Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯйи 40-сола, рӯзи 28-уми октябр дар Олмон дастгир шуд. Ӯ аз соли 2011 дар ин кишвари аврупоист. Худаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори додгоҳ баромадааст ва эҳтимол ӯро дар ҳафтаҳои аввали моҳи ноябр ихроҷ кунанд.
Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки, рӯзи 1-уми ноябр дар изҳороте гуфт, дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон, ба Эргашев шиканҷа ва дигар бадрафторӣ таҳдид мекунад.
Аз ин пеш, 31-уми октябр, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон хоста буд, ки Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон надиҳад. Сийнат Султоналиева, намояндаи созмони байнулмилалӣ, рӯзи 31-уми октябр дар баёнияе навишт, "ӯ набояд ба кишваре ронда шавад, ки хатари бо шиканҷаи ҷиддӣ дучор шуданаш ҳаст."
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.