Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз як манбаи боэътимод, аз миёни 9 чеҳраи маъруф, ки бо айбномаи "талоши табаддулоти давлатӣ" ва "хиёнат ба давлат" маҳкум шуданд, то кунун танҳо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Додгоҳи олӣ шикояти назоратӣ бурдааст. Манбаъ мегӯяд, шикоят ҳафтаи гузашта ба додгоҳ супурда шуд.
Наздикони ду чеҳраи дигари шинохта ҳам рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки базудӣ ба зинаи назоратии Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд.
Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел шикояти назоратии Ҳамрохон Зарифиро барои бозбинии ҳукм тасдиқ ё рад накарданд. Вакили мудофеъ ва наздикони ӯ низ ҷузъиёти шикоятро бо расонаҳо дар миён намегузоранд. Зарифӣ ва чеҳраҳои дигар пештар дар шикояти кассатсионӣ худро бегуноҳ дониста, хоҳони озодӣ шуда буданд.
Шикояти назоратӣ, ба фарқ аз шикояти кассатсионӣ, ки қабл аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм сурат мегирад, аз ҳама марҳилаҳо ва тасмимҳои гирифтаи додгоҳ бурда мешавад. Акнун тибқи қонунгузорӣ, додгоҳ бояд дар давоми як моҳ ин шикоятро баррасӣ кунад ва тасмим бигирад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ин 9 нафарро, ки зинаи аввал 5-уми феврал содир карда буд, рӯзи 2-юми апрел дар марҳилаи бозбинӣ бетағйир гузошт. Ҳар ду марҳилаи додгоҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуд.
Ба ҷуз аз Рухшона Ҳакимова, ки ҳафтаи гузашта ба зиндони занонаи шаҳри Норак ҷойгир карда шуд, ҳамаи ин чеҳраҳо то кунун дар Боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешаванд. Пайвандони чеҳраҳои шинохта бо гузашти даҳ моҳ онҳоро надидаанд. Ва муроҷиати зиёди хонаводаҳо ба Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ барои иҷозаи вохӯрӣ бенатиҷа будааст.
Яке аз онҳо бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар вақти тафтиш мегуфтанд, ки то поёни таҳқиқ мумкин нест. Вақте парванда ба додгоҳ рафт, боз гуфтанд, ки баъд аз ҳукм иҷозаи дидор медиҳем. Пас аз содир шудану ҳатто қувваи қонунӣ гирифтани он низ иҷозаи вохӯрӣ надоданд. Ҳоло Сарраёсати иҷрои ҷазо ба мо ваъда додааст, ки баъди ба зиндон интиқол додани ин нафарон иҷозаи вохӯрӣ медиҳанд."
Кӣ чанд сол зиндонӣ шуд?
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 27 сол;
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;
Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол;
Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 19 сол;
Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 18 сол;
Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол;
Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол;
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати ВКХ – 17 сол;
Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол.
Ҳамчунин додгоҳ ҳукми мусодираи молу мулки ин афродро ба нафъи давлат содир кард.