Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳазор бор мегӯям, ки падарам бегуноҳ аст." Вокунишҳо ба ҳукми чеҳраҳо


Дар акс: Шаҳноз Комилзода ва Гулноза Шокирзода
Дар акс: Шаҳноз Комилзода ва Гулноза Шокирзода

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал як қатор чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва як бонуи рӯзноманигорро ба “қасди табаддулоти давлатӣ” айбдор донист ва аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард. Ин дар ҳолест, ки онҳо худро бегуноҳ медонанд ва хостори озодӣ шудаанд.

Аз ҷумла, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи парлумон ба 27 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум шуданд.

Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои мустаъфии амният ба 18 сол зиндонӣ ва дороии онҳо ба фоидаи давлат мусодира мешавад.

Ҳамчунин Абдулфайз Атоӣ, сухангӯи собиқи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 17 сол бо мусодираи амвол ва Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд.

Гулноза Шокирзода, духтари Шокирҷон Ҳакимов, рӯзи 5-уми феврал гуфт, "тамоми ҷумҳурӣ медонад, ки инҳо шахсони беғараз. Падари ман профессор аст, давоми 15 сол дар ягон ҷой кор накард, чун иҷозат надоданд. Ҳамин гаштани падари маро дида навонистанд гӯям, хато намекунам."

Наздикони маҳкумшудаҳои дигар ба бегуноҳии пайвандони худ таъкид карда, хоҳони бознигарии ҳукм шуданд. "Ман, пеш аз ҳама, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки ин ҳукмро бознигарӣ кунанд," – гуфт Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшо Комилзода.

Ӯ афзуд: "Барои марде, ки 72-сола аст, 18 сол ҳукми зиндон доданд. Тасаввур кунед, дар 90 солагиаш бояд аз зиндон барояд. Мо ҳатто намедонем, ки ҷурмаш чист. Ба мо нагуфтанд. Дар баробари 18 сол зиндон мусодираи амвол гуфтанд, Падари ман дар умраш на молу мулк гуфтааст, на пул. Мебинед, ина ҳамин қадар хона дорад, ҳамин ҷои кориаш буд. Вақтҳои охир ин ҷо нишаста китоб мехонд, таҳрир мекард. Ин мизи хӯрокхӯриашон аст. Онҷо ҳам ошхона, хӯрок мепухтанду мехӯрданд. Як хонаи майда доранд."

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Аврупо, судури ҳукмҳои тӯлониро нигаронкунанда ва далели номустақил будани додгоҳҳои Тоҷикистон номид.

"Таъйини ҷазои аз 27, 18 боло, бо мусодираи молу мулк ва таъйини ҷазо нисбат ба зане, ки фарзанди ноболиғ дорад, бениҳоят вазнину ваҳшиёна ҳаст. Мақсад танҳо тарсонидани ҷомеа аст,” – бовар дорад ӯ.

Наздикони бархе аз ин афрод мегӯянд, бо дарёфти нусхаи ҳукм аз он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд. Ба қавли Гулноза Шокирзода, "албатта, шикоят мекунем ва умед ба он мебандем, ки дар марҳилаи оянда қонуншиканиҳо, камбудӣ ва бетарафиҳо исбот гардаду мушкилот бартараф шавад. Ҳазор бор мегӯям, ки падари ман бегуноҳ аст."

Бархе наздикони маҳкумшудаҳо бо нақли қавл аз вакилони дифоъяшон мегӯянд, ҳукм ҷаримаҳоро низ пешбинӣ мекунад, вале чун нусхаи ҳукм дастрас нест, миқдори онро намедонанд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ва ягон ниҳоди дигари давлатии Тоҷикистон ин ҳукмҳоро шарҳ намедиҳад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Ҳазор бо мегӯям, падарам бегуноҳ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
XS
SM
MD
LG