Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон қатъ намешаванд


Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар, ба мувофиқа расиданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар гуфтугӯҳои Маскав, тарафҳо розӣ шуданд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский, парвозҳо анҷом диҳанд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия то дершаби 7 ноябр идома дошт ва ҷонибҳо тавонистанд дар атрофи масъалҳои мавриди баҳс, ба мувофиқа бирасанд.

Ҷаноби Ганҷалзода хабарҳо дар бораи гузаштҳои ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Русия дар ин музокиротро радд кард ва гуфт, ки тибқи натиҷаҳои ин музокирот, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бар асоси "паритет ё баробарӣ", парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия, анҷом хоҳанд дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки ба ҷониби Русия иҷозаи парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дода шуд. Вале гуфт, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳ парвозҳоро хоҳанд дод.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии русӣ аз қавли манобеи вазорати нақлиёти Русия гуфтанд, ки феълан танҳо ширкати русии “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳри Душанбе дар ҳафта ду парвоз анҷом хоҳад дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда бо ҷониби Русия, ширкатҳои Тоҷикистон метавонанд, дар масирҳое, ки мусофирон зиёданд, парвозҳои бештар дошта бошанд.

Зимнан, рӯзи 3 ноябр вазорати нақлиёти Русия гуфт, ки бо сабаби мухолифати Тоҷикистон барои ташкили парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз Маскав тавассути фурудгоҳи Жуковский, Русия ҳамаи парвозҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ мекунад.

Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати тавассути фурудгоҳи воқеъ дар вилояти Маскав анҷом шудани парвозҳо, манфиати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз рӯи муқаррароти “паритет ё баробарӣ”, риоят намешавад. Мояи норизоияти Тоҷикистон ин буд, ки шумори ширкатҳои русии анҷомдиҳандаи парвоз ба шаҳрҳои ин кишвар назар ба хадамоти ширкатҳои тоҷикӣ бештар аст.

Тоҷикистон гуфта буд, ки дар сурати аз Жуковский ҳам илова шудани парвозҳо ба самти Тоҷикистон, шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд афзоиш меёбад ва ин чиз манфиатҳои бозори парвозҳои Тоҷикистонро халалдор мекунад. То ҳол парвозҳо миёни 4 шаҳри Тоҷикистон ва беш аз 10 шаҳри Русия ба таври баробар аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар анҷом мешаванд.

Аз сӯи дигар, фурудгоҳи нав дар ҳудуди вилояти Маскав воқеъ буда ва аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Маскав – “Шереметево”, “Домодедово” ва “Внуково” дар фосилаи 40 то 100 км роҳ ҷойгир аст ва ин тасмим барои мусофирони тоҷик мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Хусусан барои мусофирони тоҷик, ки мехоҳанд аз тариқи Маскав ба кишварҳои дигари хориҷӣ парвоз кунанд.

Муҳимтарин бахши мусофирони ҳавопаймоҳои Тоҷикистон-Русия муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки бо ҳадафи кору рӯзӣ ба ин кишвар мераванд ва солона шуморашон дар ҳудуди 1 миллион нафар ҳисоб шудааст.

Фурудгоҳи Жуковский дар наздикии шаҳри Маскав аз моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда ва қарор аст ширкати русии “Уральские авиалинии” аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Феълан дар ин феҳрист номи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон шомил нашудааст. Аммо вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар гуфтугӯҳои Маскав тавофуқ ҳосил шудааст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳ парвозҳо анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG