Вазъи саломатии Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар маҳбас бад шуда, ба шифохона интиқол ёфтааст.
Сайфуллозодаи 70-сола дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум шуд.
Як ҳамсуҳбати мо дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 1-уми апрел бистарӣ шудани Сайфуллозодаро тасдиқ кард, вале аз ироаи тафсилот худдорӣ намуд.
Дар ҳоле ки мақомот расман чизе намегӯянд, Фароғат Сангинова, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро рузи 29-уми март ва дар пайи бад шудани вазъи саломатӣ дар беморхонаи маҳбас бистарӣ кардаанд.
"Рӯзи ҷумъаи гузашта бояд тавасути телефони муассиса ба ман занг мезаданд. Доим ҳамин корро мекарданд. Як дақиқа суҳбат мекунем. Ҳафтаи гузашта занг назаданд. Хавотир шуда, рӯзи душанбе ба муасссиса рафтам. Дар онҷо гуфтанд, ки вазъаш бад шудаву ба беморхонаи зиндон бурдаанд", -- афзуд ӯ.
Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, инчунин, гуфт, шавҳараш аз бемории қалб ранҷ мекашад ва ин навбат низ дар пайи хуруҷи ҳамин беморӣ ба шифохона бурда шудааст.
Ӯ гуфт, то ҳануз бо шавҳараш дар беморхона дидор накард, вале бовар дорад, масъулини зиндон аз вазъи сиҳатии ӯ хонаводаро хабардор мекунанд. Ба қавли Сангинова, масъулони зиндон гуфтаанд, шавҳараш аввал табобати қалб гирифта, баъд аз супоридани ташхис, ба ҷарроҳӣ омода мешавад.
Қаблан низ ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода аз вазъи саломатии шавҳараш нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфта буд, шавҳараш пас аз гирифторӣ ба коронавирус дар зиндон ҳоли хуб надорад ва хонавода низ бинобар тангдастӣ наметавонанд ба ӯ кумак кунанд.
Он замон масъулини зиндонҳо гуфтанд, саломатии Сайфуллозода хуб аст ва ҳеч ҷойи нигаронӣ надорад, вале омодаанд, то ҳадди имкон ба ӯ ёрӣ кунанд.
Сангинова мегӯяд, барои харидани доруҳои шавҳараш дар як моҳ то 200 сомонӣ ва барои табобати ӯ дар ҳар се моҳ ҳудуди 1500 сомонӣ лозим аст, ки надоранд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули ҳафтаномаи "Наҷот" буд. Ӯро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошту зиндонӣ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.
Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода, мегӯяд, шавҳараш одами эҷодкор буд ва мехоҳад, ҳукмаш бозбинӣ ва аз зиндон озод карда шавад.
Дар гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуда буданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.