Ин хонаводаҳо бар асоси иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бештар дар назди рӯдхонаҳои селхез ва дар мавзеҳое, ки хавфи фаромадани ярчу тарма вуҷуд дорад, ба сар мебаранд.
Фарҳод Сангимадов, сокини деҳаи Пистамазори ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, шаби 12-ум ба 13-уми апрел дар ҳоле, ки ярч 5 хонаро дар ҳамсоядеҳаашон, деҳаи Одинабойи зер кард, оғилхонаҳои онҳо ҳам аз фаромадани ярч комилан хароб шуд. Ӯ мегӯяд, ҳоло эҳтимоли осеб дидани манзили зисти онҳо ва дигар ҳамсоягонашон низ вуҷуд дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Фарҳод мегӯяд, ҳанӯз чанд сол қабл барои кӯчониданашон аз ин ҷои хатарнок ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда буданд ва барояшон ваъда карданд, ки ҳатман барои бунёди манзили зист дар ҷои амнтар замин медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дигар имкони зиндагӣ дар зери кӯҳпорае, ки ҳар лаҳза ба поён сарозер шуданаш имкон дорад, вуҷуд надорад: «Рӯз то рӯз хавфнок мешавад. Мо ариза барои замин ҳам додем, вале то ҳол аниқ заминро ҷудо накардаанд. Гуфтанд, ки мувофики муҳоҷирати экологӣ мекӯчонем, вале то ҳол аз ин ҳам хабар нест. Дар ин ҷо шояд 50 сол боз зиндагӣ дорем, вале ҳоло фикр мекунам, ки хатарнок шудааст. Ба фикрам дар ин зери кӯҳ зиндагӣ кардан мушкил шудааст.»
Ҳоло, аксари хонаводаҳои зери хавф қарордоштаи ҷамоати Саричашма муваққатан дар ҷои бехавфтар кӯчонида шудаанд ва зери хайма зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, тамоми талошҳо анҷом мешавад, то сокинон аз маконҳои хавфнок кӯчонида шаванд. Ӯ мегӯяд, наздики 300 хонаводаи зери хатар қарордошта бо кӯмаки ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд: «Мо рӯйхат мекунем ва ба ҳукуматҳои маҳаллӣ барои кӯчонидан пешниҳод мекунем. Соли гузашта 292 хоҷагӣ кӯчонида шуд, ки 50 оила аз Бадахшон, 66 хоҷагӣ аз Суғд ва вилояти Хатлон 100 хоҷагӣ аз ҷойҳои хатарнок кӯчонида шуданд. Боз барои кӯчонидани аҳолӣ аз ҷойҳои хатарнок талошҳо идома дода мешаванд.»
Аз беш аз ҳазор хонаводаи зери хатар қарордошта, чаҳорсад хонаводаи он дар минтақаи Кӯлоб, ки ҳамасола аз офатҳои табиӣ сокинонаш талафоти сангин мебинанд, зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо бо вуҷуди таҳдиди хатар ҳама чиро аз тақдир дида, хоҳиши ба дигар ҷой кӯчидан надоранд. Аммо Саидаҳмад Пириев, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб, ки масъулияти муҳоҷирати дохилии сокинонро низ ба ӯҳда дорад, мегӯяд, аксари сокинони зери хавф қарордошта намехоҳанд, ҷои зисташонро тарк кунанд.
Ҳарчанд, барои онҳо аз ҷониби масъулон ба ҷои бехавфтар кӯчонидан пешниҳод шавад ҳам, аммо ба ҳеҷ шарте манзили бобоиро тарк кардан намехоҳанд: «Онҳо ҳамаро аз тақдир медонанд. Баъзеашон барои кӯчидан розӣ мешаванд, вале бархеи дигар розӣ намешаванд. Ҳарчанд, бо онҳо фаҳмонида мешавад, ки ин ҷо зиндагӣ хатарнок аст, аммо онҳо мегӯянд, ки ҳар чӣ дар насиб бошад, мебинем. Дар насибамон мурдан бошад, дар дигар ҷой ҳам мемирем. Лекин мувофиқи нақшаи ҳукумати Ҷумҳури оҳиста-оҳиста аҳолӣ ба ҷои бехавфтар кӯчонида мешаванд.»
Аммо сокиноне, ки дар ҷои хавфнок зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, аз ҷониби ҳукумат барои кӯчидан барояшон пешниҳоди ночиз мешавад, ки бо он дар дигар ҷой имкони зиндагӣ кардан мавҷуд нест. Савлатбӣ Камолова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки манзили зисташон зери хавф қарор дорад, мегӯяд, ба онҳо пешниҳоди ба ҷои бехавфтар кӯчонидан шуда буд, вале фақат барояшон замин ва якуним ҳазор сомонӣ ваъда карданд, ки бо ин имкони бунёди манзили зист набуд: «Аз ин ҷо хеста рафтан як хонаи дигар сохтан вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Мо гуфтем, ки дар ноҳия бароямон замин диҳанд, вале гуфтанд, ки ба Қумсангиру он ҷойҳо зиндагӣ кардан хоҳед, медиҳем. Он ҷо шароит вазнин ва бо 1 ду ҳазор сомонӣ хона сохта мешавад? Барои ҳамин ҳар чӣ кӣ ҳаст аз тақдир мебинем ва ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем, ҳарчанд, хоҳиши кӯчидан дорем.»
Талоши кӯчонидани сокинон аз мавзеъҳои бехавф дар ҳолест, ки ҳамасола ҳалокати сокинон дар пайи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад. Мушоҳидаҳо низ ҳокист, ки ҳар сол дар охирҳои моҳи апрел ва аввалҳои моҳи май рӯдхонаи кӯчаки Тебалай, ки онро сокинон "рӯдхонаи марг" ҳам ном мебаранд, ба сокинон зиён мерасонад. Ҳанӯз селомади шаби 7-уми майи соли 2010, ки он ҳам аз рӯдхонаи Тебалай сар зада буд, аз ёдҳо нарафтааст. Чун дар пайи ин офати табиии 14 сокин ҳалок ва беш аз ҳазор хона хароб гардид.
АКСҲО АЗ ДЕҲАИ ОДИНАБОЙӢ БАЪД АЗ ОФАТИ ТАБИӢ