Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов: “Кӯшиш мекунем, ба некӣ аз мансаб равем” (ВИДЕО)


Юсуф Раҳмонов
Юсуф Раҳмонов

Юсуф Раҳмонов – додситони кулли Тоҷикистон, ки тоза ба ин мақом таъин шудааст, дар бораи иллати барканории Шерхон Салимзода тафсилот надод. Ӯ гуфт, ваколати президент буд, ки Салимзодаро аз кор бигирад.

Юсуф Раҳмонови 49-сола, додситони кулли Тоҷикистон, ки ҳамагӣ ҳафтаи қабл ба ин мақом таъин шудааст, дар бораи сабабҳои барканории Шерхон Салимзода тафсилот надод. Раҳмонов танҳо гуфт, ин ваколати раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, ки бо ризояти аъзои Маҷлиси Миллӣ ӯро аз кор бигирад.

Дар робита ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки “чаро собиқ додситонҳои кулли Тоҷикистон баъд аз барканорӣ аз ин мақом ба вазифаҳои болотаре нарафтаанд ва оё ин мушкили худи онҳо буда ва ё курсӣ?”, Юсуф Раҳмонов гуфт, “ҳар кас мехоҳад ба некӣ аз мақом биравад. Мо ҳам кӯшиш мекунем ба некӣ аз сари мансаб биравем. Кӯшиш мекунем, ба бовари сарвари давлат сазовор бошем.”

Вай афзуд, “мо хизматчии давлатӣ ҳастем ва бо фармони президент ба иҷрои вазифа шуруъ менамоем. Дар иҷрои вазифаҳо бояд ба камбуд роҳ надиҳем. Мо бояд сазовор бошем.”

Дар акс: Юсуф Раҳмонов ва Хурсандмурод Мирзоев
Дар акс: Юсуф Раҳмонов ва Хурсандмурод Мирзоев

Хурсандмурод Мирзоев, мушовири калони бахши ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарии сиюми январ иштирок дошт, ба ин масъала дахл кард ва гуфт, додситонҳои кулл бо фармони раиси ҷумҳур ва ризояти Маҷлиси Миллӣ ба муҳлати панҷ сол фаъолият мекунанд, ки Шерхон Салимзода ин муҳлатро ба поён бурдааст. Ӯ гуфт, дар ин ҷо ягон сарусадо нест: "Ин ваколати президент аст. Имкон доштанд, Салимзодаро барои бори дувум додситони кулл таъин кунанд, аммо чунин накарданд. Ба ҷои он кас шахси дигар, яъне Юсуф Раҳмонов таъин карда шуд."

Видео аз нишасти хабарии Додситонии кулли Тоҷикистон

Ҷамъбасти нишасти матбуотии додситони кулли Тоҷикистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:15 0:00

​Забти видеоии пурраро аз ин нишаст метавонед дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар шабакаи Ютюб тамошо кунед.

Шерхон Салимзода, ки моҳи январи соли 2010 дар курсии додситони кулли Тоҷикистон такя зада буд, бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор шуд. Дар ин фармон, ки дар торнамои расмии раёсати ҷумҳурӣ низ ба нашр расидааст, сабаби барканории додситони кулли собиқ шаҳр дода нашудааст. Маъмулан раиси ҷумҳур ҳангоми судури чунин фармонҳо ва аз мақом барканор кардани мансабдорони баландпоя ибораи “бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан”-ро истифода мекунад. Аммо ин бор дар фармони барканории Салимзода ин ибора истифода нашудааст ва маълум нест, оё ӯ дубора ба ягон мақоми давлатӣ таъин хоҳад шуд ё на.

Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода

Масъалаи барканории Шерхон Салимзода аз мақоми додситони кулл бо пешниҳоди президент субҳи 24 январ дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ҳам баррасӣ шудааст.

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа таҷаммӯи нерӯҳо дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро тасдиқ кард, аммо гуфт, онҳо меоянду мераванд ва мояи нигаронӣ нестанд. Оқои Раҳмонов, ки ҳафтаи гузашта ба курсии додситони кулл такя зад, дар посух ба суоли хабарнигоре дар ин бора, ки оё метавонад ором бихобад, ё не, гуфт, “натанҳо Шумо, балки ҳамаи мардуми Тоҷикистон метавонад ором бихобанд.”

XS
SM
MD
LG