Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардиши савдои Тоҷикистону Чин беш аз 24% зиёд шуд


Завқӣ Завқизода Лин Тсзи
Завқӣ Завқизода Лин Тсзи

​​​​​​​Соли 2023 гардиши савдои хориҷии миёни Тоҷикистон ва Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соле аз ин пеш 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Соли 2023 гардиши савдои хориҷии миёни Тоҷикистон ва Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соле аз ин пеш 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Чин дуюмин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин бора рӯзи 8-уми май Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи 13-уми комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ хабар дод, ки дар шаҳри Пекин баргузор шуд. Ин ҷаласа бо ҳамраисии Завқизода ва муовини вазири савдои Чин Лин Тсзи ҷараён гирифт.

Дар ин ҷаласа инчунин оид ба омодагиҳо ба сафари президенти Чин Сӣ Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳам хабар дода шуд.

Ба навиштаи вебсайти вазорати иқтисоди Тоҷикистон, дар остонаи сафари Ҷинпин ба Тоҷикистон ҷараёни сохтмони биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдор оид ба сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, маъданҳои фоиданок ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ мешавад.

Тоҷикистону Чин тасмим гирифтаанд дар иҷрои тарҳҳои энергияи сабз, азнавсозии Ширкати “Алюминийи тоҷик”, сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 3 эстакада ва 1 пул дар шаҳри Душанбе ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Варшез-Қулмаро ҳамкорӣ кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG