Барканории ғайричашмдошти Шерхон Салимзода аз мақоми додситонии кулли Тоҷикистон аксариятро ҳайратзада кард. Чунин ҳолат сару садоҳоеро ба бо овард, ки шояд оқои Салимзода дар фаъолияти худ ба камбудӣ роҳ дода бошад. Ин таъбирро шеваи гузаштаи барканории додситонҳои кулли пешин тақвият медод, зеро тарзи барканории ду додситони кулли пешин Маҳмадназар Солеҳов ва Бобоҷон Бобохонов ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст.
Фармони раиси ҷумҳур, ки 24 январ нашр шуд ва дар худи ҳамон рӯз он дар иҷлоси ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон саросемавор ба тасвиб расид, ба решаи сару садоҳо дар бораи “камбудии эҳтимолӣ”-и Шерхон Салимзода гӯё об медод.
Дар ин ҷаласа дархости худи Салимзода аз Маҷлиси миллӣ дар бораи тағйири “формулировка”-и фармони барканорӣ низ эътирози Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллиро барангехт. Оқои Салимзода аз намояндагони Маҷлис хост, ки дар фармон чунин тағйирот ворид кунанд: “Ба сабаби ба поён расидани мӯҳлати кораш дар ин мақом аз вазифа озод карда шавад.” Аммо Убайдуллоев эътироз кард ва гуфт, ки Маҷлиси миллӣ ҳақ надорад, матни фармонҳои раиси ҷумҳурро тағйир диҳад.
Убайдуллоев ҳақ буд. Ҳеҷ ниҳод бидуни машварат бо худи раисиҷумҳур наметавонад як ҳарфи фармони ӯро тағйир диҳад. Ин дархости Салимзода ва эътирози Убайдуллоев зуд расонаӣ шуд ва овозаҳоеро ба забони мардум андохт, ки шояд миёни раиси ҷумҳур ва додситони кулл “хусумат”-е роҳ ёфтааст, вагарна раисиҷумҳур бо яке аз шахсиятҳои то кунун ба ӯ хеле наздик ва бо яке аз мақомҳои волои давлаташ чунин муносибатро раво намедид.
Бештар аз ним сол пеш, 10 июли соли 2014 раисиҷумҳур дар “Кохи Ваҳдат” дар ҷаласаи ҳайати мушовираи додситонии кул ширкат ва дар суханрониаш аз ин ниҳод интиқод кард, ки онҳо дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ мекунанд ва ба доди мардум намерасанд. Нигаронии раисиҷумҳур ин буд, ки дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти Тоҷикистон, аз кӯдакистонҳо то донишгоҳҳову вазоратхонаҳо ришвахорӣ борҳо исбот шудааст. Бо вуҷуди интиқоди маҳофили байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ аз чунин вазъ ба додситонӣ муясар нашудааст, ки ин падидаҳоро решакан кунад.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд аз худ ном бибаранд, мегӯянд, ки барои ин фармони барканорӣ раисиҷумҳур, албатта, асос дорад. Саҳлангорӣ ва ришвахорӣ дар додситонӣ ҳаст, вагарна Шерхон Салимзода аз мақом барканор намешуд. Ба гуфтаи онҳо, раисиҷумҳур тавассути ниҳодҳо дар ҳар минтақа “гӯшу чашм”-ҳои худро дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо дар бораи ришвахориҳои кормандони додситонӣ маълумотҳоро мерасонданд.
Бо вуҷуди ин, манобеи Радиои Озодӣ таъйид мекунанд, ки додситонии кул ҳамаи фармоиш ва майлу иродаи “боло”-ро дар мавриди парвандаҳои пурсару садо иҷро кард. Масалан, додситонӣ роҷеъ ба парвандаи Зайд Саидов, парвандаи моҷароҳои Хоруғ ва амсоли он наметавонист ба таври мустақил тасмим бигирад, балки майлу иродаи болоро дар назар мегирифт. Ҳама вазифаҳои “давлатӣ ва сиёсӣ”-еро, ки дар назди Шерхон Салимзода гузоштанд, иҷро кард.
