Вазорат дар як изҳорот дар Телеграм навишт, 34 ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Курск аз байн бурда шуд. Ин шумора дар Брянск ба 20, Қрим 12, Воронеж 8, Орёл 4 ва вилояти Белгрод ба 3 баробар будааст.
Александр Богомаз, волии Брянск, гуфт, бар асари афтодани боқимондаҳои як ҳавопаймои бесарнишин ба бинои истиқоматӣ як кас захмӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина эълом карданд, ки 31 ҳавопаймои бесарнишин ва як мушаки Русияро аз байн бурданд.
Волии Одессаи Украина гуфт, як мушаки Русия ба як истгоҳи оташнишонҳо бархӯрд ва ду касро маҷруҳ кард.