Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 сол зиндон – ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар шаҳри Маскав рӯзи 23-юми октябр як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Акмалҷон Аҳроров гумонбари охирин дар парвандаи кӯшиши таркондани бинои ФСБ ё Хадамоти федеролии амният дар соли 2022 дар пойтахти Русия номбар шудааст.

То кунун дар доираи ин парванда ҳашт нафарро аз 12 то 22 сол ҳабс карданд. Пештар вакилони мудофеи баъзе аз гумонзадҳо парвандаро сохта номида буданд.

Акмалҷон Аҳророви 24-соларо барои узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва сармоягузории терроризм гунаҳкор донистаанд. Дар додгоҳ гуфта шудааст, ки ӯ баъди огоҳӣ аз ҳабси шариконаш ба Туркия рафта, гуё дар он ҷо дар урдугоҳи “Давлати исломӣ” дарс гузашту барои интиқомгирӣ ба Русия баргашт, вале боздошт шуд.

Тафтишот, инчунин, гуфт, Аҳроров пули хонаи иҷораи маҳкумшудаҳои дигарро дар Маскав пардохт карда, барои таълими онҳо пул ва муҳимотро фароҳам овардааст.

Маълум нест, то куҷо ҳамаи ин иттиҳомҳо дуруст ва воқеӣ мебошанд, чун дар боздоштгоҳҳои Русия шиканҷваву бадрафторӣ бо гумонбаршудаҳо, бахусус шаҳрвандони хориҷие ба мисли тоҷикистониҳо, як таҷрибаи маъмул аст.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки Аҳроров гуё дар додгоҳ ба гуноҳ иқрор шудаву изҳори пушаймонӣ кардааст. Ин ҷавони 24-сола хатмкардаи литсейи президентӣ ва коллеҷи техникӣ будааст.

XS
SM
MD
LG