Додситонии кулли Тоҷикистон ба аризаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва узви Маҷлиси намояндагон дар бораи ба ҷазо кашидани кормандони ШКД-и Исфара, ки ҳангоми боздошт ду узви ҳизб дар милисахона латукӯб шуданд, ба таври расмӣ посух гардонда, боз кардани парвандаро зарур нашуморидааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҲНИТ рӯзи 10-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Додситонии кулл ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун узви Маҷлиси намояндагон посух гардонда, масъалаи боз кардани парванда алайҳи кормандони пулиси Исфараро рад кардааст.
Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, «ин номаи ҷавобии Додситони кулл бо имзои муовини аввали ин ниҳод Абдурашид Кишварзода расида ва дар он гуфта шудаааст, ки азбаски додситони вилояти Суғд ин масъаларо омӯхта, зарурати боз кардани парванда алайҳи кормандони ШКД -и Исфараро надидааст, Додситони кулл низ тибқи моддаи 27-и Кодекси ҷиноӣ боз кардани парвандаро алайҳи кормандони пулиси Исфара зарур намешуморад».
Ба иттилои ҲНИТ, дар моҳи ноябри соли гузашта пас аз боздошти ду узви ин ҳизб дар Исфара Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара ва мавриди латту куб қарор гирифтани онҳо, Муҳиддин Кабирӣ ба Додситонии кулл дар мавриди ба ҷазои ҷиноӣ кашидани милисаҳо муроҷиат карда буд.
Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рӯзи 30-юми октябр дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.
Вале рӯзи 2-уми ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон оварданд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун ҳаво дод ва дар натиҷа пояш шикастааст. Дар миёнаҳои моҳи ноябр пас аз табобат Умедҷон Тоҷиевро аз беморхона ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд.
Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиевдар моҳи декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки додгоҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Қаюмов, муфаттиши додситонии шаҳри Исфара алайҳи се сокини Исфара -- Умедҷон Тоҷиев, Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев расман айбнома эълон карда, онҳоро тибқи моддаи 307-и кодекси ҷиноӣ -- «ҳамкорӣ бо созмони террористӣ ва иртиҷоӣ» гунаҳкор донистааст. Дар авоили моҳи январ парвандаи ин се нафар ба Додгоҳи Исфара ирсол шуда буд.