Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъзеҳо то 12-и шаб инҷо мемонанд". "Wi Fi"-и ройгон дар Душанбе. ВИДЕО


"Вай фай" ё интернети бесиму ройгон дар чанд рӯзи ахир шумори меҳмононро дар бархе аз боғҳои Душанбе зиёд кардааст. Ширкати мухобиротии "Мегафон" дар доираи лоиҳаи "Шаҳри Ҳушманд" 5 боғи калони Душанберо бо "вай фай" ё интернети бесим пайваст мекунад.

Дар ҳоли ҳозир ду боғи бузурги фароғатии шаҳр ба интернети бесим васл шуданд. Боғи Айнӣ яке аз онҳост. Тайи як ҳафтаи ахир сокинон ҳангоми гашту гузор ё истироҳат дар ин боғ аз интернети ройгон истифода мебаранд.

"Бо хешу табор бо интернет гап мезанем"

Мастона Абдуллоева, ки ба ҳангоми сайругашт дар боғ бо як хеши муҳоҷираш тариқи интернет сӯҳбат мекард, гуфт, истифодаи интернет аз телефони мобилаш арзон нест ва на ҳамеша метавонад бо дӯстону наздиконаш тамос гираду сӯҳбат кунад.

Ӯ, ки аз фароҳам шудани "Вай фай"-и ройгон дар боғ хушҳол буд гуфт, "нархаш гарон буд, мо наметавонистем. Ҳоло ки "вай фай"-и бепул аст, мо метавонем онро истифода барем. Бо хешу табор бо интернет гап мезанем".

"Вай фай" дар Боғи Айнӣ, ки масоҳаташ 15 гектар аст, дар чанд нуқтаи серодам дастрас мебошад. Бино ба мушоҳидаи масъулини боғ, ҳоло шумораи сокиноне, ки маҳз рамзи "вай фай" дар боғ онҳоро ба ин ҷо меорад, зиёд шудаанд. Ин гурӯҳ, ки аксаран ҷавононанд, соатҳо аз боғ берун намешаванд ва бо истифода аз интернети ройгон маводи дилхоҳашонро аз шабакаҳои мухталиф ҷустуҷӯ, тамошо ва ё бо наздикони роҳдури худ муошират менамоянд.

Интернети бепул дар паркҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ба гуфтаи корманди Боғи Айнӣ Юсуфҷон Исмоилзода, "сокинон пештар омада як сайру гашт мекарданд, ҳоло муддатҳои зиёд менишинанд, аз интернет истифода мекунанд. Баъзеҳо то соати 12 шаб ба хотири интернет дар ҳаминҷо менишинанд".

Насби "Вай фай" ҳоло дар Боғи Рӯдакӣ воқеъ дар маркази шаҳр ҳам идома дорад. Масъулини ширкати "Мегафон" мегӯянд, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом дастрасии бештари сокинон ва махсусан сайёҳон ба интернети ройгон аст.

Чаро интернети ройгон дар боғҳо?

Парвиз Давлатов, раҳбари раёсати минтақавии ширкати "Мегафон" дар шаҳри Душанбе рӯзи сеюми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тавре мебинем, як рӯзи оддии мо дигар бе интернет намегузарад. Бинобар ин, мо дар ин самт бештар кор мекунем. Чаро мо аз боғҳо шурӯъ кардем? Имсол соли сайёҳӣ ҳаст ва мо хостем дар баробари корбарони дигар, меҳмонони кишвари мо ҳам аз ин имконият истифода баранд. Сайёҳон на ҳамеша метавонанд аз телефони худ интернет истифода баранд. Вақте ба онҳо дар чунин мавзеъҳо "вай фай"-и ройгон пешниҳод мешавад, метавонанд тавассути интернет ҷойҳои диданиву таърихии шаҳрро пайдо кардаву ба сайёҳат раванд".

Ба гуфтаи масъулин, дастрасӣ ба сомонаҳо тавассути интернети бесими боғҳои фароғати маҳдуд нест. Аммо ба гуфтаи бархе аз истифодабарандагони интернети ройгон дар боғ, бо зиёд шудани меҳмонон суръати интернет каме суст мешавад. Умар, сокини ҷавони Душанбе, ки зимни сайёҳаташ дар боғ бештар аз саҳфаи "Ютюб" ва "Инстаграм" истифода мекардааст, мегӯяд, "суръати интернет хуб аст. Вале одам зиёд шуд, кораш сустар мешавад".

Нархи гарони интернет дар Тоҷикистон

То имрӯз бархе аз меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва фурӯдгоҳи Душанбе барои муштариёни худ интернети ройгони бесим пешниҳод мекунанд. Қаблан як ширкат даҳҳо нақлиёти ҷамъиятиро ҳам бо интернети ройгон таъмин карда буд. Аммо ин дер давом накард ва ҳоло интернети бесим дар нақлиёти мусофирбар фаъол нест.

Бино бар омори расмӣ, имрӯз ҳудуди 3 миллион сокини Тоҷикистон аз интернет истифода мебарад. Нархи истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар қиёс бо аксар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гарон аст. Дар ҳамин ҳол соле пеш як пажуҳиш ҳам муайян кард, ки суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бамаротиб сусттар аз кишварҳои ҳамсоя аст.

Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳам фаъолони ҳуқуқ барои масдуд кардани бархе сомонаҳо борҳо танқид шудааст. Яке аз мавзуҳои пурбаҳстарин ва ҷанҷолии имсол ҳам дар Тоҷикистон қарори гарон шудани нархи интернет буд, ки дар рӯзи иҷро шуданаш аз сӯи президент лағв гардид.

XS
SM
MD
LG