Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен муроҷиати Ғаффор Мирзоевро гирифтааст. 2 ВИДЕО


Ғаффор Мирзоев.
Ғаффор Мирзоев.

Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ахиран шикоятҳои Ғаффор Мирзоев, яке аз генералҳои бонуфузи замони ҷанги шаҳрвандиро дастрас кардааст. Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик, рӯзи 3-юми август дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, шикоятҳои Ғаффор Мирзоев тавассути хоҳараш ба онҳо расид.

Зариф Ализода: Бо Ғаффор Мирзоев моҳи оянда сӯҳбат мекунем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Ғаффор Мирзоев, аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз рӯи 28 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд

“Ғаффор Мирзоев ба воситаи хоҳараш ба мо муроҷиат кард, ки мехоҳад сӯҳбат кунад. Мо гуфтем, ки марҳамат мо аз рӯи нақша ташриф дорем, ин масъаларо мебинем. Моҳи оянда кормандони мо ба муассисае, ки Ғаффор Мирзоев нигоҳдорӣ мешавад, ташриф меоранд”, - афзуд ӯ. Аммо омбудсмен хабари наздикони Ғаффор Мирзоевро дар мавриди гуруснанишинии ӯ таъйид накард.

27 июл - Ғаффор Мирзоев гуруснанишинӣ эълон кард

Наздикони Ғаффор Мирзоев, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд, рӯзи 27-уми июл гуфтанд, ки ӯ ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ғаффор Мирзоев -- аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз рӯи 28 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Дар ин бора хоҳари бузурги Мирзоев бо такя ба мақомоти зиндон, хабар дод.

Оиша Мирзоева гуфт, ки додараш ҳамчунон ба давлати Тоҷикистон эътиқод дорад ва танҳо мехоҳад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар парвандааш ва шароити будубошаш дар зиндон бозбинӣ шавад

Мирзоев моҳи августи соли 2004 боздошт ва соли 2006 зиндонӣ шуд. Аз он замон то ҳол чандин бор барои бозбинии парвандааш ва шароити будубошаш ба Дастгоҳи президент, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ, номаҳои шикоятӣ навиштааст.

Оиша Мирзоева, хоҳари калонии Ғаффор Мирзоев, 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи чоршанбе, соати 13:00 аз дохили маҳбас занг зада гуфтанд, ки Ғаффор даст ба гуруснанишинӣ зада, ӯро ба утоқи танҳоӣ бурдаанд ва феълан дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Ғаффор Мирзоев гуруснанишинӣ эълон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

​Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш гӯё 22-юми июл даст ба гуруснанишинӣ задааст. Мирзоева нагуфт, ки ин хабар аз кадом доираҳо ба дасти ӯ расид.

“Дирӯз вақте ин хабарро ба ман расониданд, фишорам баланд шуд ва субҳи имрӯз аз Кӯлоб ба Душанбе омадам. То ҳол аз аҳволаш хабар надорам ва аз дохил мегӯянд, ки азбаски ӯро ба утоқи алоҳида бурдаанд, ба ғайри масъулони маҳбас ҳеҷ кас аз ӯ дарак надорад”- гуфт Оиша Мирзоева.

Масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, рӯзи 27-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Оиша Мирзоева мегӯяд, ки "Ғаффор ба унвони Дастгоҳи президент ва ба номи раиси дастгоҳ Озода Раҳмон нома навишта, гуфта буд, ки агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад."

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев
Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев

Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раиси ҷумҳур ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳур намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд. Оиша Мирзоева гуфт, ки бародараш ҳамчунон ба давлати Тоҷикистон эътиқод дорад ва танҳо мехоҳад, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар парвандааш, бозбинӣ шавад.

Дар гузашта муроҷиатҳои Мирзоев барои бозбинии парвандаи ӯ беҷавоб монд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш дар ин муддат талош кард, бархе хотироти худро аз ҳаводиси солҳои 1990-ум рӯи коғаз биёрад, вале навиштаҳояш аз ҷониби маъмурони зиндон мусодира шудаанд. Ӯ гуфт, дар ҳар дидорбинӣ, ки дар ним сол як дафъа сурат мегирад, ӯ бародарашро афсурдаву пиртар дармеёбад.

Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони ба зиндон рафтанаш, дар соли 2006, дар мақоми фармондеҳи пешини Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро низ хатм кард. Ӯ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Амрико парчамбардори тими миллии Тоҷикистон буд.

Мирзоевро ниҳодҳои интизомии кишвар моҳи августи соли 2004 боздошт карданд ва Додгоҳи олӣ баъди ду соли баррасии парванда, ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд. Генерали собиқ Ғаффор Мирзоев ба ҷурми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин, гунаҳкор дониста шудааст.

Моҳи май дар як нома ба расонаҳо ин генерали зиндонӣ навишта буд, ки иттилои расонаҳо дар бораи инки яке аз ҷурмҳои ӯ "хиёнат ба давлат" аст, воқеият надорад. Вай аз журналистон домангир шудааст, ки ин айбро ба гардани ӯ бор кардаанд. Ғаффор Мирзоев аз дохили зиндон паём дод, ки ҳаргиз бо моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хиёнат ба давлат”, айбдор нашудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон 12 августи соли 2006 гуфта буд, ки Ғаффор Мирзоев дар 100 ҷиноят даст дорад.

XS
SM
MD
LG