Ин ҳамлаҳо пас аз дастури артиши Исроил дар бораи холӣ кардани чанд бино сурат гирифт.
Хабаргузорӣ навишт, ки дар баробари сӯхтор даҳҳо бино ба хок яксон шуданд.
Ҳамла рӯзе баъд аз мулоқоти Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, бо мақомоти Амрико, сурат гирифт.
Дар мулоқот созиши эҳтимолӣ дар мавриди поён додан ба ҷанг дар Лубнон баррасӣ шудааст.