Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиму костюми дӯкони Абдушакур бесоҳиб монд. ВИДЕО


Баъди тахминан як моҳи ҷангу хушунатҳо дар шаҳри Ғазнии Афғонистон, мардум тадриҷан ба худ меояд ва мароми зиндагӣ ҳам то андозае оддӣ шудааст.

Вале чанд дӯкони хайётӣ, ки дар шаҳр фаъол аст, дар баробари боз кардани дарҳояш ба рӯи муштариҳо, суроғи соҳибонеро меҷӯяд, ки дар остонаи ид барои фарзандон либосҳои наву тоза фармоиш дода буданд.

Шиму костюм, камзӯлҳои зебову хушранг дар дӯкони Мироҷони хайёт дар ҷои намоён овезон ҳастанд. Худи усто мегӯяд, ки 80 ҷуфт либоси писарона инак беш аз се ҳафта аст, ки бесоҳиб аст ва барои ӯ маълум нест, ки онҳо зиндаанд ё мурда. Дар дӯкони Абдушакур 560-570 ҷуфт либос маҳфуз аст. Худи ин дӯзанда мегӯяд, ки бисёри фармоишгарон матову андозаи либосҳоро ҳамроҳ бо шумораи телефонҳояшон гузошта рафта буданд, вале телефонҳои онҳо хомӯшанд ё аслан кор намекунанд.

Худи усто Абдушакур мегӯяд, ки эҳтимолан ин нафарон дар ҷангҳои қариб якҳафтаинаи миёнаҳои моҳи август қурбон шуданд, дар ҳоле, ки дар остонаи ид бо сад умед ва орзу ва нияти пӯшидани либоси нави идона сарутани навро фармоиш дода буданд.

Либоси фармоишӣ омода шуд, соҳибонаш бедараканд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Шаҳри Ғазнӣ, ки маркази маъмурии вилояти Ғазнӣ, минтақае дар шарқи Афғонистон мебошад, дар 120-километрии шаҳри Кобул ҷойгир аст. Ин шаҳр як нуқтаи муҳими стратегӣ дар роҳ ба Кобул мебошад. Рӯзи 10 август Толибон шаҳри Ғазниро таҳти назорати худ дароварданд ва дар давоми панҷ рӯзе, ки амалиёти озодсозии шаҳр ҷараён дошт, беш аз 100 узви нирӯҳои амниятӣ ва 30 нафари мулкӣ кушта шуданд. Шаҳре бо аҳолии тахминан 270 ҳазор сокин ҳеҷ гоҳ шоҳиди чунин ҷангҳои шадид нашуда буд. Як ҳафта баъд президент Ашраф Ғанӣ аз вазъи шаҳр дидан кард. Толибон ҳамоно дар канораҳои шаҳр қарор доранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG