Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон

HRW: Мақомот бояд ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч, рӯзи 11-уми декабр аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд.

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") аз замони боздошт то ба ҳол дар ИВС-и Оҷонси мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

“Хайрулло Мирсаидов, ки бо журналистиаш шинохта ва мавриди эҳтиром аст, зоҳиран охирин қурбонии таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат аст”, - афзуд ӯ.

Ин пажӯҳишгари Ҳюман Райтс Вотч гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳуқуқи Мирсаидовро дар боздошт эҳтиром кунад. Аз ҷумла, дар муқобили ӯ ба бадрафторӣ роҳ надиҳад ва аз иқдоме кор гирад, ки раҳоиашро кафолат диҳад.”

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри имсол, баъди ҳозир шудан ба додситонии вилояти Суғд, боздошт гардид. Мақомот ӯро ба “исрофкорӣ”, “барангехтани кинаву адовати миллӣ”, “сохтакорӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” муттаҳам донистанд.

Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як бахши парвандаи ӯ зикр шудааст, гӯё дастаи КВН-и Тоҷикистон шаъни миллатро паст задааст. Мирсаидов худро бегуноҳ мешуморад, аммо Аскар Турсунов - вакили дифои ӯ гуфт, барои фош накардани ҷузъиёти парванда зери баёноте имзо гузоштааст ва ҳаққи додани тафсилотро надорад.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ки мақомот барои ҳабси Хайрулло Мирсаидов далелҳои муътамад пешниҳод накардаанд. Ӯ гуфт, журналистони мустақиле ба мисли Хайрулло Мирсаидов бояд барои корашон эҳтиром гузошта шаванд, на инки барои ба чолиш кашидани фасодкорӣ даҳонашон баста шавад.

Созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, бино ба иттиҳомҳои эълоншуда ба хабарнигори тоҷик то 21 соли зиндон таҳдид мекунад. Хайрулло Мирсаидов тайи ҳабдаҳ соли гузашта ба ҳайси журналисти мустақил ва таҳлилгари масоили сиёсӣ кор кардааст. Ӯ дар гузашта барои радиои Мавҷи Олмон, нашрияи Asia-Plus ва расонаҳои дигар дар бораи нақзи ҳуқуқи одамон, мушкили экологӣ ва ақаллиятҳои миллӣ гузориш медод.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, боздошти Хайрулло Мирсаидов дар ҳолест, ки соли 2017 мизони нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзуд. Ин созмон гуфт, дар ин сол ҳукумат озодии баёнро пахш карда, фаъолияти мухолифини осоиштаро манъ ва фаъолияти мустақили вакилони дифоъро маҳдуд намуд. Ба иттилои созмон, дар ҳоли ҳозир беш аз 150 фаъоли сиёсӣ, ки дар миёнашон вакилони дифоъ низ ҳастанд, “беадолатона дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд”.

“Соли гузашта ҳадди ақал 20 журналист низ бо нигаронӣ аз таъқиб барои фаъолияти касбӣ кишварро тарк кардаанд”, - хулоса кардааст созмони Ҳюман Райтс Вотч.

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") аз замони боздошт то ба ҳол дар маҳбаси нигаҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Оҷонси мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад. Чаро ӯро дар боздоштгоҳи ин Оҷонс ҷо кардаанд, маълум нест. Вале ба гуфтаи мақомоти наздик ба тафтиши парвандаи Мирсаидов, шароити боздоштгоҳи Оҷонси мазкур дар муқоиса ба СИЗО-и рақами дуи шаҳри Хуҷанд беҳтар будааст.

Маркази иттилоотии додситонии Суғд дар рӯзи сеюми боздошти Мирсаидов гуфта буд, ки парвандаи ӯ ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки дар пайи аризаи Олим Зоҳидзода, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, маводе, ки худи Мирсаидов дар интернет ба нашр расонидааст ва тафтиши молии дастаи ҳозирҷавобон боз шудааст.

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон
Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон

Мирсаидов дар моҳи ноябр дар як номаи боз ба унвони раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл – Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз онҳо хоҳиш кард ба мушкилоте, ки дастаи КВН-и ӯ аз “ришвахории бархе мансабдорони вилояти Суғд” рӯ ба рӯ шудааст, расидагӣ кунанд. Баҳси Мирсаидов бо сардори раёсати ҷавонони Суғд низ дар пайи бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шудани дастаи ҳозирҷавобон ва барои сафари навбатӣ ба Маскав барои иштирок дар сабқати нимаҳоӣ маблағ пайдо карда натавонистани ин даста сар зада буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Ҷанг бо душмани дохилӣ." Чаро Русия муҳоҷиронро азоб медиҳад?

Пулиси Русия ҳаррӯз аз боздошту ихроҷи муҳоҷирон хабар медиҳад. Акс аз бойгонӣ
Пулиси Русия ҳаррӯз аз боздошту ихроҷи муҳоҷирон хабар медиҳад. Акс аз бойгонӣ

Як соли гузашта барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия зоҳиран сахттарин сол буд. Ҳазорон муҳоҷир аз Русия ихроҷ ва ҳазорон нафари дигар аз марзи ин кишвар пас гардонида шуданд.

Оё дар Русия дар қиёс ба дигар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ муҳоҷирони тоҷик бештар зери фишору азият қарор доранд?

Ҳамсуҳбатони "Радиои Озодӣ" ба масъалаи мизони ранҷу зарари сиёсати нави муҳоҷирати Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қиёс ба муҳоҷирони дигар баҳои монанд надоранд. Аммо, таъкид мекунанд, ки муҳоҷирони тоҷик бо чандин далел дар ҷойгоҳи осебпазиртаре қарор гирифтанд.

Алишер, муҳоҷири 52 солаи тоҷик ба тозагӣ аз муҳоҷират дар Русия баргаштааст. Ӯ 25 соли ҳаёташро дар шаҳрҳои калони ин кишвар ба ҳайси дуредгар гузаронидааст. Ҳоло талош дорад дар Тоҷикисон бимонад. "Бо пули кор дар Русия фарзандонамро ба воя расонидам. Ҳама хонадор шудаву ба кумаки ман ниёз надоранд. Синни ман ҳам дигар тавони кор кардан мисли солҳои қаблро надорад. Зиндагӣ дар Русия ҳам мисли пештара осон нест. Пул кор кардан низ ба далели нархи поини рубл душвор аст,"--гуфт Алишер.

Ин муҳоҷири тоҷик Русияро дар авҷи маҳдудиятҳои бесобиқаи қонунӣ ва дар пасманзари тағйири сиёсати муҳоҷират ва мавҷи бегонаҳаросӣ дар пасманзари ҳамлаи маргталабонаи "Крокус сити" дар моҳи марти соли 2024 тарк кард.

Чанд шаҳрванди Тоҷикистон зарар диданд?

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки беш аз ду миллион муҳоҷир ин кишварро тарк кардааст. Пойгоҳи хабарии "Важные истории" хабар дод, ки дар тӯли 6 моҳи охири соли ҷорӣ додгоҳҳои Русия ҳукми хориҷ кардани 86 ҳазор одамро содир кардаанд. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, аз Русия дар ним соли аввал беш аз 17 ҳазор шаҳрванди ин кишвар хориҷ шудааст. Дар феҳристи нашршудаи Русия беш аз 120 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки барои нақзи қонунгузориҳои муҳоҷират гумонбаранд. Дар сурати то 5-уми феврали соли дигар ин афрод худашрон қонунӣ сабти ном накунанд, онҳо дар феҳристе қарор мегиранд, ки бидуни ҳаққи ворид шудан ба қаламрави Русия хориҷ мешаванд. Бо вуҷуди ин, теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикисон, ки дар пасманзари корзори зиддимуҳоҷират баргаштанд ва ҳам депорт шуданд, мушаххас нест. Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба далели равиши шуморидани онҳо ва афзоиши сареъи афроди соҳиби шаҳрвандии Русия миёни ин ду кишвар ба унвони савол боқӣ мемонад.

Галия Иброҳимова, рӯзноманигори мустақил мегӯяд, барои Русия тамоман фарқ нест, ки муҳоҷир ба кадом давлат тааллуқ дорад ва ин корзор ба сиёсати дохилии ин кишвар рабт дорад. “Ҳадаф ин аст, ки бар мардум нишон диҳанд, чӣ гуна мақомот бо душмани дохилӣ меҷангад ва муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳамчун душман интихоб шудаанд,”-- мегӯяд Иброҳимова.

Тоҷикистониҳо осебпазиртаранд?

Ба ҳар ҳол, муҳоҷирони тоҷик тақрибан ҳар рӯз бо шикоят аз табъизи нерӯҳои амниятии Русия дар расонаҳо зоҳир мешаванд ва мақомоти Тоҷикистон бо баёнияҳое дар сатҳҳои мухталиф фаъолияти бесобиқае дар ҳимоят аз онҳо нишон медиҳанд.

Фарҳод Одинаев, фаъоли мухолиф ва муҳоҷири пешин мегӯяд, "дар Русия алайҳи ҳама корзори муҳоҷирсититезӣ рӯи кор аст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби нақзи ҳуқуқашон бештар осебпазиранд." Мақомдорони Узбекистон ва Қирғизистон роҳкорҳои мавҷуди муносиботи давлатиро барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ нисбат ба ҳамтоёни Тоҷикистон моҳиронатар истифода мекунанд,”-- таъкид мекунад Одинаев.

Рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки масъалаи муҳоҷиронро пӯшиш медиҳад, бо шарти ифшо нашудани номаш (ба далоили амниятӣ) дар суҳбат бо Радиои Озодӣ назари монанд изҳор кард. “Мақомҳои кишвар дар тӯли як соли гузашта талош кардаанд аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дифоъ кунанд, аммо ба таври куллӣ худи онҳо далели чеҳраи бади шаҳрвандони худ шудаанд. Аз як сӯ, маҳдудиятҳои динӣ ва сиёсӣ боиси ифротишавӣ шудааст ва аз сӯе ҳам афроди зиёдеро дар дохили кишвар бо ифротгароӣ муттаҳам карданд. Ин ба мақомот иҷоза дод, ки хушунатро дар кишвар машрӯъият бахшанд ва ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ тоҷиконро дар даст задан ба ҷиноятҳои бузург ба осонӣ муттаҳам мекунанд,”--мегӯяд рӯзноманигор.

Тасвири бад

Дар тӯли ду сол номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ду ҳамлаи маргталабонаи Русия, се ҳамла дар Эрон, омодагӣ ба инфиҷор дар кишварҳои Туркия, Олмон, Утриш ва Ҳолланд расонаӣ шуд. Муҳаммад Яқуб Муҷоҳид, вазири дифои ҳукумати Толибон моҳи январи соли ҷорӣ дар як баёния гуфт, ки дар ду соли ахир дар амалҳои террористӣ бештар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон ҷалб будаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо руҳониёни тоҷик эътироф кард, ки дар тӯли се сол 24 шаҳрванди кишвар даст ба амалҳои террористӣ задаанд ва ё дар омода кардани онҳо дар даҳҳо кишвар гумонбар шудаанд.

Дар моҳи июни имсол 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико бо гумони робита бо ДОИШ боздошт шуданд, ки ҳафт нафари онҳо баъдан депорт шуданд, вале узвияти онҳо дар ин ташкилоти террористӣ муайян нашуд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Украина барои 14 сол зиндонӣ кард ва дар Косово шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба гумони ҷосусӣ барои Русия боздошт карданд.

Мақомоти Тоҷикистон ошкоро дар бораи иттиҳомот алайҳи шаҳрвандони худ изҳори назар накарданд.

Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфаронси байналмилалии мубориза бо терроризм рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ки Тоҷикстон дар байни муваффақиятҳои дигари муҳим пешрафтҳоеро дар ҷиҳати беҳбуди роҳкорҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва тундгароӣ доштааст, ки нақши ҷомеаи маданӣ дар ин раванд хеле муҳим аст. Аммо, чӣ тавр ин муваффақиятро дар амал бояд санҷид, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нагуфт.

Дуди сиёҳ дар осмони Душанбе. То соли 2037 Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Дуди сиёҳ дар сомони Душанбе
Дуди сиёҳ дар сомони Душанбе

Як фаъоли ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯяд, истихроҷ ва истифодаи аз меъёр зиёди ангишт ҳавои кишварро олуда ва гузаштан ба иқтисоди сабзро халалдор мекунад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки аксари онро дар дохили кишвар сӯзондаанд.

Наталя Идрисова, ки даҳ сол ба инҷониб мушкилоти зистмуҳитии Тоҷикистонро меомӯзад, гуфт, дуди сиёҳе, ки аз гушаву канори шаҳру деҳот ба осмон боло мешавад, пайомади хуб надорад. Ӯ аз афзоиши корхонаҳои истеҳсоли ангишт танқид кард, ки кишварро аз роҳи расидан ба иқтисоди сабз ва афзоиши ҷойҳои нави корӣ дур мекунад.

“Албатта, мо ба сармоягузориҳои Чин вобастаем ва онҳо ба таври фаъол тавлидоти касифи худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба гузариш ба иқтисоди сабз, ки мо мехоҳем, ба зудӣ, ҳамвор ва одилона нахоҳад буд. Аммо муҳимтар аз ҳама дар хотир бояд дошт, ки гузариш ба иқтисоди сабз пеш аз ҳама тасмими иродаи сиёсии давлати мо буд ва ин тасмимро дар сатҳи байналмилалӣ бо имзои як созишномаи байналмилалӣ тасдиқ кардааст,”—гуфт Наталя Идрисова.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистон кишвари покиза аз дуду газҳои зиёновар мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Дар ҳоле, ки саноатҳои азими ҷаҳон тадриҷан аз истифодаи ангишт даст мекашанду ба навъҳои модерну камзиёни васоили энержӣ рӯ меоранд, дар Тоҷикистон тамоюли баръакс аст. Истихроҷи ин сӯзишворӣ ба бештар аз 2 миллион тонна расидааст, ки дар соли 2023 танҳо 7 дасади он ба хориҷа содир шуда, боқӣ дар дохили кишвар истифода шудааст. Танҳо талаботи "Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душнбе ба ангишт ҳудуди як миллион тонна аст. Даҳҳо корхонаи дигари истеҳсолӣ низ фаровон аз ин намуди сӯзишвории олудакунандаи муҳити зист истифода мебаранд.

Дар Институти иқтисод ва демографияи Академияи улум гуфтанд, Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки бо назардошти гузариш ба иқтисоди сабз истихроҷу истифодаи ангиштро кам кунад, вале даст ёфтан ба чунин кор дар солҳои наздик осон нахоҳад буд, зеро феълан ангишт яке аз манобеи асосӣ аст.

Камол Обидов, корманди Институти иқтисод ва демографияи Академияи улум дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон тадриҷан ба иқтисоди сабз мегузарад. "Аз ин рӯ стратегия то соли 2037 пешбинӣ шудааст. Яъне чунин раванде, ки фардо бояд аз ангишт даст кашем, ғайриимкон аст. Мо онро истифода мебарем, вале бояд технологияи навро барои полоишу кам кардани зарари он ҷорӣ созем. Бо мурури замон, албатта ба энергияи офтобӣ мегузарем. Инҳо барои Тоҷикистон манобеъи бузург ҳастанд, бахусус аз он ки фановариҳои нав ба ин батареяҳо имкон додаанд, кор кунанд, аммо боз мегӯям, ки ин як раванди тулонист.

Рӯшан нест, Тоҷикистон барои ҳалли мушкил дар баробари гузариш ба иқтисодӣ сабз чӣ дурнамое дорад. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд. Вуҷуди чунин мушкил дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои сатҳи байнулмилалӣ дар мавриди талоши кишвар барои даст ёфтан ба иқтисоди сабз то соли 2037 суҳбат кардааст.

Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон барои мутобиқсозии кишвар ба тағйири иқлим ва гузариш ба иқтисоди “сабз” ба 96 миллиард доллар ниёз доштааст. Баъзе аз созмону ниҳодҳои молӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки аврупоӣ, Оҷонси Амрико дар мавриди рушди байнулмилалӣ аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои вобаста ба рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Мақомот дақиқ намегӯянд, ки чӣ қадар пул дарёфт кардаанд ва харҷи маблағҳо то куҷо дурусту шаффоф сурат гирифтааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон Файзи Олиро ба додгоҳ кашидааст

Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев)
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев)

Додситонии кулли Тоҷикистон вакили мудофеъ Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев)-ро ба гумони "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст.

Шикояти Додситонии кулро дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ мекунанд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Файзи Олӣ бар асоси моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба прокурор" баррасӣ мешавад.

Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Намояндаи Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки Файзи Олиро шаш сол зиндонӣ кунанд.

Файзи Олӣ, адвокати шинохта, рӯзи 22-юми ноябр шикояти Додситонии кулро беасос номид. Вакили мудофеъ гуфт, пас аз он нисбаташ ба додгоҳ шикоят шудааст, ки аз мавридҳои, ба қавли ӯ, фасодкории кормандони Додситонӣ ба Оҷонсии зидди фасод, Шӯрои амният ва дастгоҳи иҷроияи президент шикоят кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон расман шикояташро шарҳ надодааст, вале Файзи Олӣ мегӯяд, ин ниҳод даст доштани кормандонашро дар фасод рад карда, аризаҳои ӯро "дурӯғ" номидааст. Ӯ гуфт, бе далел ариза нанавиштааст ва ҳозир аст, дар додгоҳи бетарафона онҳоро исбот кунад.

"Дар моҳи июл бидуни огоҳ сохтани ман парванда боз карда шудааст. Фақат баъд аз як моҳ маро огоҳ карданд. Дар мурофиаи навбатӣ ман сухани ҳимоятии худро ироа мекунам ва бо далел собит мекунам, ки дурӯғ нагуфтаам. Ман дар мурофиа ҳамчун ҳуқуқшинос аз худам дифоъ мекунам,"--гуфт Файзи Олӣ.

Мурофиаи додгоҳӣ бо шикояти Додситонии кул нисбат ба Файзи Олӣ ҳафтаи оянда идома хоҳад кард.

Файзи Олӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, дар бораи кори мақомот шарҳҳо менависад.

"Дилам монд." Раҳоии муҳоҷире, ки аз шароити бад дар Боздоштгоҳи Русия шикоят дошт

Зуҳурҷон Неъматов мегӯяд, баъди бозгашт ба Тоҷикистон таксӣ меронад
Зуҳурҷон Неъматов мегӯяд, баъди бозгашт ба Тоҷикистон таксӣ меронад

Як муҳоҷири тоҷик, ки дар аввали моҳи ноябр бо фиристодани наворе ба "Мигрант Медиа" аз вазъи бади худу ҳамсар ва се кӯдакаш дар Боздоштгоҳи муваққатии Екатеринбург шикоят карда буд, озод шуда, ба Тоҷикистон баргаштааст.

Зуҳурҷон Неъматов ҳоло таксӣ меронад. Мегӯяд, воқеан, бидуни ҳимоят раҳо шуда наметавонист: "Ҳазор раҳмат ба "Мигрант Медиа", Радиои Озодӣ ва консулгарии Тоҷикистон. Баромадам, ба ватан омадам. Ҳиссиётро чӣ хел баён кунам, намедонам. Бисёр хурсанд шудам."

Вай рӯзи 19-уми октябр аз тарафи пулиси шаҳри Екатеринбург ба гумони сохта будани ҳуҷҷатҳояш дастгир карда шуда, ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаконаш дар Боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр дар ҳолати вазнин нигоҳ дошта мешуд. Яке аз кӯдаконаш бемории саръ ё эпилепсия дорад.

Акс аз наворе, ки муҳоҷир дар боздоштгоҳ сабт кардааст
Акс аз наворе, ки муҳоҷир дар боздоштгоҳ сабт кардааст

Солҳои дароз дар анбори "Яндекс" чун иқтисоддон-барномасоз кор мекард. Ба гуфтаи худаш, дар шароите буд, ки умед надошт ба зудӣ аз он раҳо мешавад. Акнун бо аҳли оилааш дар Тоҷикистон аст. "Ҳозир як мошинро ба иҷора гирифтам, таксӣ меронам. 250 сомонӣ ҳаққи мошинро медиҳам, сад - дусад сомонии дигар мемонад, барои хона харид мекунам. Хонаам ҳам иҷора," – нақл кард ӯ рӯзи 21-уми ноябр.

Ба гуфтаи Зуҳурҷон Неъматов, ӯ нагузоштааст, ки пулиси Русия ба шиносномааш мӯҳри ихроҷ занад: "Агар каме сустӣ мекардам, “депорт” мекарданд, намедонам барои чанд сол. Барои он ки ҳаққамро талаб кардам, маро ронда натавонистанд. Ҳама чиз доштем. Фақат даромадани маро ба Русия се моҳ манъ карданд."

Навор дар Фейсбук:

Қаҳрамони мо дигар ба Русия, ки даҳ соли охир дар он ҷо кор мекард, баргаштан намехоҳад, зеро мегӯяд, аз чунин муносибат дилсард шудааст. “Ман одами фоидаовар будам. 17 анборро нигоҳ мекардам. Агар душворие пеш меомад, русҳои худашон хоб буданд, ман соати сеи шаб, чори шаб мерафтам, ислоҳ мекардам. Ғарибӣ осон нест. Онҳо моро мисли инсон надонистанд. Дилам монд," – мегӯяд вай.

Зуҳурҷон мегӯяд, дар солҳои дарози муҳоҷираташ таҷрибаи бузурге андӯхтааст ва мехоҳад дар оянда ба муҳоҷирони дигар ёрӣ диҳад ва аз ҳуқуқи онҳо пуштибонӣ кунад.

Ҳоло дар ҷустуҷӯйи кори муносиб аст ва мехоҳад муҳоҷирати кориро дар Аврупо таҷриба кунад: “Рости гап, чанд рӯз боз Инстаграм ва ҷойҳои дигарро дидам. Барои шаҳврандони Тоҷикистон дар Аврупо имкониятҳои хуб ҳаст. Ман туркиву курдӣ, кам-кам арабиву узбекиро ҳам медонам. Ба Аврупо рафтаниям.”

Ҳангоми ҳабсаш Зуҳурҷон Неъматов аз вазъи худ ва кӯдаконаш видео гирифта, дар шабакаҳо паҳн карда буд. Вақте фишори пулис ба ӯ бештар шуд, ба тарҳи “Мигрант Медиа”-и Радиои Озодӣ муроҷиат намуд ва хостори кумаки мақомоти Тоҷикистон шуд. Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва ҳамдиёрони хайрхоҳ ба ин оила ёрӣ карданд, то ба ватан баргардад. Гузориши “Мигрант Медиа”-ро дар муддати кӯтоҳ қариб ним миллион нафар тамошо карда, садҳо кас ба он шарҳ навиштанд.

Навор дар Инстаграм:

Аз сел гурехта, ба... сел дучор шуданд

Дар як маҳаллаи шаҳри Кӯлоб, ки мардум аз сел гурехта онҷо хона сохтанд, ҳар вақте борон борид, айнан ҳодисаҳои 14-15 сол пеш такрор мешаванд.

Оби зиёд дар сари роҳу ҳавлиашон ҷамъ шуда хонаҳои баъзе аз онҳоро ҳам нимавайрон ва барои зиндагӣ хатарнок кардааст.

Сокинон мегӯянд, хонаҳои навро сохтанд, вале роҳи обгузар ё ҷӯйҳои заҳбур надоранд, то ки аз хатари ҷамъшавии обу хароб кардани хонаҳои мардум пешгирӣ шавад.

Сокинони як маҳаллаи Кӯлоб аз сел гурехтанд, вале балои дигар омад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Мулоқоти сенатори амрикоӣ Стив Дейнс бо мақомоти Тоҷикистон

Акси Стив Дейнс ва Сироҷиддин Муҳриддин аз сомонаи mfa.tj
Акси Стив Дейнс ва Сироҷиддин Муҳриддин аз сомонаи mfa.tj

Сенатори амрикоӣ Стив Дейнс рӯзи 23 ноябр дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Дар ин бора сомонаи хабаргузории “Ховар” ва саҳифаи Х-и сафорати ИМА дар Душанбе хабар додаанд.

Дейнс узви Кумитаи Сенати ИМА оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ буда, дар як изҳороти ахираш аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико чун “роҳи дурусти интихобкардаи амрикоиҳо барои оянда” ситоиш кардааст.

Ба навиштаи сафорати Амрико, “дар мулоқоти пурмаҳсули сенатор Стив Дейнсу сафири ИМА Мануэл Миккаллер бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин онҳо роҳҳои амиқтар кардани ҳамкориҳо барои ҷалби тиҷорати амрикоӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд”.

Дар хабар таъкид шудааст, ки сафорати ИМА барои кӯмак дар эҷоди фазои беҳтари тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармояҳо аз ИМА ва дигар давлатҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.

Ҷузъиёти аз ин беш нашр нашудааст.

Даъвати Путин аз Раҳмон барои ширкат дар рӯзи 9 май 

9 маи соли 2021
9 маи соли 2021

Сафири Русия  гуфтааст, президент Владимир Путин чанд рӯз пеш ба раиси ҷумҳурии Тоҷистон Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи иштирок дар ҷашни 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро ирсол намуд.

Семен Григорев ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, ки ҷашнҳо дар Майдони сурхи Маскав рӯзи 9 маи соли 2025 барпо мешаванд. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон соли оянда раҳбарии давраии созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба ӯҳда хоҳад дошт ва мавзӯи ҷашнгирии иди ғалаба дар «сатҳи баланд» баррасӣ мешавад.

Президенти Русия Владимир Путин мавзӯи ғалаба бар фашизм дар ҷанги солҳои 1941-45-ро ба як масъалаи муҳими сиёсати дохилию хориҷиаш табдил дода, бештар нақши боризи Русияву сокинони ин кишварро барҷаста нишон додан мехоҳад.

Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо баҳои ҷонсупориҳои даҳҳо ҳазор сарбоз аз Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҳам ба даст омадааст.

Умеда Юсуфӣ: Дар паи зилзила дар Тоҷикистон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

Нисфирӯзии шанбе, 23 ноябр дар ҳудуди Тоҷикистон зилзила ба қайд гирифта шуд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе, 23 ноябр соати 13:33 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази зилзила дар 266-километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе дар сарҳад бо Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Юсуфӣ, зилзила дар 48-километри шимоли ноҳияи Лахш рух дода, дар марказ 5 балл ва ноҳияи Лахш 3 баллро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Лахш, ҳеҷ хисорот ё талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Марги кӯдаки 10-сола дар мактаби Ваҳдат. Волидон: “Касе ба додамон намерасад”

Дар як ҷанги мактаби навраси 10-солаи тоҷик ҳалок шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Маҳмуд Давлатови 10-сола, ба гуфтаи волидонаш, дар натиҷаи занозанӣ бо як писарбачаи 11-сола фавтид.

Ин ҳодиса дар канори мактаби 101-уми шаҳри Ваҳдат рӯзи 19 октябри имсол рух додааст. Падари Маҳмуд – Фатҳиддин Давлатов он замон дар муҳоҷират буд. Вай барои гӯручӯби писараш аз Русия омад. Фатҳиддин мегӯяд, бо гузашти як моҳ “тафтиши ҳодиса ба ҷое нарасидааст ва касе ба доди онҳо намерасад”.

Дар мактаби 101 дар суҳбат бо тарҳи Мигрант Медиаи “Радиои Озодӣ” гуфтанд, “ҳодиса рӯзи шанбе рух дода, волидонаш бояд намегузоштанд, ки Маҳмуд ба мактаб ояд”. Волидони хонандае, ки пайвандони Маҳмуд ӯро дар марги писарашон гумонбар медонанд, нахостанд бо хабарнигорон суҳбат кунанд. Дар мақомоти корҳои дохилӣ низ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ борҳо аз занозанӣ миёни хонандагон хабар додааст, ки дар бархе ҳолатҳо ин ҷанҷолҳо боиси фавти наврасон шудаанд. Ҳамзамон ин вазорат пештар хабар дода буд, ки барои пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо дар мактабҳо муҳофиз гузошта шудааст.

Фатҳиддин Давлатов дар сӯҳбати видеоӣ лаҳзаи марги мудҳиши фарзандашро чунин нақл кард: «Апааш дар мактаб мехонд. Дарси варзиш доштанд. Тӯпро ба мактаб бурдааст. Ин (Маҳмуд) хостаст, ки барои тӯпаш ба мактаб равад. Як нафар (хонанда) пеши ҳоҷатхонаи мактаб мебарад, мегӯяд, «бо ҳамин бача ҷанг мекунӣ?» Онҳо аз Маҳмуд як сол калон. Дар ҳамон мактаб мехонданд. Хулоса, ҷангашон мемонанд. Дар сараш мезанад бо мушт, ки (Маҳмуд) меғалтад. Мегӯяд, «биист, назан, ки сарам чарх мезанад». С. - ҷангандоз, мегӯяд, ки «Чӣ истодаӣ? Бизан!». Ин мегӯяд, «назан», ун мегӯяд, «бизан». Ин дафъа бо по дар ҷигараш мезанад. Аз дарун ҷигар мекафад. Ҳамон ҷо ба ҳалокат мерасад.

Дар натиҷа, Маҳмуд Давлатови 10-сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби 101-уми деҳаи Суғдиён дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 19 октябр дар натиҷаи занозанӣ бо хонандаи дигари ҳамин мактаб фавтидааст. Волидони Маҳмуд мегӯянд, ҳодиса дар ҳудуди мактаб рух додааст ва писари онҳоро хонандагони дигар бо як бачаи як сол аз ӯ калонтар “ҷанг андохтаанд”.

Хонандае, ки волидони Маҳмуд ӯро дар марги писарашон айбдор медонанд, дар синфи 5 таҳсил мекунад. Ному насаби вай дар ихтиёри Мигрант Медиа ҳаст, аммо ба далелҳои ахлоқӣ аз зикри он худдорӣ карда мешавад. Дар ҳоле, ки волидони Маҳмуд рух додани ҳодисаро ба мактаб рабт медиҳанд, Хайрулло, муҳофизи мактаби 101 гуфт, занозанӣ берун аз ҳудуди мактаб сурат гирифтааст. Ин муҳофиз афзуд, ҳодиса рӯзи шанбе рух дода ва хонандаи фавтида истироҳат дошт. Биноан, намебоист ба мактаб меомад.

Хайрулло, посбони мактаб дар сӯҳбат гуфт: «Ин кӯдак он рӯз дарс надоштааст. Ин задагӣ ҳам ҷавоб шуда будааст. Хайр, байнашон кӯдак ба кӯдак, чӣ медонем чӣ шудааст. Камера дар ин ҷо, дар он ҳоҷатхона дар куҷо аст, камера?! Аз мактаб берун ҷанҷол шудаанд. Модар, ки нигоҳ накунад, айби кӣ? Хайр, ин кӯдак аст охир. Кӯдак ба кӯдак ҷанг шудаанд, киро бояд чизе гуфт?».

Курсие, ки Маҳмуд рӯи он менишаст, то ҳанӯз холӣ аст. Фотима Ситамова, омӯзгори мактаби 101 ва раҳбари синфе, ки Маҳмуд онҷо таҳсил мекард, гуфт, ба эҳтироми хонандаи фавтидааш он курсиро холӣ нигаҳ медорад. Вай аз он ҳодиса чунин ёд овард: «Ман мактаб омадам, лекин хонандаҳо дар мактаб набуданд, рӯзи истироҳаташон буд. То соатҳои 2:30 истодам, баъд ҷавоб гирифтаму рафтам хона. Баъди ин мудир ба ман занг зад, ки «ҳамин хел ҳодиса шудааст, беморхона биё». Ман нахуст мактаб омадам, ки гуфтанд, «хонандаи шумо аст», ман ҳайрон шудам, ки хонандаи ман имрӯз дарс надошт, барои чӣ омадааст мактаб?!».

Сарфи назар аз даъвоҳо ва посухҳои ҷонибҳо, ба дасти Мигрант Медиа санаде расид, ки аз оғози санҷиш дар робита ба ҳодисаи мазкур хабар медиҳад. Санҷиш аз сӯи Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳанӯз 21 октябр шуруъ шудааст. Падари хонандаи фавтида гуфт, бо гузашти бештар аз як моҳ “санҷиши ҳодиса ба ҷое нарасидааст ва касе ба додашон намерасад”. Ин мард муҳоҷири меҳнатӣ аст ва замони рух додани ҳодиса дар Русия буд. Вай барои гӯручӯби писараш аз муҳоҷират фавран баргаштааст.

Фатҳиддин Давлатов лаҳзаи дардноки хабари марги писарашро ҳангоми намозхонӣ дар Русия шунид: «Намози аср мехондам, тахминан соатҳои 4, ҳамсарам занг зад, ки «Маҳмудҷони бачаатро куштанд». Аз ҷоям хестам, ки сарам чарх зад. Худамро камтар ба даст гирифтам. Ҳамон рӯз шанбе буд. Занг задам хазина, тавассути шиносҳо, аз масири Хуҷанд билет гирифтам, соати 9 рӯз дар хона расидам. Мурдаро оварда дар хона, мардум ҷамъ шуда буд, ҳама маро интизор буданд. Соатҳои 11-11:30 бардоштем».

Пайвандони хонандае, ки волидони Маҳмуд ӯро дар марги писарашон айбдор мекунанд, рӯзи 19 ноябр ҳозир нашуданд, бо хабарнигорон суҳбати ҳузурӣ анҷом диҳанд. Саидбек, сокини деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат, ки худро падари хонандаи бо Маҳмуд занозанӣ карда муаррифӣ кард, дар суҳбати кутоҳи телефонӣ гуфт, “ҳама чизро мақомот медонанд”.

Волидони Маҳмуд барои писарашон нақшаҳо мекашиданд ва аз ӯ умеди зиёд доштанд. Ҳоло танҳо адолат мехоҳанд. Фатҳиддин Давлатов гуфт, ба ҷуз Маҳмуд се фарзанди дигар дорад, вале ҷойи ӯро ҳеч кадом фарзандаш пур намекунад.

Фатҳиддин Давлатов гуфт, «ният доштем, ки оянда Маҳмудро пизишк кунем. Саводаш ҳам нағз буд. Муаллимааш тасдиқ мекунад инро. Хайр, дар насиб будааст, ҳамин хел шуд. Кӯдак соз буд. Ҳамон шабе, ки пагоҳаш ин ҳодиса шуд, ҳамроҳаш суҳбат карда будам. Дарс тайёр мекард. Бачаи дигарам ҳар рӯз мебарояд, «Маҳмудҷон-Маҳмудҷон» гуфта, мегиряд. «Дада, кай мебиёяд акаам, кай аз Русия меояд?» Касе гуфтааст, ки Русия рафтааст, баъд мебиёяд. Ҳамонро бовар кардааст. Чӣ посух доданро намедонам».

Вазорати нақлиёт: Рухсатномаи боркашонӣ бо Узбекистон бекор шуд

Гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон
Гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон

Иҷозатнома барои боркашонӣ ё “дозвол” миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аз байн рафт. Дар ин бора рӯзи 22-юми ноябр аз Вазорати нақлиёт ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, аз рӯзи 21-уми ноябр мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон ва Узбекистон метавонанд бе иҷозатнома аз ҳудуди давлатҳои ҳамдигар убур кунанд.

“Баъд аз онки Маҷлиси намояндагон созишномаро тасвиб кард, мо аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҷониби Узбекистон хабар додем, ки ҳама расмиёти дохилӣ барои бекор кардани рухсатномаи боркашонӣ аз тарафи мо иҷро шудааст,”-гуфтанд дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҷониби Узбекистон дар бораи бекор шудани рухсатнома бо Тоҷикистон расман хабар надодааст. Порлумони ин кишвар ҳанӯз моҳи сентябри имсол санади бекор шудани рухсатнома бо Тоҷикистонро тасвиб карда буд. Созишномаи нав дар бораи лағви рухсатнома моҳи апрели имсол дар Душанбе имзо шуд.

Равуои байниҳамдигарии мошинҳои боркаши Тоҷикистону Узбекистон озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Ба навиштаи сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бар асоси ин санад, убури “транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд".

Гирифтани рухсатнома барои кашондани бор аз Тоҷикистон ба хориҷа ба воситаи хоки Узбекистон шаш сол боз ҳаст, аммо арзиши он дар моҳҳои охир баҳс барангехт ва ин бахшро ношаффоф ҷилва дод. Баъди амалӣ шудани санади нав, дигар чунин иҷозатнома талаб карда намешавад.

Моҳи январи имсол даҳҳо ронандаи мошини борбар дар гузаргоҳи "Фотеҳобод-Ойбек" ҷамъ шуда, аз мушкили дарёфти рухсатнома шикоят карда буданд.

Ронандагон он замон мегуфтанд, ҳарчанд роҳ ба Узбекистон боз аст, мушкили гирифтани рухсатнома монеи сафар шудааст. Вазири нақлиёт гуфта буд, ки санадро аз Узбекистон мегиранд, на ин ки худашон нашру паҳн мекунанд.

Баъди баста шудани марзи Қирғизистон ва бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон, Узбекистон дар тӯли шаш соли охир ба яке аз масирҳои асосии боркашонӣ барои Тоҷикистон табдил ёфтааст. Миёни ду кишвар 13 гузаргоҳ ҳаст.

Ҳузури ду мансабдори пешин дар мурофиаи чеҳраҳои шинохта

Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов
Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов

Рӯзи 22-юми ноябр, дар рӯзи чоруми додгоҳи чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва ходимони пешини давлатӣ шоҳидон баёнот доданд.

Тавре хабарнигори Радиои Озодӣ дар атрофи Боздоштгоҳи муваққат мушоҳида кард, бархе аз мансабдорони пешини давлатӣ, аз ҷумла Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин, Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон паз аз анҷоми ҷаласаи додгоҳӣ аз макони мурофиа берун шуданд. Аммо ин афрод аз ҳама гуна суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ шоҳидон имрӯз асосан дар доираи парванди Ҳамрохон Зарифӣ пурсида шудаанд. Ҷузъиёти пурсиш маълум нест. Имрӯз ҳамчунин айбномаи Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиалдемократи Тоҷикистон шунида шудааст.

Мурофиаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони “талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон муттаҳам ва дастгир шудаанд, чун рӯзҳои пеш паси дарҳои баста сурат гирифт. Ба он танҳо вакилони дифоъ роҳ ёфтанд, аммо онҳо аз додани ҳама гуна ҷузъиёт ба хабарнигорон худдорӣ карданд.

Пайвандони гумонбарҳо ва хабарнигорон ба далели муҳри махфӣ доштани парванда роҳ дода нашуданд.

Дар мурофиаҳои пешина айбномаи афроди дигари гумонбар Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ин вазорат, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои собиқи ниҳодҳои амниятӣ, Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ шунида шудааст.

Айбномаи онҳо аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абад бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад. Ин чеҳраҳои шинохта тобистони имсол боздошт шудаанд.

Ба ҳуқуқшиноси дар Тоҷикистон зиндонӣ дар Женева "Ҷоизаи Нобели ҳуқуқи инсон" доданд

Акси Манучеҳр Холиқназаров ва хонаводаашро дар маросими тақдими ҷоиза намоиш доданд.
Акси Манучеҳр Холиқназаров ва хонаводаашро дар маросими тақдими ҷоиза намоиш доданд.

Дар шаҳри Женеваи Швейтсария шоми 21 ноябр маросими тақдими ҷоизаи ба номи Мартин Энналз ба беҳтарин ҳомиёни ҳуқуқи башар баргузор шуд, ки ин навбат Манучеҳр Холиқназаров аз Тоҷикистон ва Жоля Порсӣ аз Афғонистон барандаи он шуданд.

Мукофоте, ки ба қавли шаҳрдори Женева Кристина Китсос “ҷоизаи Нобел барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон” дониста мешавад, бар асоси қарори ҳайати доварон – даҳ созмони пештози ҳомии ҳуқуқи инсон - Афви байнулмилал, Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва дигарон тақдим карда шуд.

“Онҳо садои бесадоҳо ҳастанд”

Манучеҳр Холиқназаров барои талошаш дар ҳимояти ҳуқуқи эътирозгарон дар ВМКБ соли 2022 ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Аз номи ӯ ин ҷоизаро дар Женева Ҷералд Стейброк, раҳбари Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа гирифт. Стейброк гуфт, Холиқназаров аз насли нави ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон аст, ки рабте ба низоми ҳукумат надорад ва рисолати худро бо садоқат ва эътимоди қавӣ иҷро мекард.

Дар маросим филми хурде дар бораи корномаи Холиқназаров, назари ҳампешагонаш аз созмонҳои дигари бонуфузи ҳомии ҳуқуқ – Роза Оқилбекова, Сергей Романов, Бридит Дюфо намоиш дода шуд. Талошҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи сокинони ВМКБ, журналистон, қурбониёни шиканҷа, ба қавли ҳамкоронаш, мавриди асабонияти мақомот дар Тоҷикистон шудааст.

“Танҳо орзуи ман ин аст, ки ӯ зудтар баргардад ва мову дӯстонашро ба оғӯш бигирад,"-- гуфт духтари Холиқназаров дар ин филм дар ҳоле, ки исми ӯву модараш ё чеҳраҳояшон нашр нашуд ва таъкид гардид, ки парвандаи ӯ мӯҳри махфӣ дорад.

“Ҳар дидори мо бо ӯ, бовар дорам, барои истодагарӣ дар зиндон кӯмакаш мекунад,”-- гуфт ҳамсари ӯ дар пушти нигористони аксҳои хонаводаии Холиқназаров. Яке аз аъзои ҳакамон Холиқназаров ва Порсиро “садои бесадоҳо” номид, ки дар фазои саркӯбу фишорҳо талош карданд, аз ҳаққи ҳамватанон ҳимоят кунанд.

“Ба эътироз мӯямро кӯтоҳ кардаму тату задам”

Жоля Порсӣ – ҳомии ҳуқуқи занону духтарон аз Афғонистон барандаи дигари ҷоизаи Мартин Энналз ҳам бо далелҳои амниятӣ дар маросим иштирок накард, чун гуфт, баъди раҳо шуданаш аз зиндону шиканҷаҳои режими Толибон дар макони амне ба сар мебарад. Порсӣ баъди сари қудрат омадани Толибон ва маҳдуд шудани ҳуқуқи занону духтарон ба кору таҳсил даҳҳо намоиши эътирозиро дар Кобулу Кундузу дигар шаҳрҳо созмон доду китобхонае барои занон боз намуд. Соли 2023 давоми се моҳ дар зиндони Толибон ҳамроҳ бо писараш Озарахш шиканҷаҳои равониву ҷисмониро пушти сар кард, аммо ҳоло мегӯяд, ҳеҷ гоҳ аз талошҳояш даст намекашад ва аз дур ҳам бошад то охир барои ҳуқуқи занон мубориза мебарад.

Порсӣ дар филме, ки бо ширкати ӯ таҳияву дар маросим пахш шуд, гуфт, аввалин коре, ки ба нишони эътироз аз омадани Толибон кард, мӯяшро хеле кӯтоҳ буриду дар як ангушташ холкӯбӣ ё тату зад. “Ҳеҷ гоҳ аз мубориза даст намекашам” ва ба “апартеиди занон дар Афғонистон” муқовимат мекунам,"-- мегӯяд Порсӣ.

Маросими супурдани ҷоизаи ба номи Мартин Энналз имсол бори 30-юм баргузор шуд ва муаллифонаш онро амри муҳим барои ёдоварӣ ба ҳукуматҳое номиданд, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд.

"Куҷо равем?" Баҳси соҳибони дӯконҳои зеризаминӣ бо мақомоти Душанбе

Тоҷирон дар Душанбе: Моро аз дӯконҳо берун накунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

То чанд рӯзи дигар теъдоде аз дӯконҳо дар гузаргоҳи зеризаминии шафати бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе баста ва моликашон иваз мешавад.

Дӯкондорон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки раҳбарии нави Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бидуни огаҳ кардани онҳо музояда барпо карда, дӯкони онҳоро ба иҷорагирҳои нав додааст.

Фирӯз Орифов, тоҷири яке аз ин дӯконҳо мегӯяд, ки Раёсати молу мулки Душанбе ба онҳо ҳеч интихоби дигаре пешниҳод намекунад.

“Мо ду сол шуд дар ҳамин ҷо кор мекунем, мо ҳамин қадар бор дорем. Мегӯянд, борҳоятонро гирифта берун бароред, ҳозир холӣ кунед, ба мо диҳед. Ҳар рӯз кор ҳамин аст. Ягон вариант пешниҳод накарданд. Фақат мегӯянд, гирифта, холӣ кунед,”-- нигаронӣ кард ин тоҷир.

Иддаои асосии тоҷирон ин аст, ки масъулони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе онҳоро аз ин нуқтаҳои савдо ронданианд.

“Даъват мекарданд, мо чӣ хеле, ки кору фаъолият дорем, ғайриқонунӣ нест, моро ҳам ҳамон қадар зӯрамон мерасад, ки ҳаққи давлатиашро супорем, патент дорем, кору фаъолият кунем. Пешамон кунанд, куҷо равем ҳозир?”-- мегӯяд Аваз, тоҷири дигар ин дӯконҳо.

Ин соҳибкорон, ки бархеашон наздик ба 10 сол аст дар ин ҷо кор мекунанд, иддао доранд, ки то имрӯз ҳамаи санадҳои зарурӣ барои кор дар ин дӯконҳоро доранд ва ҳамаи ӯҳдадориҳояшонро иҷро кардаанд.

Рамазон Мирзозода, тоҷире, ки дӯкони фурӯши лавозими телефон дорад, мегӯяд, "ҳамааш дуруст аст, аренда месупорем, на аз патент, на аз андоз қарздор нестем."

Аммо дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе ҳамаи иддаои тоҷирони дӯконҳои гузаргоҳи зеризаминии назди бозори "Саховат"-ро бепоя мехонанд. Раҳбарони ин ниҳод дар суҳабти бидуни микрофон гуфтанд, ки мо борҳо ба тоҷирон огоҳӣ дода будем. Дар ин ниҳод аснодеро дар ихтиёри радиои “Озодӣ” гузоштанд, ки бар асоси ин аснод ҳанӯз моҳи апрел эълони баргузории музоядаро дар нашрияи “Паёми Душанбе” чоп карда, моҳи сентябр музоядаро баргузор намудаанд. Ба гуфаи масъулони ин ниҳод, соҳибкороне, ки дар озмун ширкат карданд, ба иллати кам нишон додани ҳаққи иҷора сабқатро ба дигар соҳибкорон бохтанд. Тибқи ин аснод, теъдоде аз ин тоҷирон дар маҷмӯъ бештар аз 80 ҳазор сомонӣ аз ҳаққи иҷораи дӯконҳояшон қарздор будаанд. Ҳамчунин борҳо барои зудтар пардохти қарзҳояшон расман аз сӯи ин ниҳод огоҳӣ гирифтаанд.

Дар ҳоли ҳозир бархе аз ин дӯконҳое, ки иҷорагирандагони пешинаашон бо тасмими нави Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки шаҳри Душанбе розӣ нестанд, баста шудаанд ва иҷорагирандагони нав натавонистаанд корро оғоз кунанд.

Гузаргоҳи зеризаминии назди бозори "Саховат" дар кӯчаи Неъмат Қарбоеви шаҳри Душанбе соли 2014 ба баҳрабардорӣ супурда шуд, ки баъдан дар роҳравҳои он дӯконҳои фурӯши атриёт, лавозими телефонҳои мобилӣ ва ҳатто либосу ҷиҳози дигар сохта шуд. Дар ҳоли ҳозир дар ин гузаргоҳи зеризаминӣ 25 дӯкон мавҷуд аст.

"Гап задан намехоҳам." Ҳамсари Салимҷон Насриддинов дар бораи эҳтимоли табодули ӯ

Аксҳои Салимҷон Насриддинов аз саҳифааш дар Фейсбук
Аксҳои Салимҷон Насриддинов аз саҳифааш дар Фейсбук

Зулфия Одинаева, ҳамсари Салимҷон Насриддинов, соҳибкори зодаи Тоҷикистон, ки дар Амрико ба расондани молҳои мамнӯи электронӣ ба Русия айбдор мешавад, аз хабари эҳтимоли табодули ӯ аз расонаҳо огоҳ шудааст.

Вай шоми 20-уми ноябр дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш бо шавҳараш дар зиндон дидор дошт, вале тафсилот додан нахост. "Ман бо хабарнигорон гап задан намехоҳам!" – гуфт ӯ.

Хабарнигор: Дар бораи эҳтимоли табодул шудани Салимҷон хабар доред?

Зулфия Одинаева: Бале, хабар дорам.

Хабарнигор: Салимҷон чӣ, хабар дорад?

Зулфия Одинаева: Бале, огоҳ аст.

Хабарнигор: Чӣ гуна пазируфт ин хабарро?

Зулфия Одинаева: Мо ҳоло дар бораи ҳеч чиз фикр кардан намехоҳем. Бубахшед, намехоҳем бо журналистон суҳбат кунем."

Бо ҳамин, Зулфия Одинаева гӯширо гузошт ва ба зангҳои баъдии мо посух надод.

Баъзе аз расонаҳои русзабон ҳафтае пеш гузориш доданд, ки эҳтимол Амрико ва Русия дар моҳи феврали соли 2025 гурӯҳе дигар аз шаҳрвандони дастгиршудаи худро иваз кунанд.

Мақомоти Русия ва Амрико то ин дам табодули эҳтимолии боздоштшудаҳоро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Саҳифаи Mash, як расонаи наздик ба мақомоти интизомии Русия, рӯзи 12-уми ноябр навишт, дар ин феҳраст (70 нафар) дар канори исми Николай Голтсев, Кристина Пузирева ва Максим Марченко номи Салимҷон Насриддинов низ ҳаст.

Салимҷон Насриддинови 53-сола, зодаи шаҳри Панҷакент, дар моҳи ноябри соли 2023 дастгир шуд. Мақомоти Амрико ӯ, Николай Голтсев ва Кристина Пузиреваро шарик медонанд.

Насриддинов ва Голтсев дар моҳи июли имсол дар Додгоҳи федеролии Бруклин эътироф кардаанд, ки аз номи ширкатҳои русии таҳримшуда дар харидани қисмҳои таҷҳизоти радиотехникӣ миёнаравӣ карданд. Баъзе аз ин маҳсулоти фиристодашуда дар миёни силоҳҳои русӣ дар ҷанги Украина ошкор шудаанд.

Айбдоршавандаи сеюм, Кристина Пузирева, гуфтааст, гуноҳи худро танҳо дар қисмати “машварат бо ҳадафи шустушӯи даромад аз нақшаи экспорти маҳсулот” эътироф мекунад.

Вазорати адлияи Амрико пештар навишта буд ки ба Насриддинов ва Голтсев то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар парвандаи онҳо гуфта шудааст, ки айбдоршавандаҳо бо истифода аз ду ширкати сабтшуда дар Бруклини Амрико бо номи “SH Brothers” ва “Inc. SN Electronics Inc.” молу маводи таҳримшудаи электрониро аз Амрико ба кишварҳои сеюм, мисли Туркия, Ҳонгконг, Ҳинд, Чин, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ харида ба Русия фиристодаанд.

Салимҷон Насриддинов дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Амрико шахси шинохта ва соҳибкори муваффақ дониста мешавад. Гуфта мешавад, ӯ молик ё ҳаммуассиси тарабхонае бо номи “Тандурӣ” дар Бруклин аст.

Афроде, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, Насриддинов солҳои дароз дар Русия кор ва зиндагӣ карда, аз ҷумла дар харид ва дастрас кардани таҷҳизот барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ёрӣ додааст. Ӯ доктори илми иқтисод аст ва рисолаашро дар Русия дифоъ кардааст.

Идомаи муҳокимаи чеҳраҳои шинохта пинҳон аз чашми мардум

Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Баррасии парвандаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон дастгир шудаанд, 21-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста идома ёфт.

Ба мурофиа танҳо вакилони дифои боздоштшудаҳо роҳ ёфтанд. Наздикони гумонбарон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ба далели муҳри махфӣ доштани парванда ин бор низ натавонистанд дар мурофиа иштирок кунанд.

Аз вакилони дифои гумонбарон касе ҳозир нашуд, бо хабарнигорон суҳбат кунад.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи имрӯз назари Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба айбнома шунида шудааст.

Ҷузъиёти суҳбати айбдоршавандаҳо маълум нест. Мақомоти додгоҳ низ мавзуъро шарҳ намедиҳанд.

Қаблан як манбаи огаҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки боздоштшудаҳо бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ: 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 247 (қаллобӣ), 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (талош барои ғасби қудрат) – айбдор мешаванд.

Қаблан як манбаъ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои озодӣ гуфта буд, дар мурофиаи 18 ноябр назари чаҳор гумбонбар, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ шунида шуд.

Ба иттилои манбаъ, "Зарифӣ гуфтааст, ӯ ба давлат хиёнат накард. Вале тасдиқ кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои мустаор менавишт, чун агар бо номи худ менавишт, назари собиқ вазири корҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд." Дақиқ нест, ки кадом нигоштаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Се боздоштшудаи дигар – Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду сарҳанги бознишастаи амният низ дар мурофиа иттиҳоми ғасби ҳокимиятро рад кардаанд.

Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Айбномаи боздоштшудагон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абадро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.

Ясмин, духтаре аз Тоҷикистон қаҳрамони бодибилдинг дар ҷаҳон шудааст

Ясмин ал-Нимр бо парчами Тоҷикистон
Ясмин ал-Нимр бо парчами Тоҷикистон

Ясмин ал-Нимр, ягона духтар аз Осиёи Марказӣ аст, ки бори сеюм дар риштаи бадансозӣ ё бодибилдинги (WBPF) ҳирфаӣ қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Ӯ рӯзи 19-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 10 сол мешавад, ки бо ин навъи варзиш машғул аст. “Дар як ё ду сол сохтани бадан номумкин аст. Худи ман 10 сол мешавад, ки бо бадансозӣ машғулам. Илова бар ин, аз пауэрлифтинг ё вазнбардорӣ ҳам замина доштам”, - изҳор дошт вай.

Наздиконаш интизор доштанд, ки Ясмин табиб мешавад, вале ӯ баъди хатми омӯзиш дар риштаҳои робитаҳои байналмилалӣ ва молия рӯ ба варзиш овард.

Ба гуфтаи Ясмин, хешонаш, аз тарафи модарӣ ҳама табиб ва ҷарроҳанд ва онҳо мехостанд, ки ӯ ҳам табиб шавад, вале вай роҳи дигарро интихоб мекунад.

“Ин навъи варзиш дар ҷаҳон хеле сербинанда ва машҳур аст. Ман мехоҳам он дар Тоҷикистон ҳам машҳур шавад, то бачаҳо ва духтарони зиёд ба он машғул шаванд”, - илова кард ӯ.

Ясмин дар аввал бо вазнбардорӣ машғул буда, баъдан бо тавсияи мураббияш ба бадансозӣ мегузарад.

Олим Парпиев, мураббии Ясмина 19-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки онҳо тамринро шуруъ карданд, назари ҷомеа ба кори онҳо чандон хуб набуд. Ӯ гуфт: “Албатта, нафароне ҳастанд, ки зидди инанд. Бе онҳо намешавад. Баъзеи нафарон назди ман омада мепурсанд, ки “акаи Олим чаро Шумо духтаронро бо либоси таҳпуш ба саҳна мебароред?” Ин варзиш аст, ин кори ман аст.”

Видеоро инҷо бинед:

Бо Ясмин қаҳрамони бадансозии ҷаҳон аз Тоҷикистон ошно шавед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳанӯз ҳам мушкилиҳое ҳастанд, ки монеи рушди бадансозӣ дар Тоҷикистонанд. Ба назари ӯ, дар Тоҷикистон дастгирии дастаҷамъӣ аз ин навъи варзиш мушоҳида намешавад. Аз ҷумла, барои бадансозӣ. “Мо дар ҳақиқат ҷавонони боистеъдоде дорем, ки метавонанд натиҷаи хуб нишон диҳанд. Аммо барои ин навъи варзиш сармоягузорӣ лозим аст,” - изҳор медорад ӯ.

Қаҳрамони мо байни зиндагии шахсӣ ва варзиш дувумиро интихоб кардааст. Ба ақидааш “гурги ошиқ дигар наметавонад сайёд бошад”.

Олим Парпиев ҳам дар тақвияти суханҳои шогирдаш мегӯяд, машғул шудан бо бадансозии ҳирфаӣ ва зиндагии шахсӣ дар яквақт номумкин аст.

“Тасаввур кунед, одам бояд дар як шабонарӯз 6-7 маротиба ғизо хӯрад. Вай бояд шаб хеста, ин ҳамаро омода кунад ва дар яхдон гузорад, то рӯзона истеъмол намояд. Бар иловаи ин, бояд дар як рӯз ду бор, субҳу шом дусоатӣ тамрин кунад. Як тамрин дасти кам ду соат давом мекунад. Дар ин ҳолат ӯ кай вақт меёбад, ки бо корҳои хона машғул шавад? Кадом мард инро қабул дорад?!”, - изҳор дошт Парпиев.

Ясмин, ки падараш арабу модараш тоҷик аст, дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шудааст. Ҳоло ӯ дар Душанбе зиндагӣ ва дар як толори варзишии занона ба ҳайси мураббӣ кор мекунад.

Ясмин ҳангоми тамрин
Ясмин ҳангоми тамрин

Ясмин ахиран 11-уми ноябри имсол дар 15-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг бори сеюм қаҳрамони ҷаҳон гашт. Вай соли 2022 дар шаҳри Пҳукети Тайланд ва соли гузашта дар Кореяи Ҷанубӣ ин унвонро соҳиб шуда буд. Ӯ моҳи июли соли 2022 дар қаҳрамонии Осиё дар ҷазираҳои Молдив ду медал - тило ва нуқра – ба даст оварда буд.

Ясмин дар ҳоле тасмим гирифтааст бадансозиро рушд диҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон, аксаран мазҳабиву суннатгароанд ва ба иштироки духтарон дар ин гуна риштаҳо назари нек надоранд.

Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон соли 2003 бо ибтикори вазнабардори маъруфи тоҷик, собиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназаров таъсис ёфтааст, ки ӯ вазифаи раиси ин ташкилотро ба зимма дорад.

"Мардум шикоят мекунанд." Нархи газ дар Тоҷикистон аз 8 сомонӣ гузашт

Нархи газ дар Тоҷикистон боло рафтааст
Нархи газ дар Тоҷикистон боло рафтааст

Камчинӣ ва якбора боло рафтани арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон нигаронии сокинон ва ронандагонро ба бор овардааст. Ду ҳафта пеш нархи як литр гази моеъ то 7 сомонӣ буд. Ҳоло дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он аз 7 сомониву 80 дирам то 8 сомониву 20 дирам расидааст.

Ҳоҷӣ Абдуллоҳ, ронандаи 78-солаи таксӣ дар масири Душанбе-Ҳисор, мегӯяд, болоравии арзиши газ на ба манфиати онҳост, на мардум. "Ба 8 сомонӣ газ мехарам. Даҳ литри он ба 60 километр мерасад. Фоида намебинам," – гуфт ӯ.

Муъмин Раҳмонов, ронандаи дигари таксӣ дар ин масир, мегӯяд, ҳарчанд арзиши газ боло рафтааст, наметавонанд роҳкироро боло баранд: "Газ шаш сомонӣ буд, роҳкиро 10 сомонӣ. Ҳозир газ 8 сомонӣ шудааст, роҳкиро ҳамон. Мо зиёд карда наметавонем. Мардум шикоят мекунанд, дар мошин савор намешаванд."

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз шарҳи сабабҳои камчинӣ ва гароншавии гази моеъ худдорӣ карданд. Аммо тоҷирони сӯзишворӣ дар суҳбатҳои бидуни навор сабаб пеш меоварданд, ки воридоти гази моеъ аз Қазоқистон маҳдуд шудааст.

Як намояндаи дафтари матбуоти Вазорати энергетика дар суҳбати телефонӣ рӯзи 20-уми ноябр сабаби камчинӣ ва боло рафтани арзиши газро ба гарон шудани арзиши он дар Қазоқистон вобаста донист. Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Тенгизшевройл"-и Қазоқистон арзиши як тонна гази моеъро аз 470 доллари пешина ба 520 доллар расондааст.

Ширкатҳои воридкунандаи газ дар Тоҷикистон 94,2%-и газро аз "Тенгизшевройл" мехаранд.

Видеоро инҷо бинед:

Нархи газ боло рафт, роҳкиро чӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Дар моҳи сентябри имсол низ арзиши гази моеъ марзи 8 сомониро убур карда, дар моҳи октябр то 6 сомониву 20 дирам пойин омад. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки дар баробари бебарқӣ ва гароншавии ангишт, боло рафтани нархи гази моеъ ба ҷайбашон зарба зада, зиндагиашонро ба мушкили дигар рӯ ба рӯ мекунад.

Тоҷикистон гази моеъро умдатан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русияву Узбекистон меорад. Дар Тоҷикистон 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоиши нарх суҳбат кунанд. Тоҷикистон дар ним соли гузашта аз хориҷа бештар аз 200 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки нисбат ба ним соли гузашта 12 ҳазор тонна кам шудааст.

Чанд хонандаи мактаб дар як тасодуф дар Суғд маҷруҳ шудаанд

Деҳаи Боғи Боло, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Деҳаи Боғи Боло, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муфаттишон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) тафтиши тасодуф ё садамаи нақлиётиеро оғоз кардаанд, ки дар натиҷаи он чанд хонандаи як мактаб захм бардоштаанд.

Фалокат рӯзи 15-уми ноябр дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Комронбек” дар ҷамоати Ёва рух дод. Гуфта мешавад, ки он рӯз мошини "Портер" хонандагони мактаби рақами 48-и деҳаи Боғи Болоро ба пахтачинӣ мебурд.

Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Суғд бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ки се хонанда – ду духтар ва як писар – ҷароҳати сахт бардошта, муолиҷа мегиранд. Онҳо то 15-сола ҳастанд ва ба ҳамин сабаб ному насаби онҳоро наменависем.

Сокинони деҳаи Боғи Боло гуфтанд, ки теъдоди наврасони осебдида бештар аст ва аксари онҳоро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд бурданд. Як пизишки беморхона низ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, “дар он рӯз 13 наврасро оварданд ва аксарият баъди муоинаву табобат ба хона ҷавоб дода шуданд”.

Волидони наврасони осебдида бо хабарнигорон гап задан нахостанд. Ҳамсуҳбати мо дар Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфт, ба зидди ронанда барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ парванда боз мешавад.

Суоли асосӣ ин аст, ки он рӯз хонандагони мактаб барои чӣ ба майдони пахта рафта буданд? Омӯзгорони мактаби рақами 48 дар деҳаи Боғи Боло гуфтанд, толибилмонро барои ёрӣ ба деҳқонон бурда буданд, то ҳосили пахта дар сармо ҳайф нашавад. Ҳангоми бозгашт садама рух додааст.

Сокинони деҳаи Боғи Боло дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, ки кӯдаконро чанд вақти охир ба пахтачинӣ мебаранд.

Чанд сол пеш ба пахтачинӣ фиристодани хонандагони мактабро дар Тоҷикистон расман манъ карданд, чун ба гуфтаи мақомот ба рафти таҳсили онҳо зарар мерасонад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, аз корҳои вазнини кӯдакон пешгирӣ кунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар як садама дар Суғд хонандагони мактаб маҷрӯҳ шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

"Таҳдид карданд." Даъвати қариб 20 мансабдор ба мурофиаи Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст
Аҳмади Иброҳим 62-сола аст

Додгоҳ ҳудуди 20 мансабдорро барои шоҳидӣ додан алайҳи Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар вилояти Хатлон, ба мурофиаи додгоҳӣ даъват кардааст. Мурофиаи ӯ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи Кӯлоб идома дорад.

Аҳмади Иброҳим дар нимаи моҳи август аз сӯйи маъмурони КДАМ дар Кӯлоб боздошт шуд. Ӯро дар аввал ба додани “пора” (ришва) ба маъмури амният ва сипас “тундгароӣ” ва “тамаъҷӯӣ” муттаҳам карданд. Ҳарсе иттиҳом ҷарима ва аз панҷ то даҳ сол зиндон дорад. Рӯзноманигор ҳамаи онҳоро рад кардааст.

"Бовар кун, зери фишор ҳастам"

Як манбаи огоҳ аз тафтишот рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздик ба сад мансабдори ҳозира ва собиқ, ки давоми панҷ соли охир ба ҳисоби бонкии нашрияи “Пайк” пул гузарондаанд, бозпурсӣ шудаанд.

Ба нақли мусоҳиби мо, “тафтишот талош кардааст, аз равобити молии Аҳмади Иброҳим бо ин афрод "ҳолатҳои ҷиноӣ" пайдо кунад. Аммо аксари онҳо гуфтаанд, ки қонунӣ ба ҳафтаномаи “Пайк” обуна шуда, барои саҳм гузоштан дар корҳои фарҳангӣ китоби ӯро харидаанд.”

“Тақрибан касе ба зидди Аҳмади Иброҳим баёнот надодааст. Дар ин миён додгоҳ наздик ба 20 танро ба мурофиа даъват кардааст, чун тафтишот гуфтааст, дар муносибати онҳо ва рӯзноманингор тамаъҷӯйӣ мушоҳида мешавад,” – афзуд манбаи огоҳ аз тафтишот.

Аҳмади Иброҳим дар баробари рӯзноманигорӣ дар бораи чеҳраҳои таърихӣ китоб менавишт. Дар нашрияаш ба чанд мансабдор ва тоҷир барои ёрӣ дар чопи китобаш расман сипосгузорӣ карда буд. Худи ӯ дар додгоҳ иттиҳоми тамаъҷӯиро рад карда, туҳмат донистааст.

Номи мансабдороне, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кардаанд ва бояд ширкат кунанд, дастраси Радиои Озодӣ шудааст.

Як мансабдори маҳаллӣ, ки бозпурсӣ шудааст, бе зикри номаш рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро зери фишор қарор додаанд, то алайҳи Аҳмади Иброҳим дар додгоҳ суҳбат кунад.

"Аҳмади Иброҳим бароям мисли бародар аст. Ман фақат барои обуна шудан ба “Пайк” ба ҳисоби бонкияш пул гузарондаам. “СМС”-ҳое, ки миёни мову ӯ ҳамчун далел пешниҳод шудааст, ҳеч ҷойи тамаъҷӯӣ надорад. Аҳмади Иброҳим маро маҷбур накардааст. Агар маҷбур мекард, ҳамон замон ба мақомот хабар медодам. Бовар кун, додар, зери фишорам. Таҳдид ҳам шудем, ки агар дар додгоҳ иштирок накунӣ, худатро парванда мекунем. Ман маҷбур иштирок мекунам, вале зидди ӯ баёнот намедиҳам," -- гуфт ин мансабдор.

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст.

Ӯ соли 2012 дар Хатлон нашрияи мустақили “Пайк”-ро таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти нашри онро бар уҳда дошт. Иттиҳоме, ки ӯро бо он айбдор ва боздошт карданд, ба кори нашрияаш бармегардад. Вазорати фарҳанг иҷозатномаи кори онро тамдид накард ва гуё барои дастрас кардани иҷозатнома, ӯ ба як корманди КДАМ ду ҳазор сомонӣ пешниҳод кардааст. Иттиҳоме, ки дӯстонаш онро сохта ва парвандаи ӯро қасос барои матлабҳои танқидиаш меноманд.

Аз Олмон хостаанд, ки ба мақомоти Тоҷикистон фишор биорад

Кохи Миллат, Душанбе
Кохи Миллат, Душанбе

Намояндагони чор созмони байнулмилалӣ аз Олмон хостаанд, ки барои озодии ҳарчи зудтари Дилмурод Эргашев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, ба мақомоти Тоҷикистон фишор биоранд.

Изҳороти Human Rights Watch, Freedom for Eurasia, Norwegian Helsinki Committee ва Abschiebungsreporting NRW рӯзи 20-уми ноябр нашр шуд.

Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон мезист. Бо вуҷуди нигаронӣ ва даъвати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Олмон дархости паноҳандагияшро рад ва ӯро рӯзи 6-уми ноябр аз ин кишвари аврупоӣ берун карданд.

Чор созмони байнулмилалӣ дар изҳороти худ гуфтаанд, ки Дилмурод Эргашев дар Душанбе ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд, аммо ба далели вазъи саломаташ феълан дар шифохона аст. Вай як рӯз пеш аз ихроҷаш аз Олмон раги даст ва пойи худро бурида буд.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, мегӯяд, Дилмурод Эргашев дар гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон ширкат дошт ва “боздошти ӯ дар Душанбе гувоҳи ин аст”.

“Ҳабси Эргашев бояд ҳушдоре ба мақомоти Олмон бошад... то фиристодани фаъолони осоиштаи мухолифонро ба зиндон дар Душанбе билофосила бас кунад,” – афзуд ӯ.

Дилмурод Эргашев
Дилмурод Эргашев

Намояндагони чор созмонӣ байнулмилалӣ аз мақомоти Олмон хостаанд, шеваи ихроҷи Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон таҳқиқ кунанд. Кишваре, ки хатари шиканҷа шудан ба ӯ таҳдид мекард.

Дилмурод Эргашеви 40-сола рӯзи 28-уми октябр дар Олмон дастгир шуд. Ӯ сездаҳ соли охир дар ин кишвари аврупоӣ зиста, ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.

Дар ҳоле ки худаш, намояндагони мухолифон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ширкати ӯро дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Берлин далел меоварданд, мақомоти Олмон онро кӯшиши барҷаста кардани парвандааш донистаанд.

Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

"То феврали 2025." Муҳлати ҳабси 4 гумонзади ҳамла ба "Крокус" дароз шуд

Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов
Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав бо дархости муфаттишон ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" гумонзад ҳастанд, то се моҳи дигар дароз кард.

Қарор рӯзи 19-уми ноябр эълон шуд.

Тибқи он, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов то 22-юми феврали соли 2025 дар Боздоштгоҳ хоҳанд монд.

Ҳар чори онҳо рӯзи сешанбе завлона ба даст дар мурофиа ҳузур доштанд. Дар наворе, ки масъулони Додгоҳ нашр карданд, танҳо лаҳзаи эълони қарор сабт шудааст, аммо назару мавқеи гумонзадҳо маълум нест.

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти имсол рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст. Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад.

Баъзе аз гумонзадҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.

Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест. Волидони баъзе аз онҳо, аз ҷумла модари Далерҷон Мирзоев, ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки дар бораи дастрасии фарзандонашон ба вакили дифоъ хабар надоранд ва ним сол боз аз имкони дидани онҳо маҳруманд.

САИДАКРАМ РАҶАБАЛИЗОДА

Мақомоти Русия Саидакрам Раҷабализодаро рӯзи 23-юми март дастгир карда, дар аввал барои ду моҳ (то 22-юми май) ба ҳабс гирифта буданд. Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар аввали моҳи январи соли 2024 барои кор ба Русия рафт, аммо "тақрибан се моҳ на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод".

Манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфта буданд, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт.

Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”

Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягон ҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”

МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ

Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба Додгоҳи ноҳияи Басманни оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Ҳангоми амалиёти боздошт як чашмаш осеб дидааст.

Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. "Писарам шахси мазҳабӣ набуд, намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард," -- нақл карда буд ӯ.

Дар аксу наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-и русӣ Муҳаммадсобир Файзов гоҳе бо риш ва дар бархе маврид бидуни риш ҷавони шод ва коргари хуб тасвир ёфтааст. Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ низ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.

ДАЛЕРҶОН МИРЗОЕВ

Далерҷон Мирзоеви 32-сола аз деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 23-юми марти имсол дар Брянск боздошт шуд. Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.

Ба нақли наздиконаш, ӯ шаш моҳ пеш аз ҳодиса ба Русия рафта, дар хонаи амакбачааш дар Новосибирск мезист ва таксӣ меронд. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул будааст.

Модараш, Гулракат Мирзоева, гуфта буд, ки бовар надорад, ӯ дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.

ФАРИДУНИ ШАМСИДДИН

Мақомоти Русия мегӯянд, номи Фаридуни Шамсиддини 25-сола дар "рӯйхати террористон ва ифротгароён" дар ин кишвар сабт шудааст. Аз шаҳри Ҳисор аст. Рӯзи 23-юми март дастгир карданд.

Дар навори бозпурсии мақомоти Русия Фаридуни Шамсиддин дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносон ба дурустии он шубҳа карданд.

Шабакаҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд. Бахши русии Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот бо такя ба саҳифаҳои Фаридуни Шамсиддин дар шабакаҳои маҷозӣ маълум кардааст, ки ӯ чанд аксе аз ҳузураш дар Истанбули Туркия нашр карда ва номашро дар бархе шабакаҳои маҷозӣ Абдулло гузоштааст.

Фаридуни Шамсиддини дар соли 2014, замони таҳсил дар синфи 7-уми як мактаби миёнаи Ҳисор бо гумони озори ҷинсии ноболиғи 6-сола боздошт ва шаш сол зиндонӣ шудааст. Соли 2020 аз зиндон раҳо ва пас аз ду сол оиладор шуд. Ҳоло як тифли даҳмоҳа дорад. То рафтан ба Русия дар шаҳри Ҳисор дар нонвойхонае кор мекардааст.

Хешовандони Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоба мегӯянд, пас аз раҳо шудани аз зиндон дар рафтору кирдори ӯ амалкардҳои ғайриинтизореро мушоҳида накарда буданд.

Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик -- барандаи ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ

Манучеҳр Холиқназаров
Манучеҳр Холиқназаров

Ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик Манучеҳр Холиқназаров ва Жоля Порсӣ, ҳомии ҳуқуқи занон дар Афғонистон, барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шуданд. Бархе инро ҷоизаи Нобел дар бахши ҳуқуқи башар меноманд.

Ғолибони ин ҷоиза рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария, эълон шуданд. Созмондиҳандагон гуфтанд, Холиқназаров ва Порсӣ ҳифзи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба рисолати ҳаёти худ табдил доданд.

Ин ду нафар "бо вуҷуди кор дар муҳити саркӯбгарона, ҷасорати истисноӣ ва қатъият нишон доданд ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузоштанд".

Жоля Порсӣ, як омӯзгор аз шаҳри Кобул аст, ки борҳо алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи "Толибон" болои занон эътироз кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумати "Толибон" ба Порсӣ иҷозаи сафар ба Швейтсария медиҳад ё не.

Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ӯро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ паси дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукмро беасос донистанд.

Арзонтар аз дигарон. Имтиёзи ҳукумати Тоҷикистон ба "Азот"

Корхонаи "Азот". Моҳи апрели соли 2023
Корхонаи "Азот". Моҳи апрели соли 2023

Ҳукумати Тоҷикистон ба Корхонаи нуриҳои "Азот" (заводи пешини нуриҳои азотии Вахш), ки соҳибаш эълон нашудааст, имтиёз додааст. Қарори ҳукумат 30-юми октябр баромада, Радиои Озодӣ 11-уми ноябр бо он шинос шуд.

Бар асоси ин қарор, “Азот” аз ин баъд ҳар киловат/соат нерӯи барқро ба 30,75 дирам мехарад. То ин вақт нархи як киловат/соати барқ барои ин корхона 46,40 дирам буд. Корхонаҳои дигари истеҳсолии Тоҷикистон барои ҳар киловат/соати барқ 70,35 дирам месупоранд.

Танҳо “Талко” ва Комбинати металлургии Тоҷикистон барқро аз дигарон арзонтар мегиранд. “Талко” давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз аз сӯи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ба ширкати “Фароз” ягон робита надоранд.

Корхонаи нуриҳои “Азот”-ро соли 2022 ширкати “Осиё Кемикал” харид ва як сол баъд фаъол шуд. Номи соҳиби ширкате, ки “Азот”-ро харид, маълум нест ва дар борааш дар интернет маълумоти зиёд ҳам вуҷуд надорад.

“Азот” соли 1967 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шудааст. Ин корхона борҳост, аз даст ба даст мегузарад.

Корхонаи "Азот"
Корхонаи "Азот"

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин корхонаро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба сармоягузори украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, тааллуқ дошт, давлатӣ кард. Солҳои 2016-2019 ин корхона дар ихтиёри як ширкати чинӣ буд, аммо ҳукумат онро дубора бозпас гирифт.

Паст кардани нархи барқ барои “Азот” ягона саховатмандии ҳукумат барои соҳибони нави корхона нест. Соли 2022 порлумон "Осиё Кемикал", соҳиби ширкати “Азот”-ро то 5 сол аз пардохти "андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ" озод карда буд. Ҳамчунон мутахассисоне, ки ширкат аз хориҷ даъват мекунад, аз пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ва ҳатто гирифтани иҷзатномаи кор дар Тоҷикистон озоданд.

Додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез буда, наздикии бархе аз онҳо бо хонаводаи президенти Тоҷикистон шубҳаеро ба миён овардааст, ки ширкатҳои дигар низ ба ин оила рабт доранд.

Чин эътироф кард, ки як шаҳрвандаш дар Тоҷикистон кушта шудааст

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамлаи мусаллаҳонаро ба шаҳрвандонаш дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сахт маҳкум карда, аз Душанбе хостааст, ки ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ кунад.

Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми ноябр бо такя ба манобеаш гузориш дод, ки бар асари ҳамла дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон) як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар (чор чинӣ ва як сокини маҳаллӣ) захмӣ шуданд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надодаанд, Пекин хабарро тасдиқ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.

Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд. Хабаргузории “Франс Пресс” навишт, ки кормандони сафорати Чин дар Душанбе барои таҳқиқ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки чиниҳо дар дараи Зарбуз корҳои иктишофӣ анҷом медоданд. Дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон корхонаи нави тило номнавис шудааст.

Ду манбаи огоҳ аз қазия гуфтанд, ҳамла "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст. Ангезааш маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз ҳодиса чизе нагуфтаанд.

Марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр дарозӣ дорад, аз қитъаи назораташ мушкили сарҳади Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар гузашта дар марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гаравгонгирӣ ва ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва сарҳадбонҳо сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки дар пайи ҳамла дар марз як шаҳрванди Чин кушта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир ҳамла ба коргарони чинӣ дар Покистон афзудааст. Мақомоти Покистон ва Чин моҳи октябри имсол эълон карданд, ки дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ду коргари чинӣ кушта ва дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Сафорати Чин таркишро "ҳамлаи террористӣ" хонд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти Тоҷикистон аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Онҳо соли 2023 аз чанд мавриди убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми августи соли гузашта аз кушта шудани се узви гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод. Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи мустақил мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.

Рухшод Ашӯрбекова, раиси "Рушди Помир", 12 сол зиндонӣ шуд

Рухшод Ашӯрбекова
Рухшод Ашӯрбекова

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рухшод Ашӯрбекова, раиси созмони қарздиҳии “Рушди Помир”-ро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст. Ду зердасти ӯ, Мурид Мавлоназаров 11 сол ва Умайра Ниёзова 10 сол, аз озодӣ маҳрум гаштанд. Мурид Мавлоназаров солҳои дароз муҳосиби созмони "Рушди Помир" будааст.

Тафсилоти парванда ва ҳукми онҳо маълум нест. Кӯшиши мо барои гирифтани иттилоъ аз Додгоҳи ВМКБ низ то ин дам бенатиҷа буд.

Чанд манбаи огоҳ ва аз ҳам ҷудо рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Рухшод Ашӯрбекова ва зердастонаш ба “азхудкунӣ ё исрофкорӣ” (қисми чори моддаи 245-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шудаанд. Дақиқ нест, ки худи онҳо дар ҷараёни мурофиа иттиҳомро пазируфтаанд ё не.

Ҳукм рӯзи 16-уми ноябр эълон шудааст.

Ёфтаҳои Радиои Озодӣ баёнгари онанд, ки мурофиаи Рухшод Ашӯрбекова моҳҳо ва дар чанд додгоҳ идома кардааст. Номи ӯ дастикам ду дафъа (моҳи декабри соли 2023 ва моҳи феврали соли 2024) дар торнамои Додгоҳи ноҳияи Сино ва дар рӯйхати онҳое зикр шудааст, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист.

Рухшод Ашӯрбекова 58-сола аст ва аз соли 2011 раёсати созмони “Рушди Помир”-ро бар уҳда дошт. Ин созмон, ки аз тарафи Бунёди Оқохон мадади молӣ медид, ба сокинони ниёзманд барои рушди кишоварзӣ ва бахшҳои дигар қарз медод.

Амран Мусифшоев, писари Рухшод Ашӯрбекова, соли 2021, пас аз нооромӣ дар Хоруғ дастгир ва моҳи феврали соли 2022 зиндонӣ шуд. Вай мураббии муҳорибаҳои омехта ё ММА аст.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи се созмони мухолиф дар Аврупо, гуфт, "то ҷое Рухшод Ашӯрбековаро мешиносам, инсони покиза буд. Тайи чанд сол, ки дар Хоруғ будам, нашунидам, ки пулеро аз худ карда бошад. Фаъолияти мусбат ва коршоямии ӯро ба назар гирифта, соли 2011 масъули ин созмон таъйин таъйин карданд."

Ӯ ҳукми Рухшод Ашӯрбековаро "идомаи фишор ба кори созмону ширкатҳои вобаста ба Бунёди Оқохон" дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон донист.

Аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, ки боис ба боздошту ҳабси даҳҳо фаъоли мадании ВМБК гардид, чанд муассисаи вобаста ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон давлатӣ шуда, ё номашро дигар кардааст.

Моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард. Литсейи Оқохон 25 сол фаъол буд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, як сабаби давлатӣ кардани литсей ин буд, ки "берун аз нақшаи таълимӣ кор мекард ва муҳассилони он забони тоҷикиро намедонистанд." Намояндагони созмони Оқохон дар Хоруғ ин иддаоро беасос донистанд.

Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соле пеш хоста буд, ки як қарори раиси шаҳри Хоруғ (аз соли 2018) ва иҷозатномаи давлатӣ (аз соли 2019) дар пайванд ба Маркази тиббии Оқохон беэътибор дониста шавад. Маркази тиббии Оқохон (Aga Khan Medical Centre) ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) аст. Он соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд.

Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд. Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил табдил дода шуд.

Бунёди Оқохон то кунун дар бораи амалкарди мақомот дар Бадахшон ва давлатӣ шудани амволи зерсохторҳояш дар Тоҷикистон расман чизе нагуфтааст. Созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Афви Байнулмилал (Amnesty International), аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин мавридҳоро таҳқиқ кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG