Раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 26 апрел аз шарҳи хабарҳои боздошти кормандони баландпояи ин ниҳод худдорӣ кард ва гуфт, ин парванда "махфӣ" мебошад. Сулаймон Султонзода рӯзи чоршанбе пас аз анҷоми иҷлосияи порлумон ба пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи боздошти кормандони ин ниҳодро шарҳ намедиҳад ва далелаш ҳам, ба гуфтаи ӯ, махфӣ будани он аст.
Тайи чанд рӯзи ахир ҳадди ақал 10 мақоми собиқ ва кунунии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, боздошт шудаанд.
Дар миёни боздоштшудаҳо Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раис ва Фирӯз Холмуродзода – муфаттиши Оҷонсии зиддифасод ҳастанд. Бархе аз хабаргузориҳо шумораи афроди боздоштшудаи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро то 17 нафар арзёбӣ мекунанд, вале то ҳанӯз шарҳи комили мақомоти тафтишотӣ ва ҳам далел ва ҳам сабаби боздошти ин нафарон нашр нашудааст.
"Асосан мансабдорон ба коррупсия даст мезананд"
Вале мавзӯи коррупсия ва эҳтимоли даст доштани афроди масъул дар ингуна ҷиноятҳо дар пасманзари хабарҳои боздошти мақомоти марбут ба оҷонсии зиддифасод дар суханронии рӯзи 26 апрели раиси парлумони Тоҷикистон матраҳ шуд. Ин лаҳзаҳое буд, ки иттифоқан, аъзои маҷлис траҳи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни "Мубориза бо коррупсия"-ро баррасӣ мекарданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба хабари боздоштҳои ахири кормандони баландпояи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ишора карда аз сатҳи болои фасоди молӣ дар кишвар нигаронӣ намуд.
Вай гуфт, ки “асосан мансабдорон ба коррупсия даст мезананд, онҳое, ки корро иҷро мекунанд. Ё шахсони дорои маблағҳои зиёд, ки барои иҷро кардани корашон ба ҳамин роҳ мераванд ва пора медиҳанд. Касе, ки ба коррупсия даст мезанад, имрӯз ё фардо ҳатман муҷозот мешаванд. Мо инро дар мисол дида истодаем. Одамоне, ки худашон бояд алайҳи коррупсия мубориза мебурданду иродаи суст доштанд, баъди чанд вақт муайян шуданд. Онҳо дар назди қонун ҷавоб медиҳанд."
Раиси порлумони Тоҷикистон дар идома гуфт, “агар мансабдор дили покиза дошта бошад, ҳеҷ гоҳ даст ба коррупсия намезанад. Аммо дар Тоҷикистон ба ҳамин хотир мансабдорон корро кашол медиҳанд, ҳуҷҷатеро, ки барои таҳияааш як соат лозим аст, моҳҳо кашол медиҳанд. Ин танҳо ба хотири тамаъ аст. Дар масъалаи додани литсензия аз ҷониби вазорат низ ҳамин гуна ҳолат ба чашм мехӯрад. Мо шоҳид будем, ки даҳҳо маблағгузорону сармоядорон ба Тоҷикистон омада, ҳамин тавр баромада рафтанд. Сабабаш маълум буд, ки ба мувофиқа нарасиданд. Онҳо бо лоиҳаҳои мушаххас омада буданд, ки дар иҷрои онҳо пул ҳам меомаду ҷойҳои зиёди корӣ ташкил мешуд.”
Боздоштҳои густурдаи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод баъди чор моҳи аз мақоми раҳабрии ин ниҳод рафтани Рустами Эмомалӣ ва як тағйироти кадрӣ дар феврали имсол сурат мегирад. Ба сабаби онки мақомот расман дар бораи ин боздоштҳо суҳбат накардаанд, сарусадоҳо ва суолҳои зиёде халқ шудааст.
Айб дар мансабдор ё система?
Дар ҳоле ки мақомот ба ин суолҳо посух нагуфтаанд, хабари боздошти гуруҳи мансабдорони собиқу феълии оҷонсӣ вокунишҳои зиёди мардумро ба бор овардааст. Аксари назарнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин боздоштҳо ба хотири муборизаи воқеӣ бо фасод истиқбол карда, ё айбро дар система дидаанд ё даъват кардаанд, ки Оҷонсӣ пурра барҳам дода шавад.
Инчунин, фарзияҳое садо медиҳанд, ки силсилаи боздоштҳо ба ҷараёни бунёди маҷмааи тандурустии "Истиқлол" дар Душанбе рабт дорад. Иттилое, ки то ҳол расман таъйид нашудааст. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе раиси собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе маъруф ё УКС Саидшариф Анваровро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Ҳарчанд мақомоти расмии кишвар натиҷаи муборизаи худро муассир нишон медиҳанд, вале ба навиштаи созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон натавонистааст дар ин амр пешрафти чашмгир кунад.
Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, омад ва каме бештар аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд. Рустами Эмомалӣ моҳи январи имсол аз ин мақом озод ва шаҳрдори Душанбе таъин шуд. Ҳоло раёсати ин ниҳодро Сулаймон Султонзода, додситони пешини пойтахт бар уҳда дорад.