Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Флешмоб - "издиҳоми оқил" ё эътирози хурд?


Рӯзи ҷумъа дар назди бинои Маҷмаи нашру табъи «Шарқи Озод»-и шаҳри Душанбе бо иштироки наздик ба 50 тан "флешмоб" ё ҳамоиши ҳамфикрон баргузор шуд.

Ҳарчанд ҳаво дар Душанбе хеле сард буд, ҷавонони зиёде, ки умдатан ба воситаи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз баргузории ин флешмоб огоҳ шудаанд, дар он ширкат варзиданд.

Вера Кулакова–Бранеруд, мудири кулли радиои “Ватан” ва ташкилкунандаи ин маърака ба Радиои Озодӣ гуфт, ин флешмоб ба ифтихори маъракаҳои "Душанбе - шаҳри бехатар ва дӯстдори сулҳ” ва ҳамчунин “16 рӯз муқобили хушунат” рабт дорад:

“Радиои “Ватан” шарики иттилоотии ин ду маърака интихоб шудааст. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем аз роҳи ташкили флешмоб дар шакли дил, муҳаббати худро ба
Вера Кулакова, аз ташкилкунандагон флешмоб
Вера Кулакова, аз ташкилкунандагон флешмоб
Душанбе изҳор дошта собит кардем, ки шаҳри мо сулҳдӯстдор аст.”

Хонум Кулакова мегӯяд, интихоби рамзи дил ба хотири боло бурдани эҳсоси "беҳтарини ҷавонон ба эҳтироми оилаву зану модар" мебошад.

Ташаббускорон мегӯянд, ки барои ташкили ин гирдиҳамоӣ бо ширкати 100 нафар аз пеш бо шаҳрдории Душанбе иҷоза гирифтаанд.

“Вале тавре медонед, амнияти ҳар як ширкаткунанда бар дӯши ташкилкунандагон аст. Мо фикр кардем, ки идора кардани издиҳоми саднафара мушкилтар аст. Чунки мо масъулияти амнияти ҳар нафарро то ба хона рафта расиданаш бар дӯш дорем. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем миқдори ширкаткунандагоно то 50 нафар коҳиш диҳем.”

Ташкилкунандагони флешмоб пуфакҳои сурх ба даст гирифта дар рӯи наққошие, ки рамзии дилро дошт, паҳлӯи ҳам қарор гирифтанд ва баъд аз чанд дақиқа пуфакҳояшонро ба ҳаво сар доданд. Ҷараёни баргузории флешмобро кормандони пулис ва амнияти Душанбе аз канор назорат мекарданд.

Суҳбатҳои мо бо чанде аз ҷавононе, ки дар флешмоб ширкат доштанд собит кард, ки онҳо аз мӯҳтаво ва мақсади баргузории флешмоби ба таври комил огоҳ набуданд. Фирдавс Ҷабборов, муҳасили мактаби миёнаи рақами 21-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ӯ тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кардааст, ки чунин флешмобҳо дар хориҷа сари чанд вақт ва бо шаклҳои аҷиб баргузор мешаванд: “Ман аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз баргузории чунин флешмоб огоҳӣ пайдо кардам. Ман омадам нишон диҳам, ки дар ҷумҳурии мо низ чунин ҳамоишҳо бапо мешавад ва мо аз дигар кишварҳо кам нестем.”

Флешмоб калимаи англисӣ буда, маънои «ҳамоиши лаҳзаина»-ро дорад. Ширкатдорони флешмоб - мобберҳо ҷамъ меоянд, лаҳзае ба ҳар навъ эътирози худро баён мекунанду мераванд ва амалашонро сари мизе дар ягон тарабхона ё ошхонаи сарироҳӣ баррасӣ менамоянд.

Фарқи флешмоб аз дигар ҳамоишҳо ин аст, ки он тариқи торнамоҳо ва махсусан шабкаҳои иҷтимоӣ раҳандозӣ карда мешавад ва ширкат дар он ихтиёрист. Ҷомеашиносон ширкаткунандагони флешмобро “издиҳоми оқил” меноманд. Чунки онҳо ҳамоишҳоро ихтиёран ташкил карда, аз дохил худро танзим мекунанд.

Аввалин флешмоб тариқи интернет дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар таърихи 17-уми июни соли 2003 баргузор шуда ва нахустин флешмоби Тоҷикистонро журналист ва фаъоли фейсбукӣ Зафар Абдуллоев дар эътироз ба бебарқӣ, рӯзи 8-уми апрели соли гузашта дар назди бинои ширкати «Барқи тоҷик» ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG