Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"7 моҳ боз падарамро надидем." Шикояти наздикони баъзе аз чеҳраҳои шинохта


Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшо Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшо Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

"Ҳар шахс новобаста аз ҷиноят ё ҷурме, ки ба он гумонбар дониста мешавад, ҳуқуқи вохӯрӣ бо наздиконашро дорад. Агар парванда дар баррасӣ аст, додгоҳ бояд иҷозат диҳад. Агар ҳукм қувваи қонунӣ гирифтааст, пас Идораи зиндонҳо бояд иҷозат диҳад, ки онҳо вохӯранд," – гуфт як ҳуқуқшиноси ботаҷриба дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Маълум нест, чаро ин нуктаи қонун нисбат ба чанд нафаре, ки ҳукмашон дар моҳи феврали имсол ва дар доираи парвандаи "табаддулот" баромад, татбиқ намешавад.

Модари Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонӣ, талош дорад, то ду кӯдаки хурдсол, аз ҷумла Шукронаи 9-моҳаро ба дидорбинии модарашон ба зиндон барад. Вале намегузоранд ва ба дархостҳои расмии хонавода посухе дода намешавад.

Яке аз наздикони рӯзноманигор, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо вуҷуди талошҳояшон мақомот барои вохӯрӣ бо ӯ иҷоза надоданд".

Ҳакимова модари ду фарзанди хурдсол буда, бо айбномаи хиёнат ба давлат ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Талаби раҳоии ӯ борҳо аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсону рӯзноманигорон, аз ҷумла Гузоришгарони Бидуни Марз садо додааст. 130 зани фаъол рӯзи 7-уми март аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бознигарии ҳукми ӯро дархост карданд.

"Чизи зиёд талаб накардем"

Хонаводаи баъзе аз чеҳраҳои шинохтаи дигар низ, ки дар доираи парвандаи "табаддулот" ба зиндон маҳкум шудаанд, мегӯянд, бо гузашти бештар аз 7 моҳ боз наметавонанд бо онҳо вохӯранд.

Шоҳрухи Шокирпур, писари ҳуқуқшиноси зиндонӣ Шокирҷон Ҳакимов, рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "тамоми талошҳоямон барои як бор вохӯрӣ бо падарам бенатиҷа монд".

"Се-чаҳор бор ба Суди олӣ рафтем. Дигарҳоро қабул мекунанд, навбати мо расид, корашон мебарояд, баромада мераванд. Қабул намекунанд. Чизи зиёд талаб накардем. Фақат иҷоза диҳанд, як узви оиларо бо чашми сар бубинем, ки чӣ ҳол дорад. Дар Раёсати зиндонҳо гуфтанд, "мо танҳо посбонем, ба Суди олӣ равед". Пеш аз ҳабс хунашон ғафс шуда буд, дору мегирифтанд, табобат мекарданд. Донистан мехоҳем, ки вазъи саломатияшон чӣ хел аст," – афзуд Шоҳрухи Шокирпур.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ, рӯзи панҷуми феврал бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ба 18 сол зиндон маҳкум шуд.

Икромҷон Қадамов, масъули Маркази матбуотии Додгоҳи олӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "роҳбарияти Суди олӣ дар як ҳафта ду бор шаҳрвандонро қабул мекунад. Дар масъалаи онҳо, агар қазияашон ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ шуда бошад, дар ихтиёри ҳамон муассиса мешавад, агар не, дар ихтиёри Суди олӣ аст."

Писари Шокирҷон Ҳакимов гуфт, то ҳол посухе дарёфт накардаанд, ки шикояти кассатсионии онҳо аз болои ҳукми падараш баррасӣ шудааст ё не. Дар Додгоҳи олӣ ҳам дар ин бора чизи дақиқе нагуфтанд.

Нигаронӣ аз мушкили дарёфти иҷозат барои дидор ба маҳкумшудаҳо дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон дидори хонаводаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва маҳкумшударо пешбинӣ кардааст.

Парвандаи махфӣ

Дар доираи парвандаи "табаддулот" Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ; Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон; Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ; Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ; Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои бознишастаи амният ва Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам аз 17 то 27 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба иттилои додгоҳ, ин афрод ба иттиҳомоти гуногун, аз қабили хиёнат ба давлат, бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, дидаву дониста расондани хабари дурӯғ, таҳқири намояндаи ҳокимият дар интернет, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ширкат дар иттиҳодияҳои экстремистӣ ҷазо гирифтанд. Вале онҳо дар сухани охиронашон дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ талаб карда буданд, ки озод кунад.

Парвандаи чеҳраҳои маъруф муҳри махфӣ дошта, мурофиаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои баста гузаштанд. Вакилони мудофеашон ҳамеша аз шарҳи парванда худдорӣ кардаанд. Хонаводаи на ҳама маҳкумшудаҳо ошкоро дар бораи парвандаи онҳо мехоҳанд бо расонаҳо суҳбат кунанд.

Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 дар пайи боздошти раиси ҳамакнун собиқи Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода боз шуд.

XS
SM
MD
LG