Вале Шерхон Салимзода ба унвони додситони кул дар мавриди ҳукми додгоҳ бар зидди генерал Эмом Ғоибов - ҳамсабақи донишгоҳиаш ва қудояш бар зидди Абдуфаттоҳи Ғоиб - раиси Ожонсии мубориза бо фасоди молӣ бархост. Генерал Эмом Ғоибов - раҳбари кумиссиюни расидагӣ ба парвандаи пурсару садои “исфарагиҳо” ба раҳбарии соҳибкори маъруф дар он минтақа Низомхон Ҷӯраев буд. Бо вуҷуди ин мухолифати Салимзода, бар асоси нишондодҳои Низомхон Ҷӯраев бо пешниҳоди Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбари кумиссиюн Эмом Ғоибов ва Одил Очилов - муовини вай барои ришвахорӣ дар парвандаи “исфарагӣ”-ҳо ба зиндон рафтанд. Вале Шерхон Салимзода аз ҳимояи ҳамсабақи худ Эмом Ғоибов даст накашид ва додситонӣ ҳамчун ниҳоди айбдоркунанда бо ташаббуси Салимзода айбномаи зидди генерал Ғоибов ва муовини вай Очиловро пас гирифт ва онҳо баъд аз 10 моҳи боздошт дар моҳи марти соли 2014 аз боздошт раҳо шуданд.
Аммо Шерхон Салимзода дар мавриди парвандаи Зайд Саидов аз мавзеъгирии Ожонсии зидди фасоди молӣ ҷонибдорӣ кард, гарчӣ барои ин парванда низ Низомхон Ҷӯраев шаҳодат дода буд.
САРНАВИШТИ БАЪДИИ САЛИМЗОДА ЧӢ ХОҲАД ШУД?
Дар бораи сарнавишти баъдии Салимзода пешгӯиҳои яксон вуҷуд надорад. Вайро аз хешовандони дури ҳамсари раисиҷумҳур медонанд ва аз сӯе боло рафтани вай аз зинаҳои қудратро ба ҳамин омил низ иртибот медиҳанд. Замоне вай аз дӯстдоштагон (фаворит)-и раисиҷумҳур дар ниҳодҳои қудратӣ ва назоратӣ буд.
Мақоми додситони кулл низ аз номенклатураҳои давлати Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар оянда чунин шахсиятҳо аз диди раисиҷумҳур берун нахоҳанд монд, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки раиси ҷумҳур тасмимгирандаи аслии масъалаҳои кадрӣ ба шумор меравад. Фақат суол ин аст, ки ба Салимзода, ки то ҳол курсиҳои наздик ба раиси ҷумҳурро ишғол мекард, акнун чӣ курсиеро муносиб медонанд?
Ҳадс зада мешавад, ки баъд аз интихоботи порламонӣ ва ташкили порлумони нав мумкин аст, вай намояндаи раиси ҷумҳур дар порлумон таъин шавад. Таъбирҳои дигар низ ҳаст, ки вай мумкин аст, ҳатто раҳбари дастгоҳи иҷроии раёсати ҷумҳурӣ ё сафири Тоҷикистон дар Чин баргузида шавад.
Абдуҷаббор Азизов - ёвари раиси ҷумҳур дар масоили кадрҳо акнун вакили порлумон пешниҳод шудааст ва ин курсӣ холӣ хоҳад монд. Вале мусоҳибони Радиои Озодӣ пешгӯиҳоро дар бораи омаданаш ба мақоми ёвари раиси ҷумҳур дар масоили кадрҳо рад мекунанд ва мегӯянд, дар ин курсӣ шахси наздик ба раисиҷумҳур таъин хоҳад шуд. Вале на Шерхон Салимзода баъд аз барканорӣ аз мақоми додситонии кулл.
Ақидаҳо дар бораи нишастанаш ба курсии раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ низ чандон қаввӣ ба назар намерасад.
Барканории Салимзода намунаест, ки ҳеҷ мақоми баландпояи зинаҳои болоии давлату ҳукумат барои раисиҷумҳур имтиёзе надорад ва онҳоро ӯ ба соддагӣ мисли Салимзода метавонад бо фармоне “ин тараф ё он тараф” кунад.
Шерхон Салимзода 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1979 фокултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои гуногун дар мақомҳои додситони ноҳияи Шӯрообод, раиси шӯъбаи кадрҳои додситонии кулли Тоҷикистон, додситони ноҳияи Фрунзеи вақт ё Ибни Сино, додситони шаҳри Душанбе, муовини додситони Кул ва раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ кор кардааст. Аз 30 январи соли 2010 то 24 январи соли 2015 додситони кулли Тоҷикистон буд.