Рӯзи 28 июл дар Хадамоти сӯхторнишонӣ ва ҳам полиси Кӯлоб ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки сӯхтор дар хонаи овозхони маъруф Сурайё Қосимова шаби 24 ба 25 июл «барқасдона» сурат гирифтааст. Тафтишоти пешакӣ фарзияҳои тасодуфӣ сар задани сӯхтор, расиши ноқилҳои барқ ва ё риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар ин манзилро ошкор накард. Илова ба ин, маълум шудааст, ки чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса дар ин хона ҳодисаи дуздӣ рӯй додааст. Дар ин бора ҳанӯз тафсилоти зиёд дар даст нест. Ҳоло тафтишот аз рӯи эҳтимоли барқасдона сар задани сӯхтор ҷараён дорад.
Шаби сӯхтор худи овозхон ва наздиконаш дар хона набуданд ва касе аз аҳли оила осеб надид. Бар тибқи арзёбиҳои пешакии Хадамоти сӯхторнишонӣ, ҳаҷми хисорот дар паи сӯхтори манзил на камтар аз 80 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст. Аз рӯи арзёбиҳои зоҳирии хабарнигори Озодӣ, тақрибан 30 дар сади манзили зисти овозхон, ки дар як ҳавлии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст, ба коми оташ рафтааст.
Вале бо ин вуҷуд, рӯзи 28 июл дар манзили овозхон ид буд ва наздикону дӯстон барои дуохонӣ ба ин манзил меомаданд. Зимистони имсол овозхон ҳамсараш Хуршед Рабиев (падари Фарзона, овозхон ва духтари хурдии хонадон)-ро аз даст дод ва мардуми дуогӯ барои ширкат дар иди аввали баъди марги ҳамсари Сурайё меомаданд. Дастурхони идона дар рӯи ҳавлӣ густурда шуда буд.
Хонум Сурайё бо либоси мотам меҳмононро шодбош мегуфт. Дар миёни меҳмонон ёру наздикон ва ҳамкорони ҳамсари марҳумашон – ходимони полиси маҳаллӣ ҳам қарор доштанд.
Дар ҳамин ҳол, духтарҳои овозхони ин хонадон – Шабнами Сураё ва Фарзонаи Хуршед барои адои ҳаҷи умра ҳанӯз дар Макка қарор доранд. Бар тибқи иттилои охир, онҳо имрӯз идро дар ҳамон ҷо ҷашн гирифта баъдан ба Тоҷикистон бармегарданд.