Мутахассисон мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон, то ҳанӯз дар Тоҷикистон як низоми устувори зидди ин падида сохта нашудааст. Ба ақидаи онҳо, аз як сӯ заъфи ниҳодҳои мавҷуда нақши амиқ дошта бошад, аз сӯи дигар афзоиши муҳоҷират ва вазъи мушкили иҷтимоии хонаводаҳо ба зиёд шудани ҳодисаҳои қочоқи инсон сабаб гаштааст.
Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, намояндаи Кумитаи кор бо занон дар ҳошияи ҷаласаи кории «Ҷилавгирӣ аз қоҷоқи инсон дар Тоҷикистон», ки рӯзи 8-уми октябр доир шуд, ба радиои Озодӣ гуфт, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 17 мавриди харидуфуруши инсон сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта шаш маврид бештар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат мардону занон ва кӯдакон қурбонии қочоқ шудаанд. Мардҳо дар ҷустуҷӯи кор ба Русия сафар мекунанд ва бештар ин ҷо ба ғуломии гурӯҳҳои ҷиноӣ меафтанд, аммо занон бештар фирефтаи ваъдаи қочоқбарони кишварҳои арабӣ гашта, дар он ҷо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ қарор ёфтаанд. Дар Тоҷикистон талош ба ин аст, ки аз чунин ҳодисаҳо пешгирӣ шавад. Ҷаноби Мирзоаҳмадов гуфт, чанд муддат пештар низ як ҳодисаи харидуфуруши инсон дар шаҳри Хуҷанд ошкор карда шудааст, ки як шаҳрвандони Тоҷикистон мехост, ду зани тоҷикро ҳамчун қочоқ ба берун аз қаламравӣ кишвар барад. Вале ӯ аз суи дигар кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуд. Гуфта мешавад ҳоло нисбати нафари боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Қиёмиддин Миралиев, як масъули кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон, ки феълан котиби гурӯҳи кории коммиссияи байниидоравии «Мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон»-ро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, ахиран ин падида густариш меёбад, ки ҳолатҳои қочоқи инсон бештар дар ноҳияҳои наздимарзӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории онҳо миёни аҳолии ин манотиқ кор мебарад.
Ҳарчанд ба бовари Миралиев, қурбониёни қочоқи инсон, бештар занону кӯдакон ва ҷавонон ҳастанд, аммо шеваи интиқоли онҳо вобаста ба майлашон гуногун аст. Вай мегӯяд, барои мисол ба Русия бештар онҳое қурбонии қочоқ мешаванд, ки майли муҳоҷирати меҳнатиро доранд. Аз сӯи дигар, давлатҳое ки дар онҷо шаҳрвандони мо қочоқ шуданд, ин Имороти Муттаҳидаи Араб, Русия, қисман Чин ва кишварҳои Афғонистону Эрон мебошад. Ба андешаи вай, ин қишри ҷомеа барои он бештар қурбонии харидуфурӯш мегарданд, ки аз назари иҷтимоӣ нисбатан «ёзанда» будаанд.
Аммо талошҳои пешгирӣ на ҳамеша бобароранд. Дилбар Бобокалонова, раҳбари созмони "Зан ва Замин" ба радиои Озодӣ гуфт, занону духтарон дар орзӯи ҷои кор ва маоши хуб ба доми одамрабоён меафтанд. Вай нақл кард, ки ду нафар хоҳарон барои кор ба Арабистон мераванд. Ӯ мегӯяд: "Аслан онҳоро як нафар бо ваъдаи маоши хуб мебарад. Вале вақте ки онҳо ба ҷои муаяншуда мераванд, онҷо тамоман гап дигар аст. Як система будаст, аз инҷо як нафар онҳоро равон мекунад аз он тараф каси дигар мегирад. То замоне ки ин духтарҳо фаҳмидан, ки ба доми қочоқбарон афтиданд аллакай дер шуда буд."
Ҳамчунин Дилбар Бобокалонова гуфт, ки феълан дар паноҳгоҳи «Shelter» дар Суғд чанд нафар аз занону духтароне ки қурбонии қочоқбарон шуданд, марҳалаи эҳёро ба сар мебаранд. Дар миёни онҳо низ ду марди тоҷик ҳам будаанд, ки дар Русия туъмаи қочоқбарон шуда, захмҳои равонӣ бардоштаанд.
Дар ҳамоиши «Ҷилавгирӣ аз қоҷоқи инсон дар Тоҷикистон», ки бо ширкати намояндагони вазоратҳои маорифу корҳои дохилӣ, ожонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, кумитаҳои кор бо занон ва оид ба корҳои дин баргузор шуд, ҳамчунин, барномаи маҷмӯии мубориза бо хариду фурӯши одам дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 баррасӣ шуд. Аммо зоҳиран, дар шеваи кори ин ниҳодҳо пешниҳоди наве ба миён наомад.