Аммо оқои Зокиров аз ироаи ҷузъиёти бештари ҳолатҳое, ки дар ҷараёни рӯбарӯ кардани Саидов бо Ҷӯраев матраҳ шудаанд, худдорӣ кард ва гуфт, ӯ ҳаққи ифшои чунин маълумотро надорад.
Фахриддин Зокиров мегӯяд, бо худи Зайд Саидов низ сӯҳбат доштааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ба Саидов аз замони оварданаш ба бинои идораи шаҳрии Ожонси зиддифасод ягон бор имкони берун рафтан надодаанд ва ин дар ҳолест ки дар санадҳои мавҷуда ягон навъ протоколи боздошти ӯ нест, ки ба ақидаи оқои Зокиров, қонуншиканист. Ӯ мегӯяд, Саидовро зоҳиран на дар СИЗО ё ИВС, балки дар яке аз утоқҳои корӣ нигоҳ медоранд, чунки барои бурдани ӯ ба боздоштгоҳ бояд санади расмӣ тартиб диҳанд.
Фахриддин Зокиров гуфт, рӯҳияи муваккилаш хеле заиф ба назар мерасад, чунки баъди як сафари тӯлонӣ ва бозпурсиҳои давомдор сахт монда шудааст. Вале, афзуд вакили мудофеъ, Зайд Саидов дар ҷараёни бозпурсиҳо ба худ эътимоди қавӣ дорад ва ба ҳамаи суолҳо ҷавоби саҳеҳу бодалел медиҳад ва барои ҳимоят аз бегуноҳии худ далелҳои қавӣ ҳам меорад.
Ожонси мубориза бо фасод, ки Зайд Саидовро баъди бозгашташ аз сафари Аврупо соати сеи шаби 19 май аз фурудгоҳ аз дохили ҳавопаймои Франкфурт-Душанбе боздошт кард, баъдан эълон кард, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи Низомхон Ҷӯраев ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки аз даст доштани Зайд Саидов ба ҷиноёти сангине, чун ришвахориву қаллобӣ ва сӯъиистифода аз мақом дарак медиҳанд. Ин ҳолатҳо марбут ба соли 2006, яъне замонест, ки Зайд Саидов вазири саноати Тоҷикистон буд.